ВидеоИқтисодТоҷикистон

БОЗОРИ “БАЛХ”-РО АЗ ОИЛАИ ҲАКИМ СОЛИЕВ ГИРИФТАНД

Бозори машҳури “Балх”, воқеъ дар паси Раёсати БДА дар каронаи ғарбии шаҳри Душанбе ахиран моликашро иваз кардааст.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, бозори “Балх” аз ҷониби Ҳаким Солиев, собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, сохта шуда, аз ҷониби наздикони ӯ идора мешуд. Вале тақрибан 10 рӯз пеш хонаводаи Солиев ин бозори пурфоидаро ба намояндагони оилаи Зарифбек Давлатов, яке аз домодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон  супурдааст. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, аз ҷониби Давлатовҳо музокиротро дар мавриди гирифтани бозори “Балх” шахсан Шарифбек Давлатов, падари Зарифбек пеш мебурд.

Тафсилоти ин муомила дастрас нест ва маълум нест, ки оё бозор бо ризоияти тарафайн аз даст ба даст гузаштааст ё хайр? Ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ҷузъиёти ин муомиларо ошкор намекунанд ва аз суҳбат дар бораи шарту шурути он худдорӣ мекунанд.

Зарифбек Давлатов, зодаи деҳаи Меҳробод (собиқ Учқул)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, шавҳари дуюми Таҳмина Раҳмонова, духтари сеюми президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар Хадамоти гумрук кор мекунад. Хонаводаи Давлатовҳо таҳти раҳбарии бародари Зарифбек – Шерзод Давлатов феълан як силсила тиҷоратҳои бузург, аз ҷумла як ширкати бузурги хонасозӣ, корхонаи қаннодии “Амирӣ” ва чанд бозор дар Душанбе ва атрофи онро дар ихтиёр доранд.

Ҳаким Ҳусайнович Солиев, ки низ зодаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакист, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба мақоми вазири савдои Тоҷикистон расида,  дар солҳои 90 вазири иқтисоду савдо ва яке аз аъзои пурнуфузи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт. Ӯро ҳатто яке аз спонсорҳои калидии Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ном мебурданд. Баъди рафтанаш ба нафақа Ҳаким Солиев то имрӯз раиси Шӯрои нозирони “Ориёнбонк”, дуюмин бонки бузургтарини Тоҷикистон мебошад.

Писари ӯ Алишер Солиев аз июни соли 2012 то декабри соли 2013, якуним сол дар мақоми раиси “Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои бузургу низомсози Тоҷикистон  кор карда буд, вале мушкилоти молиявии бонк боиси барканориаш гардид. Аммо баъди рафтани Солиеви хурдӣ низ ин бонк дигар ба худ наомад ва 21 майи соли 2021 Бонки миллӣ “Агроинвестбонк” ва ҳамин тавр, “Тоҷиксодиротбонк”, боз як бонки дар вақташ бузургу низомсозро барҳам дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button