ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ҲУНДАЙ-ПОРТЕР”

Рӯзи 28 май, соати 11:30, Абдураҳмон Нурмухаммедов, с.т. 2018, сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ зери чархи мошини “Ҳундай-Портер”, таҳти идораи Эшназаров Ҷумъаназар, сокини 33- солаи ҳамин шаҳрак монда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок шуда, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Марди 47-солаи сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 22-юми октябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии ҳамдеҳаи 62-солааш даромада, аз ӯ  бо ваъдаи ҷудо карда додани 6 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст, аммо то ҳол фиреб карда гашта, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

ххххххххххх

 Инчунин, зани 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки зани 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки Ваҳдат бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини Ваҳдат даромада, аз моҳи майи соли 2018 то моҳи апрели 2020  аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ҷамъ ба маблағи 41 500 сомонӣ, 7 400доллар ва 25 200-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Нозим Ҳикматро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда, пули гирифтаашро ҳам барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани хурдсол зери чархи “Хундай-Портер”

Рӯзи 28-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай-Портер”, Эшназаров Ҷуманазар Раҳмоналиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи мазкур хурдсол, Нурмухаммедов Абдураҳмон Бекмуродович, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати шаҳраки Гулистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Нурмухаммедов А.Б. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 22-юми октябри соли 2019, марди 47-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Аммо то ҳол фиреб карда гашта, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки аз моҳи майи соли 2018 то моҳи апрели 2020, дар кӯчаи Нозим Ҳикмат зани 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ҷамъ ба маблағи 41 ҳазору 500-сомонӣ, 7 ҳазору 400-доллари амрикоӣ ва 25 ҳазору 200-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Нозим Ҳикматро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button