ВидеоМуҳоҷирон

МОРО ТУҲМАТ КАРДАНД… АЗ 9 ТО 17 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 5 ТОҶИК БО ҶУРМИ ОМОДАГӢ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 28 май додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар Маскав 5 зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар шаҳру вилояти Маскав ба муҳлати аз 9 то 17 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ гуфт, ин 5 нафар аз номи созмони террористии ДОИШ қасди анҷоми ҳамла доштанд. Вале ҳеҷ кадоме аз маҳкумшудагон ин иттиҳомро қабул накардааст.

Хабарнигори Интерфакс аз толори додгоҳ хабар дод, ки яке аз маҳкумшудагон баъди анҷоми мурофиа фарёд кашидааст ки: “Он чизе ки дар гардани мо заданд, мо накардем. Ин парванда ҳамааш бофта аст.” Вакили яке аз маҳкумшудаҳо гуфтааст, ки ҳеҷ кадоме аз маҳкумшудагон аз ҳукми содиршуда розӣ нест ва аз ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд.

Бо қарори додгоҳи ҳарбӣ, Нурулло Раҷабов, ки тафтишот ӯро раҳбари ин панҷгона мешуморад, ба 17 соли зиндон, Лутфулло Арабов  ба 15,  Мирзомаҳмуд Мирзоев ба 12,  Ниъмон Хоҷаев ба 11 ва Шодмон Шокиров ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳукми худро онҳо бояд дар колонияҳои низомашон сангин адо кунанд. Додгоҳ ин 5 зодаи Тоҷикистонро дар умум бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноятии Русия гунаҳкор шинохт: қасди ҳамлаи террористӣ (моддаи 30 бо қисми дуюми моддаи 205),  ташкили ҷамъияти террористӣ ва иштирок дар фаъолияти он (қисми дуюми моддаи 205.4) ва муомилоти ғайриқонунӣ бо тиру силоҳ (моддаи 222).

Ҷузъиёти парвандаро ба далели махфӣ буданаш дар додгоҳ ошкор накардаанд, вале ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, зодагони Тоҷикистон мехостанд ба ягон мошини боркаш болои издиҳоми мардум ҳамла кунанд ва ҳамчунин гӯё мехостанд ба қароргоҳи ГРУ дар шоҳроҳи Хорошевское дар Маскав ҳамла кунанд. НТВ хабар дод, ки ин 5 нафар ҳамчунин мехостанд ягон бонкро ғорат карда, пули гирифтаашонро ба Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба Абӯ Усомаи Норакӣ, яке аз ҷангиёни машҳури тоҷики ДОИШ бифиристанд. Абӯ Усомаро дар Тоҷикистон ба ҷалби беш аз 100 шаҳрванди тоҷик ба саффи ДОИШ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ба доми фиреби ӯ асосан муҳоҷирони корӣ дар Русия меафтоданд.

Ин 5 муҳоҷири тоҷик дар Маскав соҳиби як ошхонаи ғизоҳои миллӣ будаанж. Онҳоро кормандони ФСБ ҳанӯз 25 октябри соли 2018 дастгир карданд ва ин 5 нафар алакай 2 солу 7 моҳ боз пушти панҷара қарор доранд.

ФСБ гуфта буд, ки ҳангоми боздошт аз онҳо ду автомати Калашгников, тамғаи АК-47, пистолети травматикӣ ва парчами сиёҳи ДОИШ ёфт ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ин зодаҳои Тоҷикистон зери ҳамин парчами сиёҳ ба роҳбари ДОИШ байъат, яъне савганди садоқат ёд кардаанд. Вале дар додгоҳ ин 5 муҳоҷири тоҷик ғирев карданд, ки гуноҳе надоранд ва ба онҳо туҳмат задаву ин парвандаро ба зиддашон сохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button