ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДАСТУРИ УМУМӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК: БАЪДИ 15 ИЮН ЧӢ БОЯД КАРД?

Фирдавс Мухаммадиев  дар гуруҳи фейсбукии “Гражданское общество”  акси як маълумоти умумӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он ба ин муҳоҷирон қадам ба қадам фаҳмонда мешавад, ки баъди 15 июн барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия ба кадом идораҳо бираванд ва чӣ кор кунанд?

Ёдовар мешавем, аз 15 марти соли 2020 то 15 июни соли 2021 бо фармонҳои президенти Русия Владимир Путин, замони будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ба сабаби пандемия дар қаламрави Русия дармонданд, ба таври автоматӣ тамдид мешуд. Вале мақомоти Русия аз моҳи апрел ба ин сӯ доимо ҳушдор дода истодаанд, ки шояд ин шароити боимтиёз, ки ҳар се моҳ бо фармони нави Путин тамдид мешуд, баъди 15 июн дигар тамдид нашавад ва муҳоҷирон муваззаф мешаванд, ки дигарбора ба идораҳои муҳоҷират муроҷиат карда, будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро хеле зиёдтар аз арқоми воқеӣ мешуморанд.

Зарурати то 15 июн худро сабти ном кардани муҳоҷирон аз кишварҳои СНГ-ро як моҳ пеш муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар миён гузошт. Горовой рӯзи 16 апрел дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

“Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа. Ӯ аз мақомоти кишварҳои СНГ хост, барои ҳалли ин мушкил матбуот ва блогерҳои маҳаллиро ҳам ҷалб кунанд.

 Ба дунбол, раиси ҳизби «Справедливая Россия» ва раиси собиқи собиқи Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия Сергей Миронов дар саҳифааш дар Твиттер зимни шарҳи маълумоти ВКД дар бораи вуҷуди беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия мақомотро ба надоштани азму иродаи қотеъ барои ҳалли ин масъала айбдор кард ва аз онҳо хост, то  бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт накарда, онҳоро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

 «Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд.»

Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. «Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва маҳз муҳоҷирон бештар аз ҳама сабаби ин мешаванд!» – навишт ӯ дар Твиттер.

Аммо баръакси интизороти ин сиёсатмадор, ки бо шиорҳои миллатгароёна зоҳиран мехост дар арафаи интихобот шумораи тарафдорони худ ва ҳизби худро биафзояд, шиорҳои миллатгароёнаи Миронов мавҷи интиқодҳоро барангехт. Бисёриҳо навиштаанд, ки изҳороти Миронов саропо пур аз даъват ба барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодист.

Рӯзи 21 апрел Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе зимни натиҷагирӣ аз музокироти дурӯзааш пиромуни масоили муҳоҷирон бо мақомоти  Тоҷикистон хабар дод, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои қонунӣ кардани будубошашон то 30 июн фурсат дода мешавад. Онҳо то 30 июн бояд худро дар идораҳои муҳоҷират сабти ном карда, барои фаъолияти кориашон патент бигиранд.

«Русия ба парвозҳо аз Тоҷикистон аз 1 апрел иҷозат дод. Дар қарори ҳукумат №635 ба таври возеҳ навишта шудааст, ки баъди шурӯи парвозҳо барои сабти ном 90 рӯз дода мешавад, яъне аз 1 апрел то 30 июн. То 30 июн шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар қаламрави Русия қонунӣ гардонанд”, – таъкид кард Казакова. Раҳбари идораи муҳоҷирати ВКД Русия аз муҳоҷирон даъват кард, ки зинҳор ба миёнаравҳо муроҷиат накунанд, чунки онҳо метавонанд муҳоҷиронро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фиреб диҳанд, ки барои ин муҳоҷирон оқибатҳои, ба гуфтаи хонум Казакова, ногувор ба бор хоҳад овард.

Мақомоти Тоҷикистон низ дар ин авохир батакрор он муҳоҷирони тоҷикеро, ки феълан дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳушдор дода истодаанд, ки то 15 июн худро дар идораҳои муҳоҷирати маҳалли зисти муваққати худ дар Русия сабти ном кунанд.

Аз ҷумла намояндагии мақомоти муҳоҷирати  Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 май бори дигар муҳоҷирон ҳушдор дод, ки бо фармони президенти Русия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” аз 18 апрели 2020, №274 муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои иқомати муваққатӣ, барои иқомат ва патенти меҳнатӣ ба таври худкор (автоматӣ) дароз карда мешуданд. Ин шароити боимтиёз 15 июн ба анҷом мерасад.

Ба ин далел, Намояндагӣ аз ҳамаи муҳоҷирони корие, ки ҳоло дар Русия қарор доранд, вале ба кадом сабабе худро дар қайди мақомоти муҳоҷирати ин кишвар нагузоштаанд, вале ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳалномаи судӣ оид ба ихроҷ ва маъни воридот)  низ надоранд, хостааст, ки “ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гузошта, будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.”

“Агар шумо будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароред, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешавед”,  – таъкид шудааст дар ихтори Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия. Дар иттилоия афзуда мешавад, ки рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он мавҷуд аст ва муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар рӯйхатти сиёҳ афтодан ё наафтодани худро тафтиш кунанд.

Намояндагии муҳоҷират аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки дар сурати зарурати маълумоти иловагӣ ваё пеш омадани ҳар мушкил ҳангоми сабти номашон бо ин рақамҳо ба кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Федератсияи Русия ва минтақаҳои он муроҷиат намоянд:

1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;

2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;

5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;

6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;

7. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;

8. ш. Астрахан: +7(977)2720001.

E-mail:predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button