ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: ХАТАРИ СЕЛ ТО 1-УМИ ИЮН БОҚӢ МЕМОНАД. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварр ҳушдор дод, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, то 1-уми июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобиовар боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо:

–  ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд

– ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд

– аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. 

–  ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд. 

Ҳушдори нави КҲФ дар пайи боришоти шадиди нимаи аввали моҳи май аст, ки боиси хароб шудани садҳо гектар замини кишт ва даҳҳо хонаву пул, сутунҳои барқ ва иншооти дигар гардид. Рӯзи 11 май бар асари сел 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафар дар Кӯлоб ва якнафарӣ дар Ҳисору Кушониён ва Вахш ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, рӯзи 17 май, бар асари ярч (фурӯ рафтани теппа) дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак, ҳалок шуданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навободи ноҳияи А.Ҷомӣ чӯкид ва 15 хонаю 100 гектар замин ба зери хок фурӯ рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button