ИқтисодНомаҳо ба президент

ДОД АЗ ДАСТИ “ТОҶПРОМБОНК”! ДОД АЗ ДАСТИ БОНКИ МИЛЛӢ! МУРОҶИАТИ МУШТАРИЁНИ “ТОҶПРОМБОНК” БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (ВИДЕО)

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки чандин сол боз пасандозҳои худро аз бонки расвошудаи “Тоҷпромбонк” пас гирифта наметавонанд, рӯзи 29 май, баъди онки ин дафъа низ ба ҳузури масъулони Бонки миллӣ  роҳ ёфта натавонистанд, ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатномаи видеоиеро сабт ва дар Интернет нашр кардаанд.

“Дод аз дасти “Тоҷпромбонк”! Дод аз дасти Бонки миллӣ!”, – мегӯяд Солиҳамоҳ Самадова, як зане, ки аз номи ин 4 нафар дар видео ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад.

Пасандозгузорони “Тоҷпромбонк” мегӯянд, ки аз соли 2017 ба ин тараф инак се дафъа боз мудири махсуси ин бонкро иваз мекунанд, вале кори ин мудирони махсус, ки як вазифаи асосиашон ба муштариён баргардондани пулҳои дар “Тоҷпромбонк” гузоштаашон ном бурда мешуд, рӯшан нест. Онҳо бахусус аз Фирӯз Шарипов, ки ҳоло ба ҳайси мудири махсуси “Тоҷпромбонк” кор мекунад, зиёд интиқод карданд.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 ироаи кумакҳои давлатӣ барои наҷоти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро беҳуда дониста, ҳарду бонки буҳронзадаро барҳам дод. Дар ҳарду бонк аз ҳамон вақт мудирони махсус амал мекунанд. “Фононбонк” ахиран хабар дод, ки ҳисобу китобашро бо аксарияти мизоҷони худ анҷом додааст, вале даҳҳо тан аз онҳое, ки дар “Тоҷпромбонк” пул гузоштаанд, шикоят доранд, ки бо гузашти инак 4 сол аз замони барҳам додани ин бонк натавонистаанд пулҳои худро пас бигиранд.

Онҳо мегӯянд, пули онҳоро соли 2017 бо қурби 7,99 сомонӣ барои як доллар ба пули миллӣ баргардонданд, вале ҳатто бо ин вуҷуд низ ҳар моҳ аз бонк ба онҳо ҳамагӣ аз 500 то 1000 сомонӣ медиҳанду халос.

Мирзосан Самадов, яке аз амонатгузорони “Тоҷпромбонк” рӯзи 29 май ба сомонаи “Бомдод” гуфт, “кормандони бахши амнияти Бонки миллӣ ба мо таҳдид карданд, ки агар як бори дигар ба Бонки миллӣ биравем, моро барои даъват ба зидди ҳукумат ба мақомот месупоранд. Охир, мо ба зидди давлат гап назадем, мо ба давлат кор надорем, фақат амонати худро талаб кардем. Мо аз раҳбари давлат хоҳиш дорем, ки ба доди мо бирасад.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21 май Бонки миллии Тоҷикистон боз ду бонки дигар – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро низ барҳам дод. Дар ин ду бонк низ мудирони махсус таъйин шудаанд, ки бояд масъалаи ба мизоҷон баргардондани амонатҳояшонро ҳаллу фасл кунанд.

Вале бо дарназардошти ин ки масъалаи баргардондани пули мизоҷони бонки нисбат ба “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” хеле хурдтари “Тоҷпромбонк” инак 4 сол боз ҳалли худро пайдо накардааст, бисёриҳо ба ҳалли зуду фарогири масъалаи пасандозҳои мизоҷони ин ду бонки нави барҳамдодашуда бо назари шак нигоҳ мекунанд. Ёдовар мешавем, “Агроинвестбонк” наздики 28 ҳазор ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб 6 ҳазор муштарӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button