ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 30 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 30 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ҲАЛОКАТИ СЕ УЗВИ ЯК ОИЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА СӮИ СУРГУТ

БОЗ ЯК ПИСАРИ ЭШОНИ ҚИЁМИДДИН МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА РАИСОНИ ҶАМОАТҲОИ ЧОРКӮҲ ВА ИСФАРА МОШИН ДОД

ДУ ҶАВОНЗАН АЗ ЁҚУТИСТОН БА ЧАНД ТОҶИК ҚАЛБАКӢ “ШАВҲАР” КАРДААНД

10 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ОСЕТИЯИ ҶАНУБӢ БИЛОХИРА БЕРУН ОВАРДАНД

ДАСТУРИ УМУМӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК: БАЪДИ 15 ИЮН ЧӢ БОЯД КАРД?

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Шаби  29 ба 30 май як оилаи муҳоҷирони тоҷик – зану шавҳари ҷавон ва тифли ҳамагӣ сесолаи онҳо –дар шоҳроҳи Тюмен – Ханти-Мансийск дар ноҳияи Уват дучори садама ҳуда, ҳарсе ба ҳалокат расидаанд. Мурдаи ин зану шавҳари ҷавонмарг ва тифли ғӯрамарги онҳо феълан дар мурдахонаи шаҳри Тоболск қарор доштааст.

Дар ин бора  дар Телеграм-канали “02-Исфаринцы: бизнес и сотрудничество”, ки асосан барои муҳоҷирони корӣ аз Исфара дар Русия ташкил шудааст, хабар додаанд.

Муаллифи хабар  исми ҳарсе қурбонии садамаро низ нашр кардааст:

  1. Сафаров Комрон Неъматович, санаи таваллудаш 01.09.1995
  2. Мансурова Саёҳат Марифҷоновна, санаи таваллудаш 15.11.1994
  3. Сафарова Марям Комроновна, санаи таваллудаш 13.04.2018

Дар бораи ҳалокшудаҳо маълумоти бештаре ҳанӯз ба даст нарасидааст. Аз ҳамаи онҳое, ки ин се нафарро мешиносанд, хоҳиш шудааст, ки бо ин рақам тамос бигиранд:

+79125186341 Дилоромхон

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд.

Ва ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин маризиҳои гуногун аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд.

ххххххххххх

Эшони Қиёмиддин ва писараш Саидҳасан

Саидҳасан Ғозӣ, писари 34-солаи Эшони Қиёмиддин, як рӯҳонии маъруф ва яке аз сухангӯёни мухолифин дар солҳои 90, дар Тоҷикистон ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Саидҳасан Ғозӣ, ки соҳибкор буд, тақрибан ду моҳ пеш ҳамроҳи ду бародари дигараш дастгир шуда буд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, мақомот баъди чанде бародарони ӯро озод карданд, вале Саидҳасанро ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла хиёнат ба Ватан ва ҷосусӣ барои Эрон айбдор карданд.

Саидҳасан Ғозӣ ҳамроҳи 4 бародари дигараш – Саидмуҳаммад, Саидмуҳаммадӣ, Саидҳусейн ва Саидяҳё моҳи июли соли 2020 низ дастгир шуда буд. Аксари онҳо баъдан озод шуданд, вале додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2020 Саидмуҳаммадро, ки 44 сол дошт, бо ҷурми ҷосусӣ барои Эрон ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти ҳукми ӯ расман нашр нашудааст, вале манобеи огоҳ мегуфтанд, ки Саидмуҳаммади Ғозӣ аз ҷумла ба он айбдор дониста шуд, ки дар солҳои 90 ба фиристодани чанд ҷавони тоҷик ба Эрон ва гирифтани раводиди сафари онҳо кумак кардааст.

Эшони Қиёмиддин, ки яке аз сухангӯёни асосии митинги майдони Шаҳидон дар соли 1992 буд,  соли 2018 бо ҷурми хиёнат ба Ватан ва  ҷосусӣ ба манфиати Эрон ба 25 соли зиндон шуд. Додгоҳи олӣ моҳи феврали соли 2019 “бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд” ҳукми ӯро 18 сол кам карда, ба 7 сол фаровард. Аммо Эшони Қиёмиддин дар ошӯби хунини рӯзи 19 майи соли 2019 дар зиндони Ваҳдат кушта шуд. Гуфта мешуд, ки ошӯбгарон, ки пайравони ДОИШ, аз ҷумла писар ва бародари полковник Гулмурод Ҳалимов буданд,  маҳз барои  тағйири мазҳаб карданаш гулӯи Эшони Қиёмиддинро буриданд.

 Мақомот хабари боздошт ва 11 сол ҳукми зиндони инак боз як писари Эшон Қиёмиддинро шарҳ надодаанд, вале тарафдорони мухолифин ҳукми зиндони Саидҳасан Ғозиро ба таҳсилаш дар Эрон рабт медиҳанд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир даврони пуртанишеро паси сар мекунад. Душанбе Ҷумҳурии исломиро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор мекунад ва ба ин далел ба ҳайси яке аз кишварҳои асосгузор ҳатто ба пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай мухолифат кард.

Теҳрон Душанберо ба он айбдор мекунад, ки беш аз ду миллиард доллар пулҳои аз фурӯши нафти Эрон дуздидаи Бобаки Занҷониро пинҳон кардааст ва пас доданӣ нест. Бобаки Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон тиҷоратҳои зиёде боз карда буд, дар Эрон бо ҷурми фасод ба қатл маҳкум шудааст.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 30 май аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара мошинҳои тамғаи “Нива” туҳфа кардаанд. Музаффар Юнусов, раҳбари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, ин мошинҳоро дар як маросим ба раисони ин ду ҷамоат Шукрилло Нариддинов ва Меҳринисо Раҳматов раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо сафари корӣ дар Исфара қарор дорад, супоридааст.

Ҳамчунин рӯзи 30 май аз номи раиси вилоят ба Идораи хоҷагии манзилию коммуналии Исфара се мошини хурди боркаши “Портер” тақдим кардаанд.  “Аз номи раиси вилоят барои ободонии Исфара” навишта шудааст дар тирезаи ин се мошин, ки аксҳояшро сухангӯи раиси Суғд Музаффар Юнусов дар Фейсбук нашр кардааст.

Музаффар Юнусов бо нашри як акси дигар аз мумфаршкунии роҳ навишт, рӯзи 30 май дар пайи тақдими 3 нақлиёти махсус ба идораи хоҷагии манзилию коммуналии Исфара тармими роҳи Чоркӯҳ – Сомониён дар наздикии марз бо Қирғизистон оғоз ёфт.

Тақдими мошин ба раисони ҷамоатҳо аз номи президент дар Тоҷикистон ба сари худ  ҳодисаи камназир аст, вале ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух ду ҷамоатеанд, ки дар маркази даргириҳои поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қарор доштанд.

Ёдовар мешавем, дар поёни апрел дар марзи се ҷамоати Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳонае сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта ва 154 нафар захмӣ гардида, аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар маҷруҳ шуданд. Ин задухӯрдҳо пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.

ххххххххххххххххх

Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ дар ҷумҳурии Ёқутистони Русия аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ду ҷавонзани сокини шаҳри Якутск хабар дод. Ҷавонзани 27-солаи сокини улус, яъне ноҳияи Абий ва ҷавонзани 30- сола аз улуси Кобяй ба он ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби гуруҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ айбдор мешаванд.

Бар асоси маводи парванда, ин ду ҷавонзан дар ивази “мукофоти пулӣ” чандин бор бо шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷи қалбакӣ кардаанд.

 «Аз хидмати ин шаҳрвандони Русия хориҷиёне, ки дар Якутск ва Нижний Бестях ғайриқонунӣ зиндагӣ мекарданд, истифода бурда, сипас шаҳодатномаи ақди никоҳи худро ба мақомоти муҳоҷират ироа карда, иҷозати иқомати муваққат (РВП, разрешение на временное проживание) мегирифтанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Баъди буд шудани кори “домод” ин ду ҷавонзан ақди никоҳи худро бекор карда, дар пайи гирифтни “талоқ” дар ҷустуҷӯи “шавҳар” – нав мешуданд.

Додситонии Ёқутистон хулосаи айбдорӣ нисбат ба ин ду ҷавонзанро тасдиқ карда, парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст. Ба ин ду нафар бар асоси моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия барои ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби гуруҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то ним миллион рубл таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

10 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занону кӯдакон, ки муддати зиёде дар минтақаи эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ дармонда буданд, бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия билохира тавонистаанд Осетияи ҷанубиро тарк кунанд. Дар ин бора рӯзи 29 май дар гуруҳи фейсбукии «Мы-мигранты» ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Муҳаммад Собиров хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, сафорат барои берун овардани муҳоҷирони тоҷик аз мақомоти Русия хостааст, то барои онҳо як коридори транзитӣ бикушоянд.

 «10 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати зиёде дар Осетияи ҷанубӣ дармонда, имкони бозгашт ба Ватанро надоштанд, бо хоҳиши намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз ҷонииби мақомоти зисалоҳи Русия тавассути роҳи транихтӣ дар давоми 3 рӯз ба фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав оварда шуданд. Дар имтидоди роҳ  ин шаҳрвандон, ки дар байнашон занону кӯдакон низ буданд, бо ҷои хоб ва ҳамчунин бо ғизои комил таъмин карда шуданд», –  хабар додааст Муҳаммад Собиров.

Даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар ҷустуҷӯи ҷои кор худро ба минтақаҳои эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ва ҳамчунин ба нимҷазираи Қрим мезананд. Азбакски мақоми ҳуқуқии ин минтақаҳо баҳсбарангез аст, ин муҳоҷирон ҳангоми хуруҷ аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон дучори мушкилот мешаванд. Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби надонистани ҳассосияти масъала баъди 3 моҳи будубош дар Қрим барои  аз нав аз сари хат сар кардани муҳлати будубоши худ кӯшиш мекунанд, ки аз Қрим ба қисмати боқимондаи Украина бираванд. Бехабар аз он ки дар Украина онҳоро барои вуруди ғайриқонунӣ ба “минтақаи ишғолшуда”, яъне Қрим метавон ҷазои шадид бидиҳанд ва ҳатто ба зиндон биандозанд.

ххххххххххххххххх

Фирдавс Мухаммадиев  дар гуруҳи фейсбукии “Гражданское общество”  акси як маълумоти умумӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он ба ин муҳоҷирон қадам ба қадам фаҳмонда мешавад, ки баъди 15 июн барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия ба кадом идораҳо бираванд ва чӣ кор кунанд?

Ёдовар мешавем, аз 15 марти соли 2020 то 15 июни соли 2021 бо фармонҳои президенти Русия Владимир Путин, замони будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемия дар қаламрави Русия дармонданд, ба таври автоматӣ тамдид мешуд. Вале мақомоти Русия аз моҳи апрел ба ин сӯ доимо ҳушдор дода истодаанд, ки шояд ин шароити боимтиёз, ки ҳар се моҳ бо фармони нави Путин тамдид мешуд, баъди 15 июн дигар тамдид нашавад ва муҳоҷирон муваззаф мешаванд, ки дигарбора ба идораҳои муҳоҷират муроҷиат карда, будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон.

Мақомоти Тоҷикистон низ дар ин авохир батакрор он муҳоҷирони тоҷикеро, ки феълан дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳушдор дода истодаанд, ки то 15 июн худро дар идораҳои муҳоҷирати маҳалли зисти муваққати худ дар Русия сабти ном кунанд. Аз ҷумла намояндагии мақомоти муҳоҷирати  Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиронро ҳушдор дод, ки “агар шумо будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароред, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешавед”, 

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button