Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонФарҳанг

РАҲНАМО: ВОРУХ КУНУН БУЗУРГТАР АЗ ЯК ҶАМОАТ АСТ

ВОРУХ кунун бузургтар аз як ҷамоат аст,

Он меҳвари ҷамоату пайванди миллат аст.

Ё ЧОРКӮҲ низ дигар чор кӯҳ нест,

Он сангари баланди шукӯҳу шаҳомат аст.

Имрӯз ҳеҷ хоҷаву ҳоҷиву ҳуҷҷаташ,

Бар хоки пойӣ ХОҶАИ АЪЛО намерасад,

Ин ҷо барои хоки Ватан ҷон супурдаанд!!!

Ин аст он ғурур, ки гоҳо намерасад…

Абдуллоҳи Раҳнамо

ЗИЁРАТИ ИСФАРА

ВОРУХ кунун бузургтар аз як ҷамоат аст,

Он меҳвари ҷамоату пайванди миллат аст.

Ё ЧОРКӮҲ низ дигар чор кӯҳ нест,

Он сангари баланди шукӯҳу шаҳомат аст.

Имрӯз ҳеҷ хоҷаву ҳоҷиву ҳуҷҷаташ,

Бар хоки пойӣ ХОҶАИ АЪЛО намерасад,

Ин ҷо барои хоки Ватан ҷон супурдаанд!!!

Ин аст он ғурур, ки гоҳо намерасад…

Ин мардуми азиз ба хуни муқаддасаш,

Аз чеҳраҳои хастаи мо доғи нанг шуст,

Ин мардуми азиз ба хуни муқаддасаш,

Аз ғайрати нуҳуфтаи мо гарди занг шуст.

Ин мардуми бузург ба ҷони азизи худ,

Бар миллати бузург тавони дубора дод.

Ин мардуми бузург ба ҷони азизи худ,

Бар ваҳдату ғурур такони дубора дод…

Гар пештар барои ҳавою ғизои пок,

Меомадам ба Исфара баҳри саёҳаташ.

Имрӯз он мадинаи Байту-л-муқаддас аст,

Акнун равам барои тавофу зиёраташ.

Маънии Исфаранг, ки боғи биҳишт буд,

Инак намоди ғайрату номусу нанг шуд.

Дарёи Исфаранг Ватан гуфту ҷӯш зад,

Ҳар мавҷ як камон шуду моҳӣ наҳанг шуд.

Ворух дигар ҷамоату сарбанду об нест,

Он имтиҳони давлату номуси миллат аст.

Ҳам Чоркӯҳ низ дигар чор кӯҳ нест,

Он ҳамрадифи кишвару девори ваҳдат аст.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=538215007552435&id=100040918215563

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button