ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 29 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 29 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

БОЗОРИ “БАЛХ”-РО АЗ ОИЛАИ ҲАКИМ СОЛИЕВ ГИРИФТАНД

ДОД АЗ ДАСТИ “ТОҶПРОМБОНК”! ДОД АЗ ДАСТИ БОНКИ МИЛЛӢ! МУРОҶИАТИ МУШТАРИЁНИ “ТОҶПРОМБОНК” БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 ДУ БАРОДАР АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҚАТЛИ ЯК МАРДУ ЯК ЗАНИ ТОҶИК АЙБДОР МЕШАВАНД

АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ЯК НАВРАСИ ҒАРҚШУДА ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ҲУНДАЙОРТЕР”

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бозори машҳури “Балх”, воқеъ дар паси Раёсати БДА дар каронаи ғарбии шаҳри Душанбе ахиран моликашро иваз кардааст.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, бозори “Балх” аз ҷониби Ҳаким Солиев, собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, сохта шуда, аз ҷониби наздикони ӯ идора мешуд. Вале тақрибан 10 рӯз пеш хонаводаи Солиев ин бозори пурфоидаро ба намояндагони оилаи Зарифбек Давлатов, яке аз домодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон  супурдааст. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, аз ҷониби Давлатовҳо музокиротро дар мавриди гирифтани бозори “Балх” шахсан Шарифбек Давлатов, падари Зарифбек пеш мебурд.

Тафсилоти ин муомила дастрас нест ва маълум нест, ки оё бозор бо ризоияти тарафайн аз даст ба даст гузаштааст ё хайр? Ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ҷузъиёти ин муомиларо ошкор намекунанд ва аз суҳбат дар бораи шарту шурути он худдорӣ мекунанд.

Зарифбек Давлатов, зодаи деҳаи Меҳробод (собиқ Учқул)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, шавҳари дуюми Таҳмина Раҳмонова, духтари сеюми президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар Хадамоти гумрук кор мекунад. Хонаводаи Давлатовҳо як силсила тиҷоратҳои бузург, аз ҷумла як ширкати бузурги хонасозӣ, корхонаи қаннодии “Амирӣ” ва чанд бозор дар Душанбе ва атрофи онро дар ихтиёр доранд.

Ҳаким Ҳусайнович Солиев, ки низ зодаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакист, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба мақоми вазири савдои Тоҷикистон расида,  дар солҳои 90 вазири иқтисоду савдо ва яке аз аъзои пурнуфузи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт. Ӯро ҳатто яке аз спонсорҳои калидии Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ном мебурданд. Баъди рафтанаш ба нафақа Ҳаким Солиев то имрӯз раиси Шӯрои нозирони “Ориёнбонк”, дуюмин бонки бузургтарини Тоҷикистон мебошад.

Писари ӯ Алишер Солиев аз июни соли 2012 то декабри соли 2013, якуним сол дар мақоми раиси “Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои бузургу низомсози Тоҷикистон  кор карда буд, вале мушкилоти молиявии бонк боиси барканориаш гардид. Аммо баъдани рафтани Алишер Солиев низ ин бонк дигар ба худ наомад ва 21 майи соли 2021 Бонки миллӣ “Агроинвестбонк” ва ҳамин тавр, “Тоҷиксодиротбонк”, боз як бонки дар вақташ бузургу низомсозро барҳам дод.

хххххххххх

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки чандин сол боз пасандозҳои худро аз бонки расвошудаи “Тоҷпромбонк” пас гирифта наметавонанд, рӯзи 29 май, баъди онки ин дафъа низ ба ҳузури масъулони Бонки миллӣ  роҳ ёфта натавонистанд, ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатномаи видеоиеро сабт ва дар Интернет нашр кардаанд.

“Дод аз дасти “Тоҷпромбонк”! Дод аз дасти Бонки миллӣ!”, – мегӯяд Солиҳамоҳ Самадова, як зане, ки аз номи ин 4 нафар дар видео ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 ироаи кумакҳои давлатӣ барои наҷоти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро беҳуда дониста, ҳарду бонки буҳронзадаро барҳам дод. Дар ҳарду бонк аз ҳамон вақт мудирони махсус амал мекунанд. “Фононбонк” ахиран хабар дод, ки ҳисобу китобашро бо аксарияти мизоҷони худ анҷом додааст, вале даҳҳо тан аз онҳое, ки дар “Тоҷпромбонк” пул гузоштаанд, шикоят доранд, ки бо гузашти инак 4 сол аз замони барҳам додани ин бонк натавонистаанд пулҳои худро пас бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21 май Бонки миллии Тоҷикистон боз ду бонки дигар – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро низ барҳам дод. Дар ин ду бонк низ мудирони махсус таъйин шудаанд, ки бояд масъалаи ба мизоҷон баргардондани амонатҳояшонро ҳаллу фасл кунанд.

Вале бо дарназардошти ин ки масъалаи баргардондани пули мизоҷони бонки нисбат ба “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” хеле хурдтари “Тоҷпромбонк” инак 4 сол боз ҳалли худро пайдо накардааст, бисёриҳо ба ҳалли зуду фарогири масъалаи пасандозҳои мизоҷони ин ду бонки нави барҳамдодашуда бо назари шак нигоҳ мекунанд. Ёдовар мешавем, “Агроинвестбонк” наздики 28 ҳазор ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб 6 ҳазор муштарӣ доранд.

ххххххххххххххххх

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ду бародар аз Тоҷикистонро ба қатли ду ҳамватанашон айбдор мекунанд. Яке аз онҳо боздошт шуда, дуюмиро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Рӯзи 26 май дар кӯчаи 1-я Утиная дар ноҳияи Приморйеи шаҳри Санкт-Петербург мақомот аз даруни як ҷангал ҷасади шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро, ки 24 октябри соли 2020 бедарак шуда буд, пайдо карданд. Бо гумони даст доштан дар қатли ӯ як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дастгир шуда, ҳоло масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ баррасӣ мешавад. Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград гуфт, дар ин куштор бародари калонии нафари дастгиршуда низ даст доштааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, с.т. 1989, аз 11 январи соли 2021 таҳти ҷустуҷӯи федеролӣ қарор дода шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, ду бародар қурбонии худро ба ноҳияи Приморйе даъват карда, дасту пояшро бо арғамчин бастаанд ва сипас яке аз онҳо аз пойҳои ӯ доштаату дигарӣ гулӯяшро буғӣ кардааст. Баъди ҷон додани ҷавони тоҷик, қотилон ҷасади ӯро ба ҷангал бурда, зери хок кардаанд.

Ин ду бародар ҳамчунин ба он айбдор мешаванд, ки як рӯз баъд аз қатли ҷавони тоҷик, рӯзи 25 октябри соли 2020 боз  як зани 42-сола аз Тоҷикистонро бо айни шева куштаанд. Ҷасади нисфаш зери хок кардаи ин занро рӯзи 15 ноябри соли 2020 дар як ҷангал дар мавзеи Юнтоловои ноҳияи Курортний дар паҳлуи шоҳроҳи Коннолахтинское пайдо карданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, яке аз бародарони ин занро бо роҳи фиреб ба он ҷангал бурда, дасту пояшро дастааст. Сипас бародари ӯ бо бел ду маротиба ба сари зани бечора задааст. Баъди ин бародарон занро то мурдан буғӣ карда, ҷасадашро зери хок кардаанд.

Пулис тафсилоти дигари ин  ҷиноят ва сабаби куштани муҳоҷирони тоҷик бо дасти ҳамватанҳои худи онҳоро нашр накардааст. Исми қотилон ва қурбониён низ нашр нашудааст.

Ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Даҳҳо тани онҳо ҳар сол бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла бо дасти ҳамватанҳои худашон тарки дунё мекунанд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Нимаи дуюми рӯзи 27 май, соати 15:32 ба навбатдори фаврии Раёсати  Кумита дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки як наврас дар соҳили чапи дарёи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ вақти оббозӣ ғарқ шудааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, маълум карданд, ки як навраси16-сола аз деҳаи Сомони ноҳияи Синои пойтахтро ҳангоми оббозӣ маҷрои об ба байни дарё андохтааст ва ӯ дар рӯи яке аз садҳои бетонии даруни дарё дармонда, дигар шино карда,  мустақилона ба соҳил баргашта наметавонад.

Наҷотбахшон бо истифода аз васоили махсуси наҷотдиҳӣ арғамчин баста, худро то байни дарё расонданд ва ба тани наврас жилети наҷот пӯшонда, бо арғамчин бастанд ва то соҳил оварданд. Дар натиҷа, ба наҷотбахшон муяссар шуд, ки ин наврасро наҷот диҳанд ва волидонаш бисупоранд. Амалиёти наҷоти ин наврас 23 дақиқа тӯл кашида, соати 15:55 бомуваффақият анҷом ёфтааст.

КҲФ ёдовар шудааст, ки аз аввали соли 2021 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ алакай 34 нафар, аз ҷумла 14 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шудаанд. Дар робита ба ин КҲФ бори дигар аз сокинон хостааст, ки ҳангоми оббозӣ ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Рӯзи 28 май, соати 11:30, Абдураҳмон Нурмухаммедов, с.т. 2018, сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ зери чархи мошини “Ҳундай-Портер”, таҳти идораи Эшназаров Ҷумъаназар, сокини 33-солаи ҳамин шаҳрак монда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок шуда, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Марди 47-солаи сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 22-юми октябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии ҳамдеҳаи 62-солааш даромада, аз ӯ  бо ваъдаи ҷудо карда додани 6 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст, аммо то ҳол фиреб карда гашта, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

ххххххххххх

 Инчунин, зани 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки зани 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини Ваҳдат даромада, аз моҳи майи соли 2018 то моҳи апрели 2020  аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ҷамъ ба маблағи 41 500 сомонӣ, 7 400доллар ва 25 200-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Нозим Ҳикматро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда, пули гирифтаашро ҳам барнагардондааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button