ИқтисодМуҳоҷирон

ЯК ҲАФТА БОЗ САРГАРДОНАНД… ТАҶАММӮИ ДАҲҲО МУСОФИР ДАР ФУРУДГОҲИ ХУҶАНД (ВИДЕО)

Шаҳлои Гулхоҷа, хабарнигори Радиои Озодӣ дар саҳифааш дар Фейсбук видеои кӯтоҳеро нашр кардааст, ки аз фурудгоҳи Хуҷанд фиристодаанд.

Дар видео, ки субҳи 28 май ба навор гирифта шудааст, дида мешавад, ки даҳҳо мусофир дар саҳни фурудгоҳи Хуҷанд истодаанд ва бархеи онҳо дар рӯи сабза ба қавле ғел задаанд.

Муаллифи навор мегӯяд, ин мардум аз 21 май инак як ҳафта боз наметавонанд ба Русия парвоз кунанд. “Аз 21 ба 28 партофтанд парвозашонро. Ҳоло боз пагоҳ мегӯянд”, – мегӯяд муаллиф.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. Ин боиси аз роҳи сафар мондани садҳо мусофире  шуд, ки пули зиёд дода, ба парвозҳои ин ширкат чипта харида буданд.

Садҳо тан аз мусофирони “Северный ветер” шоми 25 май ва нимаи дуюми рӯзи 26 май дар саҳни фурудгоҳи Душанбе эътироз карданд ва нимаи дуюми рӯзи 26 май Икром Субҳонзода, раҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ ба пеши онҳо омад. Ӯ роҳбарони ширкати “Северный ветер”-ро айбдор кард, ки ҳадафмандона мусофирони худро ба эътирозҳо таҳрик медиҳанд. Субҳонзода гуфт, онҳо ба хотири пойин овардани нархи парвозҳо бо ширкатҳои Русия вориди баҳс шудаанд.

Вале дар ниҳоят, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баъди ду рӯзи эътирозҳои паиҳами мусофирон дар саҳни фурудгоҳи Душанбе ба се парвози ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия иҷозат дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, ду парвози “Северный ветер” аз фурудгоҳи Душанбе ба самти Қазон ва Иркутск шаби 26 ба 27 май сурат гирифта, парвоз ба Санкт Петербург рӯзи 27 май анҷом шуд.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Барои анҷоми парвозҳои мунтазам ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” иҷозат ба даст оварданд ва барои парвозҳои чартерӣ 4 ширкати русии “Северный ветер”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал”.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер” ва “Сибирь”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. “Сибирь” рӯзи 21 май аз нав барои анҷоми парвозҳо иҷозат гирифт, вале ба “Северный ветер” дигар иҷозати парвоз надоданд.

Мардум аз мақомот башиддат изҳори норозигӣ мекунанд, ки ду моҳ боз наметавонанд нархи парвозҳо ба Русияро пойин биоранд. Нархи парвозҳо  ҳоло аз 700 доллар то 1200 доллар барои як тараф аст, ки ин назар ба нархи чиптаҳо ба Русия аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон чанд маротиба (!!!) гаронтар аст.

Ин дар ҳолест ки аксари хоҳишмандони сафар ба Русия муҳоҷирони корианд, ки маҷбуранд аз бонкҳо қарз гирифта, бо чунин нархи миёншикан чипта бихаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button