ВидеоМуҳоҷирон

ПУТИН МУҲОҶИРИ ТОҶИК ПАРВИЗ КАМОЛОВРО БО МЕДАЛ ҚАДРДОНӢ КАРДААСТ

Президенти Русия Владимир Путин муҳоҷири тоҷик  Камолов Парвиз Аҳроровичро, ки дар ноҳияи Шимскийи вилояти Новгород як хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардааст, бо ифтихорнома ва медали медали ««Барои саҳми холисона дар созмони имдодии «#МыВместе» сарфароз гардондааст.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо нашри ин хабар гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисдоди Русия  дар натиҷаи заҳмату талоши худ ба натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ва ситоиш ноил шуда истодаанд ва Парвиз Камолов низ “яке аз муҳоҷирони муваффақи тоҷик аст, ки дар Федератсияи Россия дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст

Намояндагӣ гуфт, “Парвиз Камолов аз таҷрибаи бойи андухта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Парвиз Аҳрорович дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад. Ин аст, ки заҳмату талошҳои ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Федератсияи Россия ба инобат гирифта, бо фармони Президенти Федератсияи Россия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.”

Гуфта мешавад, ки аз ҳосили заҳмати худ Камолов Парвиз барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактабитернатҳои минтақавӣ дасти кӯмак дароз менамояд ва аз ҷумла дар давраи пандемияи коронавирус ӯ барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд кумакҳо ироа кардааст.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, тақрибан як миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Пуле, ки онҳо ба Ватан мефиристанд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари оилаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2020, ки Русия марзҳояшро ба далели коронавирус баст ва садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба он кишвар рафта натавонистанд, аз Русия ба Тоҷистон ҳамагӣ 1,7 миллиард доллар пул интиқол ёфт, ки ин назар ба як соли қаблӣ 32 дарсад ё 800 миллион доллар камтар буд.

Представительство РТ в РФ по миграции

В.В. Путин муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ намуд

Миллати тоҷик аз азал бо созандагиву бунёдкорӣ ва заҳмату талошҳои пайвастааш дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихӣ тавонистааст, ки худро ҳамчун миллати фарҳангсолор, созанда ва бунёдгузор муаррифӣ намояд.

Ин аст, ки дар тӯли таърих ин миллат тавонист дар рушди илму фарҳанг, санъату маданият ва корҳои созандагиву бунёдкории халқҳои гуногуни олам, аз ҷумла халқҳои Осиё саҳмгузорӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созанда ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия садҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият ва таҳсилу зиндагӣ менамоянд, ки ин самараи муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Федератсияи Россия фаъолият намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Яке аз муҳоҷирони муваффақи тоҷик, ки дар Федератсияи Россия дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ин Камолов Парвиз Аҳрорович мебошад.

Номбурда аз таҷрибаи бойи андухта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Парвиз Аҳрорович дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад.

Ин аст, ки заҳмату талошҳои ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Федератсияи Россия ба инобат гирифта, бо фармони Президенти Федератсияи Россия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки аз ҳосили заҳмати худ Камолов Парвиз барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактабитернатҳои минтақавӣ дасти кӯмак дароз менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар давраи пандемияи коронавирус Парвиз барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд мадад намуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button