ВидеоМуҳоҷирон

ҲАЙФИ СЕ ҶОНИ ҶАВОН… ҲАЛОКАТИ СЕ УЗВИ ЯК ОИЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РОҲ БА СӮИ СУРГУТ

Шаби  29 ба 30 май як оилаи муҳоҷирони тоҷик – зану шавҳари ҷавон ва тифли ҳамагӣ сесолаи онҳо –дар шоҳроҳи Тюмен – Ханти-Мансийск дар ноҳияи Уват дучори садама шуда, ҳарсе ба ҳалокат расидаанд. Мурдаи ин зану шавҳари ҷавонмарг ва тифли ғӯрамарги онҳо феълан дар мурдахонаи шаҳри Тоболск қарор доштааст.

Дар ин бора  дар Телеграм-канали “02-Исфаринцы: бизнес и сотрудничество”, ки асосан барои муҳоҷирони корӣ аз Исфара дар Русия ташкил шудааст, хабар додаанд.

Муаллифи хабар исми ҳарсе қурбонии садамаро низ нашр кардааст:

  1. Сафаров Комрон Неъматович, санаи таваллудаш 01.09.1995
  2. Мансурова Саёҳат Марифҷоновна, санаи таваллудаш 15.11.1994
  3. Сафарова Марям Комроновна, санаи таваллудаш 13.04.2018

Дар бораи ҳалокшудаҳо маълумоти аз ин бештар ҳанӯз ба даст нарасидааст. Тафсилоти садамае, ки сабаби марги се узви як оилаи муҳоҷирони тоҷик шуд, низ то ҳол рӯшан нест. Танҳо гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо ба сӯи шаҳри Сургут раҳсипор будаанд.

Дар Телеграм-канали “02-Исфаринцы: бизнес и сотрудничество” аз ҳамаи онҳое, ки ин се қурбонии садамаро мешиносанд, хоҳиш шудааст, ки бо ин рақам тамос бигиранд:

+79125186341 Дилоромхон

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд.

Ва ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин маризиҳои гуногун аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button