ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

ЧОЙНИКИ МАҲМАДАЛӢ ҲАИТРО БАРМЕГАРДОНАНД, ВАЛЕ РАДИОЯШРО НЕ. ГЕНЕРАЛ УМАРОВ ГУФТААСТ, БИГЗОР РАДИОИ ЗИНДОНРО ГӮШ КУНАД

Генерал Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 29 май Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари сиёсатмадори зиндонӣ Маҳмадалӣ Ҳаитро ба ҳузур пазируфта, аз се дархости оқои Ҳаит, ки тавассути ҳамсараш ба мақомот расонд, танҳо якеашро пазируфтааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ),  ки соли 2016 ба ҳабси умрбод маҳкум шуда, ҳукмашро дар боздоштгоҳ ё СИЗО №1 дар маркази Душанбе адо мекунад,  дар 6 моҳ танҳо ба як мулоқот бо наздиконаш ҳақ дорад. Дар дидори охирин бо ҳамсараш, ки рӯзи 22 май доир шуд, Маҳмадалӣ Ҳаит хостааст, то чанд арзашро ба мақомоти идораи зиндонҳо бирасонанд.

Сиёсатмадори зиндонӣ аз ҷумла хостааст, то ӯро аз як маҳбусе, ки бо ҷурми куштори чанд зан адои ҳукм мекунад, ҷудо кунанд ва бо бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд.  Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунин гуфтааст, масъулони зиндон чойники обҷӯшонии ӯ ва ҳам радиояшро ба ин сабаб, ки радиои Озодиро гӯш мекунад, гирифтаанд.

Вале генерал Умаров, ба гуфтаи Савринисо Ҷӯрабекова гуфт, рӯзи шанбе аз ин се дархост танҳо якеро пазируфта, ваъда додааст, ки чойники обҷӯшониро ба Маҳмадалӣ Ҳаит бармегардонанд.

“Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости иваз кардани ҳамҳуҷраашро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест”, – гуфт Ҷӯрабекова ба Радиои Озодӣ.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар қатори 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар он ошӯб дастгир шуд. Ӯ ва боз як муовини дигари раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ маҳкум ба ҳабси умрбод шуданд ва дар СИЗО №1 нигоҳ дошта мешаванд.

Соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал боздошт ва ҳукми зиндони абади Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ баровард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ин раҳбари мухолифонашро аз маҳбас озод карда, барои солҳои пушти панҷара ба сар бурдааш ба ӯ товон пардохт кунад.

Вале мақомоти Тоҷикистон аз иҷрои ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал даст кашида, гуфтанд, ки ки ӯ дар додгоҳ бар асоси далелҳои исботшуда маҳкум шудааст ва  дар қонунгузории Тоҷикистон механизми тағйири ҳукми додгоҳҳо бар асоси тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милалр аслан пешбинӣ нашудааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамеша, аз ҷумла дар додгоҳ парвандаи худро сирф сиёсӣ номида, муътақид аст, ки ӯро барои фаъолиятҳои оппозитсиониаш зиндонӣ кардаанд.

Маҳмадалӣ Ҳаит 20 октябри соли 1957 дар деҳаи Ғиждалободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, соли 1980 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Ӯ солҳои 80 дар Афғонистон дар саффи ГРУ, идораи ҷосусии ҳарбии Артиши Шӯравӣ хидмат карда, баъдан дар радиои Тоҷикистон кор кард. Соли 1990 ӯро ба далели нашри хабари истеъфои се роҳбари аввали вақти Тоҷикистон аз кор ронданд ва Маҳмадалӣ Ҳаит то соли 1992 сардабири нашрияи “Растохез” буд. Ӯ соли 1992 мудири радиои Тоҷикистон таъйин шуд, вале баъди ишғоли Душанбе аз сӯи нирӯҳои Фронти халқӣ барканор шуд.

Идораи зиндонҳои Тоҷикистон як дархости Маҳмадалӣ Ҳаитро пазируфта, дуи дигарро рад кардааст

Радиои Озодӣ


Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия (Идораи зиндонҳои Тоҷикистон) барои бозгардондани чойнаки чойҷӯшонии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини пешини раиси Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, розӣ шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум шудааст, ҳарчанд ӯву наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ донист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст ва онҳоро аз зиндон раҳо намекунанд.

Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, гуфт, рӯзи 29-уми май се арзу дархости шавҳарашро ба Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия расонд ва ӯ барои иҷрои яке аз онҳо ваъда додааст.

Хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит рӯзи 22-юми май бо ӯ дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и рақами яки Душанбе мулоқот доштаанд. Ҳаит дар ин дидор, ки дар ним сол як бор баргузор мешавад, аз завҷааш хостааст, се дархости ӯро ба масъулони зиндонҳо расонад.

“Дар як утоқ бо зиндонии гунаҳкор дар куштори чанд зан нишондаанд. Ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад. Аз маъмурони зиндон мехоҳад, ӯро бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд”, — гуфт Савринисо Ҷӯрабекова.

Ба нақли ӯ, Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунон гуфтааст, масъулони зиндон радио ва чойники обҷӯшонии ӯро гирифтаву бозпас намедиҳанд. Масъулони зиндон гуфтаанд, Ҳаит Радиои Озодиро гӯш мекунад ва аз ин рӯ дастгоҳашро мусодира карданд.

Ҷӯрабекова гуфт, рӯзи шанбе арзу дархостҳои шавҳарашро ба Мансурҷон Умаров, раиси Идораи зиндонҳо расонд: “Аз се дархост танҳо якеро пазируфт ва ваъда кард, ки чойники обҷӯшониро ба бармегардонанд. Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости дигарро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест.”

Ба гуфтаи пайвандон, аз тақрибан 200 узви зиндонии Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд, дар боздоштгоҳи муваққат (СИЗО) нигоҳ дошта мешаванд, ки шароиташ дар муқоиса ба зиндонҳо сахттар будааст. Онҳо соли 2015 дастгир ва соли 2016 ба ҳабс маҳкум шуданд.

Мақомот гуфтанд, ин афрод дар ошӯби нофарҷоми 4-уми сентябри соли 2015 даст доранд. Дар ин ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даҳҳо нафар кушта шуданд. Раҳбарони ҳизб, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани “дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор” номиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button