ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНомаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА РАИСОНИ ҶАМОАТҲОИ ЧОРКӮҲ ВА ИСФАРА МОШИН ДОД (5 АКС)

Рӯзи 30 май аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара мошинҳои тамғаи “Нива” туҳфа кардаанд. Музаффар Юнусов, раҳбари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, ин мошинҳоро дар як маросим ба раисони ин ду ҷамоат Шукрилло Нариддинов ва Меҳринисо Раҳматова раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо сафари корӣ дар Исфара қарор дорад, супоридааст.

Ҳамчунин рӯзи 30 май аз номи раиси вилоят ба Идораи хоҷагии манзилию коммуналии Исфара се мошини хурди боркаши “Портер” тақдим кардаанд.  “Аз номи раиси вилоят барои ободонии Исфара” навишта шудааст дар тирезаи ин се мошин, ки аксҳояшро сухангӯи раиси Суғд Музаффар Юнусов дар Фейсбук нашр кардааст.

Музаффар Юнусов бо нашри як акси дигар аз мумфаршкунии роҳ навишт, рӯзи 30 май дар пайи тақдими 3 нақлиёти махсус ба идораи хоҷагии манзилию коммуналии Исфара тармими роҳи Чоркӯҳ – Сомониён дар наздикии марз бо Қирғизистон оғоз ёфт.

Тақдими мошин ба раисони ҷамоатҳо аз номи президент дар Тоҷикистон ба сари худ  ҳодисаи камназир аст, вале ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух ду ҷамоатеанд, ки дар маркази даргириҳои поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қарор доштанд.

Ёдовар мешавем, дар поёни апрел дар марзи се ҷамоати Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳонае сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта ва 154 нафар захмӣ гардида, аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар маҷруҳ шуданд. Ин задухӯрдҳо пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button