ТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ҚИССАИ ХУРДИ ЯК ХИЁНАТИ БУЗУРГ: КӢ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОДРО БА ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНӢ БУД?

Нашрияи “СССР” дар матлабе бо номи “Қиссаи хурди як хиёнати бузург” аз қавли як шоҳиди айнии ҳодиса бо номи Маҷдаддин Уроқов бархе ҷузъиёти нақшаи ба ҳайъати Ӯзбекистон додани вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)-ро нашр кардааст.

Бино ба нақли Уроқов, 2 августи соли 1993 Абдулмаҷид Достиев, роҳбари дуюми он вақти Тоҷикистон барои кушодани нимпайкараи собиқ додситони кул Нурулло Ҳувайдуллоев ба ноҳияи Ашт омада, инҷо аз бародари калонии Иброҳим Кенҷаев мефаҳмад, ки “Човандоз пагоҳ сессия гузаронида, вилоятро ба Ӯзбакистон мегузаронад.” «Човандоз» лақаби Абдуҷалил Ҳомидов-раиси вилояти вақти Ленинобод буд.

Уроқов аз ҷумла нақл кардааст, ки Ҳомидов пули ноҳияи Айниро, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайваст, тарконд. “Воқеан ҳам дар он соат, Аслиддинов ном мӯсафеди ватанпараст, мардумро ҷамъ карда, рӯи кӯпрук мехобонад. Одамони Ҳомидов таҷаммуъи айнигиҳоро дида, қисмати холии пулро тарконида, фирор мекунанд. Ва агар Аслиддинов намебуд, вилояти Ленинобод пурра аз марказ бурида мешуд. Ин таркишро ба он рабт медоданд, ки «қадами ҷанг ба шимол нарасад». Вале дар асл онҳо тамоман дигар план доштанд: -Ленинободро ба ҳамсоякишвар таслим кардан!!! – нақл кардааст Уроқов.

Ҳомидов дар ҷараёни маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Ҳувайдуллоев ва сипас дар мулоқот дар мактаб кӯшиш кардааст, ки ба Достиев сухан надиҳад ва Рифъат Ҳоҷиев, собиқи котиби якуми ҳизби коммунисти вилояти Ленинободро бологузар кунад. Достиев аз ин ба қаҳр омада, бо Ҳомидов, ҳамсабақи собиқаш дар Донишкадаи кишоварзӣ, ба ту-ту мегузарад ва ӯро ба таркондани пули ноҳияи Айнӣ ва қасди ҷудо кардани Тоҷикистон айбдор мекунад.

Уроқов нақл мекунад, ки роҳбарони вилоят мехостанд бо ҳар роҳе Достиев ва дигар аъзои ҳайъати аз Душанбе омадаро зудтар гусел кунанд ва аз паси тараддуди иҷлосияи вакилони вилоят шаванд. Дар ин иҷлосия рӯзи 3 август мебоист масъалаи ба ҳайъати Ӯзбекистон гузаштани вилояти Ленинобод гузошта мешуд.

Достиев аз ҷумла мехост ба хонаи  Хоҷаназаров-депутати Шурои Олии Тоҷикистон, ки писарашро ҳафтае пеш ҳини қиморбозӣ дар чойхонаи Мастчоҳ кушта буданд, фотиҳахонӣ равад, вале

Ҳомидов ва шариконаш гуфтаанд, ки шумо бо чархбол ба Душанбе баргардед, мо аз номи Шумо дуо мекунем. Ин рафтори ишон шубҳаи Достиевро даҳчанд намудааст, ки инҳо дар ҳақиқат ба табаддулот омодагӣ дида истодаанд.

Достиев баъди ин гуфтугузор, ба Маҳмадназар Солеҳов, додситони кулли Тоҷикистон гӯшакӣ мекунад, ки ба пойтахт парида равад ва марказро аз ин дасиса хабардор кунад. Худаш меистад. 

Ҳомидов инро дида:

-Не, Шумо ҳам равед. Чаро меистед? -гуфта ноҳинҷор мешавад.

Вақте Достиев исрор мекунад, ки меистад, дар сероҳаи тарафи Хуҷанд, Ҳомидов мошинро манъ карда, амр медиҳад ки: “Меҳмонро хонаи хешу табораш сӯи Конибодом баред.” Зани Достиев аз Конибодом аст ва бо ҳамин баҳона мехостанд аз ӯ халос шаванд.

Ҳомидов баъди ин меафзоядд:

-Пагоҳ мо 1  маҷлисча дорем. Баъди маҷлис худам омада, ҳамчун меҳмони олиқадри ҳамсоякишвар Шуморо ба Душанбе гусел мекунем…

Вожаи «меҳмони ҳамсоякишвар» чун корд ба дили Достиев мехаладу дарк месозад, ки инҳо кайҳо гапро пазондаанд. 

Ин ҳама дам, Гулафзо Савриддинова депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва раиси собиқи шаҳри Исфара низ паҳлӯи Ҳомидов будааст.

Достиев дигар дид ҷои пӯшиш нест, ошкоро ба ҳуҷум гузашт:

-Абдуҷалил! Депутатҳо низ пагоҳ ба сессия меоянд?

-А, набошад чӣ?-бо таҳаййур гуфт Ҳомидов-албатта меоянд.

-Ин хел, ки бошад, чун муовини раиси Шӯрои Олии ҶТ ман бояд ҳатман дар сессия ширкат варзам!

Савриддинова пофишории Достиевро дида, кафида гуфт:

-Акоҷон, фурдоед аз мошин, равед хонаи хешотон, кора ба ҷанг накашед. Мо тарафи давлати орому бақувват, ки гузаштем, ба давлати шумо ёрдам мекунем…

Достиев бо кароҳат ба Савриддинова нигариста, сахт карда гуфт:

-Раҳмат, муаллимаю аммо тибқи қонунгузорӣ, бе раъйпурсии умумикишварӣ 1 ваҷаб хоки Тоҷикистонро касе гирифта наметавонад! – ва Достиев ҳақорате дастобиринҷӣ дод…

Бино ба нақли Маҷдаддин Уроқов, Қурбон Тӯраев, раиси вақти Истаравшан ва Сайшариф Шарифов, раиси ноҳияи Мастчоҳ мухолифи ба Ӯзбекистон гузаштани вилояти Ленинобод будаанд. Онҳо аз Достиев хоҳиш мекунанд, коре кунад, ки ин сессия баргузор нашавад. Рифъат Ҳоҷиев баракс пофишорӣ дошт, ки сессия баргузору Ленинобод «хориҷӣ» шавад.

“ Ӯ ва ҳаммаслаконаш калламушҳое буданд, ки нахустин шуда, киштии ғарқшударо тарк кардан мехостанд. Ва чӣ тарке? Онҳо бузургтарин минтақаи тинҷу амнро бо худ бурданӣ буданд”, менависад “СССР”.

Идомаи қисса аз нашрияи “СССР”:

Боби 7.  Дар кабинети обком

Онҳо ба дафтари кори раиси вилоят даромаданду Ҳоҷиев аз бари боло гузашта нишаст. Темурбой Мирхолиқов-собиқ котиби якуми обкоми вилоят, узви СеКа ва Бюрои Партияи Комунистии РСС Тоҷикистон, хаппу дам менишаст. Достиев дарк кард, ки наққоши ин тарҳи хоинона кист. Зимнан бо ангушт ба Рифъат ишора карда, сахт карда, пурсид:

-Абдуҷалил Ҳомидович, ин мӯсафед-Ҳоҷиев, ба кадом ҳайс бологузар аст ин ҷо?

Ва афзуд-то ҷое ман медонам, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, пири кор, аз н. Конибодом, Энаҷон Бойматова ин касро чанд пеш «Рифъат Ҳоҷиевич, Шумо хар ҳам не, Шумо хук, шулук, хуни мардумро макидагиед!-гуфта аз маҷлисе пеш карда буд…

Инфо барои андеша: Энаҷон Бойматова ( 1923 — 2011 ) – пахтакор, раиси колхози «Москва» -и ноҳияи Конибодоми РСС Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). устоди пахтаи Ҷумхурии Тоҷикистон (1967). 

Ҳомидови раҳматӣ, ки на тоҷикиро медонисту на русиро, маънии суханро нафаҳмида,  гуфт:

-Ин кас дадои ман!

Достиев:

-Фарзанд нохалаф бошад бок нест, вой агар падар нохалаф бошад!

-Абдуҷалил Салимович… маро таҳқир накунед!-гуфта, бо рангу рӯи парида, Ҳоҷиев хесту баромада рафт.

Боби 8. Дар сӯҳбати Самадов

Достиев дид, ки намешавад, бархосту гуфт:

-Ман очама хабаргирӣ меравам!

Ногуфта намонад, ки ӯ бо Абдуғафур Самадов муносибати хуб дошту зани он касро модархонд гирифта буд. 

Ҳомидов, ки қаблан ваъда карда буд, ки 200 мошин гумпомош ба Душанбеи ҷангзада мебараду ба ваъд бевафоӣ карда буд, чунин вазъро дида, гуфт:

-400 мошин мебарам ба Душанбе гумпомош, агар шумо рост пойтахтатон равед.

Ҳамин вақт Абдуманнон Исмоилов корманди дастгоҳи раиси вилоят даромада гуфт:

-Раисбобо келаду!

Самадов тоҷикиро аслан на медонист ва на гап мезад. Зимнан аз тарси ӯ-2 карат қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва «шефи мафияи маҳаллӣ» ҳама дар ҳузураш ӯзбекӣ гап мезаданд. Достиев низ ӯзбекиро ба дараҷаи олӣ медонист.

Самадов омада, Достиевро оғӯш гирифта гуфт, чаро маро хабаргирӣ наомадӣ? 

Ва пичиррос зад «Оғоз гапим бор!» (биё аввал гап занем). Ва дар бораи ҳамун аз Тоҷикистон бурридану ба Ӯзбекистон пайвастан сар кард. 

Достиев ба ӯзбакии тоза гуфташ:

-Отахон, вақте ёш будем, мӯсафедон мегуфтанд, ҷавонҳоро инсоф диҳад. Ҳоло ҷавонҳо бояд гуянд, ки Худо мӯсафедонро инсоф диҳад…

Самадов дур ба дароз ба андеша рафта, ахиран гуфт:

-Бачем, маро боб кардӣ. Мо хато кардем. Нав фикр кардам, ки чӣ хатое нобахшиданӣ…

Инфо барои андеша: Абдуғафур Самадов (1909 — 1996) — пахтакори саршинос, раиси к/зи ба номи Ленини н. Ҷаббор Расулови вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон, СССР, 2 карат қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1957, 1979).

Хулласи калом баъди чанде сӯҳбату баҳсҳо «сессияи ҳомидовӣ» баргузор нашуду 100 шукри Худо, ки ин хиёнаткорон ба мақсади нопоки хеш нарасиданд.

Баъдан, таври маълум, Ҳомидов ҳабс шуд ва дар яке аз зиндонҳои кишвар ҷон ба Ҳақ талсим кард.

Чаро инро навиштам? Зеро мардум баъди 28 сол бояд номи хиёнаткоронро донанд, то фардо ба онҳо низ дар майдони фахрии Ситораҳо, дар паҳлӯи Файзулло Хоҷа, дар маркази Хуҷанд, нимпайкара намонанд…

Ман медонам, бархе аз тарроҳони ин хиёнат зиндаанд ва агар мехоҳанд номашон дар назди миллат ва давлати Тоҷикон сафед гардад, бояд худашон дар бораи ун хатояшон нависанд. Миллати мо мебахшадашон…”

Абдуҷалил Ҳомидов, ки аз соли 1992 то 1996 раиси вилояти Ленинобод буд, баъд аз шикасти шӯриши Маҳмуд Худойбердиев ба Ӯзбекистон фир кард. Декабри соли 2000 Ҳомидовро, ки барои дафни модараш омада буд, дар Хуҷанд дастгир ва ба 18 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ соли 2010 дар маҳбас аз олам чашм пӯшид.

Матраҳ будани масъалаи ба Ӯзбекистон додани вилояти Ленинободро Мунаввара Набиева, духтари президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев низ дар як мусоҳибаи ахираш бо Радиои Озодӣ эътироф карда буд:

…Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ мезад, намояндаҳои Ислом Каримов ба падарам суханони Ислом Каримовро расониданд, ки Ӯзбекистон метавонад ба Тоҷикистон дар ҳама масъала кумак кунад, вале бар ивази он бояд вилояти Ленинободро ба Ӯзбекистон бидиҳад. Албатта, ки падарам зидди ин кор буданд.

Радиои Озодӣ: Ин хеле ҷиддӣ аст ва инро падаратон бароятон гуфта буд?

Мунаввара Набиева: Не, ман худам инро шунидам, зеро онҳо ба ҳавлии мо омада, дар хонаи мо суҳбат карда буданд. Мо ҳама ҳамон ҷо будем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button