ВидеоМуҳоҷирон

ДУ БАРОДАР АЗ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ПЕТЕРБУРГ БА ҚАТЛИ ЯК МАРДУ ЯК ЗАНИ ТОҶИК АЙБДОР МЕКУНАНД

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ду бародар аз Тоҷикистонро ба қатли ду ҳамватанашон айбдор мекунанд. Яке аз онҳо боздошт шуда, дуюмиро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Рӯзи 26 май дар кӯчаи 1-я Утиная дар ноҳияи Приморйеи шаҳри Санкт-Петербург мақомот аз даруни як ҷангал ҷасади шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро, ки 24 октябри соли 2020 бедарак шуда буд, пайдо карданд. Бо гумони даст доштан дар қатли ӯ як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дастгир шуда, ҳоло масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ баррасӣ мешавад.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград гуфт, дар ин куштор бародари калонии нафари дастгиршуда низ даст доштааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, с.т. 1989, аз 11 январи соли 2021 таҳти ҷустуҷӯи федеролӣ қарор дода шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, ду бародар қурбонии худро ба ноҳияи Приморйе даъват карда, дасту пояшро бо арғамчин бастаанд ва сипас яке аз онҳо аз пойҳои ӯ доштаату дигарӣ гулӯяшро буғӣ кардааст. Баъди ҷон додани ҷавони тоҷик, қотилон ҷасади ӯро ба ҷангал бурда, зери хок кардаанд.

Ин ду бародар ҳамчунин ба он айбдор мешаванд, ки як рӯз баъд аз қатли ҷавони тоҷик, рӯзи 25 октябри соли 2020 боз  як зани 42-сола аз Тоҷикистонро бо айни шева куштаанд. Ҷасади нисфаш зери хок кардаи ин занро рӯзи 15 ноябри соли 2020 дар як ҷангал дар мавзеи Юнтоловои ноҳияи Курортний дар паҳлуи шоҳроҳи Коннолахтинское пайдо карданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, яке аз бародарони ин занро бо роҳи фиреб ба он ҷангал бурда, дасту пояшро дастааст. Сипас бародари ӯ бо бел ду маротиба ба сари зани бечора задааст. Баъди ин бародарон занро то мурдан буғӣ карда, ҷасадашро зери хок кардаанд, вале чунон саросема будаанд, ки нисфи ҷасад аз хок берун мондааст.

Пулис тафсилоти дигари ин  ҷиноят ва сабаби куштани муҳоҷирони тоҷик бо дасти ҳамватанҳои худи онҳоро нашр накардааст. Исми қотилон ва қурбониён низ нашр нашудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд.

Ва ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин маризиҳои гуногун аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд, вале даҳҳо тани онҳо ҳар сол бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла бо дасти ҳамватанҳои худашон тарки дунё мекунанд.

В Санкт-Петербурге задержан подозреваемый в совершении убийств мужчины и женщины

Управление СК России по Санкт-Петербургу

 Следственными органами СК России по Санкт-Петербургу расследуются два уголовных дела, возбужденных по факту исчезновения без вести  мужчины и обнаружения тела женщины, по признакам преступлений, предусмотренных ч.1 ст. 105 УК РФ (убийство).

В результате проведения следственных действий и оперативно-розыскных мероприятий, следователями  совместно  с сотрудниками  ГУ МВД России по Санкт-Петербургу и Ленинградской области задержан 28-летний мужчина.  По версии  следствия, подозреваемый вместе со своим  братом, находящимся в розыске, на почве личных неприязненных отношений, 24 октября 2020 года в Приморском  районе  совершили убийство мужчины, тело которого  закопали  в лесном массиве, расположенном в близи 1-й Утиной улице.

              На следующий день, они в лесном массиве, расположенном у Коннолахтинской дороги  совершили убийство женщины,  тело которой закопали на месте происшествия.

           Решается вопрос об аресте подозреваемого   и предъявлении ему обвинения. Проводятся  мероприятия,  направленные на привлечение к уголовной ответственности соучастника подозреваемого. В ближайшее время уголовные  дела будут соединены в одно  производство.

     Расследование продолжается.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button