ВидеоМуҳоҷирон

НАХУСТИН ҲАВОПАЙМО АЗ КӮЛОБРО ДАР ФУРУДГОҲИ ОМСК “ОБШАПАК” КАРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 29 май дар фурудгоҳи шаҳри Омски Русия нахустин ҳавопаймо аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон омад. Дар хатти нишасти фурудгоҳи Омск ҳавопаймои ширкати S7 Airlines (“Сибирь”)-ро ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ истиқбол гирифта, аз ду тараф ба сӯи ҳавопаймо фаввораи обро сар доданд. Дар натиҷа ҳавопаймо бо мусофиронаш аз зери “арки обӣ”гузашт, ки хеле хотирмон буд.

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Омск бо нашри аксу видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, бо “салюти обӣ” ё “душ” пешвоз гирифтани ҳодисаҳои муҳим ва ҳамчунин нахустин парвозҳо аз ин ё он шаҳр дар бисёре аз фурудгоҳҳои дунё ба ҳукми анъана даромадааст ва бо анҷоми ин анъана умед мебанданд, ки парвоз дар ин ё он хатсайр дер давом кунад ва поянда бошад.

Парвозҳои чартерии ширкати S7 Airlines  бо хатсайри Кӯлоб — Омск то 26 июн пешбинӣ шудаанд. Идомаи ин парвозҳо ва ҳамчунин имкони парвозҳо аз Омск ба Кӯлоб низ дар дасти баррасӣ қарор дорад ва аз муваффақияти парвозҳои аввал аз Кӯлоб ва ҳамчунин аз тасмимҳои баъдии мақомоти ду кишвар дар бобати пандемияи коронавирус вобаста аст.

Русия аз 20 марти соли 2020 парвозҳо аз аксари кишварҳои дунёро ба далели коронавирус манъ кард ва ин боиси он шуд, ки соли гузашта садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон натавонистанд ба ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар кунанд.

Аз 1 апрели соли 2021 Русия ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Барои анҷоми парвозҳои мунтазам ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” иҷозат ба даст оварданд ва барои парвозҳои чартерӣ 4 ширкати русии “Северный ветер”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал”.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер” ва “Сибирь”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. “Сибирь” рӯзи 21 май аз нав барои анҷоми парвозҳо иҷозат гирифт, вале ба “Северный ветер” дигар иҷозати парвоз надоданд.

Мардум аз мақомот башиддат изҳори норозигӣ мекунанд, ки ду моҳ боз наметавонанд нархи парвозҳо ба Русияро пойин биоранд. Нархи парвозҳо  ҳоло аз 700 доллар то 1200 доллар барои як тараф аст, ки ин назар ба нархи чиптаҳо ба Русия аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон чанд маротиба (!!!) гаронтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button