ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МОШИНИ “ҶИП” ДАР РОҲИ БАДАХШОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ (ВИДЕО)

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабти видеоии лаҳзаи сӯхтори як мошин дар роҳи Душанбе – Хоруғро фиристодаанд. Дар сабт дида мешавад, ки қисмати қафои мошин, ки ғолибан баки маводи сӯхташ дар ҳамин қисмат ҷойгир шуда буд, даргирифтааст ва аз ин қисмати мошин алангаи оташ ба осмон баланд мешавад. Ба гуфтаи  муаллифи видео, ҳодиса чанд рӯз пеш рӯй додааст, вале хушбахтона, касе осеби ҷисмонӣ надидааст. Ронанда ва мусофирон тавонистаанд сари вақт худро аз мошин берун андозанд ва аз дур, аз як ҷои амн чӣ гуна ба коми оташ рафтани “ҷип”-ро, ки мебоист онҳоро ба Хоруғ мерасонд, тамошо кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button