ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 28 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 28 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

АЗ 9 ТО 17 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 5 ТОҶИК БО ҶУРМИ ТЕРРОРИЗМ ДАР МАСКАВ

ЭЪЛОНИ ҶУСТУҶӮИ ДИЛОВАР ГУЛОВ, ПИСАРИ ГУЛ ШЕРАЛӢ

АМРИДДИН НАХШОВ БАЪДИ 11 РӮЗИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ДАНҒАРА “ИХТИЁРАН” ТАСЛИМ ШУДААСТ

ПУТИН МУҲОҶИРИ ТОҶИК ПАРВИЗ КАМОЛОВРО БО МЕДАЛ ҚАДРДОНӢ КАРДААСТ

ЯК ҲАФТА БОЗ САРГАРДОНАНД…  ТАҶАММӮИ ДАҲҲО МУСОФИР ДАР ФУРУДГОҲИ ХУҶАНД

ТОҶИКҲО ДАР МАСКАВ  ДОМОДҲОИ АЗ ҲАМА СЕРХАРИДОР ШУДААНД

ҲУШДОРИ КҲФ: ХАТАРИ СЕЛ ТО 1-УМИ ИЮН БОҚӢ МЕМОНАД. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

НАФАҚАҲОИ МАЪЮБОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 20 ТО 50% БОЛО МЕБАРАНД

ОДАМКУШӢ ДАР БОҒИ МИРОНЕНКО, МАРГИ КӮДАКИ НАВЗОД ВА ҶАЛБИ СЕ МАРДИКОР БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ШИРАИ КАМОЛ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 28 май додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар Маскав 5 зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар шаҳру вилояти Маскав ба муҳлати аз 9 то 17 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ гуфт, ин 5 нафар аз номи созмони террористии ДОИШ қасди анҷоми ҳамла доштанд. Вале ҳеҷ кадоме аз маҳкумшудагон ин иттиҳомро қабул накардааст. Хабарнигори Интерфакс аз толори додгоҳ хабар дод, ки яке аз маҳкумшудагон баъди анҷоми мурофиа фарёд кашидааст ки: “Он чизе ки дар гардани мо заданд, мо накардем. Ин парванда ҳамааш бофта аст.” Вакили яке аз маҳкумшудаҳо гуфтааст, ки ҳеҷ кадоме аз маҳкумшудагон аз ҳукми содиршуда розӣ нест ва аз ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд.

Бо қарори додгоҳи ҳарбӣ, Нурулло Раҷабов, ки тафтишот ӯро раҳбари ин панҷгона мешуморад, ба 17 соли зиндон, Лутфулло Арабов  ба 15,  Мирзомаҳмуд Мирзоев ба 12,  Ниъмон Хоҷаев ба 11 ва Шодмон Шокиров ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳукми худро онҳо бояд дар колонияҳои низомашон сангин адо кунанд.

Ҷузъиёти парвандаро ба далели махфӣ буданаш дар додгоҳ ошкор накардаанд, вале ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, зодагони Тоҷикистон мехостанд ба ягон мошини боркаш болои издиҳоми мардум ҳамла кунанд ва ҳамчунин гӯё мехостанд ба қароргоҳи ГРУ дар шоҳроҳи Хорошевское дар Маскав ҳамла кунанд. НТВ хабар дод, ки ин 5 нафар ҳамчунин мехостанд ягон бонкро ғорат карда, пули гирифтаашонро ба Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба Абӯ Усомаи Норакӣ, яке аз ҷангиёни машҳури тоҷики ДОИШ бифиристанд. Абӯ Усомаро дар Тоҷикистон ба ҷалби беш аз 100 шаҳрванди тоҷик ба саффи ДОИШ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ба доми фиреби ӯ асосан муҳоҷирони корӣ дар Русия меафтоданд.

Ин 5 муҳоҷири тоҷик дар Маскав соҳиби як ошхонаи ғизоҳои миллӣ будаанд. Онҳоро кормандони ФСБ ҳанӯз 25 октябри соли 2018 дастгир карданд. ФСБ гуфта буд, ки ҳангоми боздошт аз онҳо ду автомати Калашников, тамғаи АК-47, пистолети травматикӣ ва парчами сиёҳи ДОИШ ёфт ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ин зодаҳои Тоҷикистон зери ҳамин парчами сиёҳ ба роҳбари ДОИШ байъат, яъне савганди садоқат ёд кардаанд.

Вале дар додгоҳ ин 5 муҳоҷири тоҷик ғирев карданд, ки гуноҳе надоранд ва ба онҳо туҳмат задаву ин парвандаро ба зиддашон сохтаанд.

хххххххххххххх

РВКД Душанбе рӯзи 28 май расман эълони ҷустуҷӯи Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноату энергетика ва қудои президентро нашр кард. Дар эълоне, ки дар сомонаи расмии милитсияи пойтахти Тоҷикистон ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Гулов Диловар, санаи таваллудаш 18.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо, ки қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст, боз барои содир намудани ҷинояти навбатӣ – авбошии гуруҳӣ аз санаи 19.05.2021 дар кофтукови расмӣ қарор додааст.”

Милитсияи Душанбе аз кулли шаҳрвандон хостааст, ки агар дар бораи гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое дошта бошанд, ба милитсия хабар диҳанд.

Дар чанд рӯзи охир Диловар Гулов дар пайи Амриддин Нахшов инак дуюмин хешованди президенти Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳоми авбошӣ ба зиддашон парванда кушода шуд.

Тавре қаблан хабар додем, шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и марбут ба хонаводаи Алиматовҳо дар Душанбе бо иштироки фарзандони Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаю саноат ва қудои президенти Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Дар ин муноқиша Фирдавс Муродов ва Амирхон Сангалиев (Шаҳбоз) маҷрӯҳ шудаанд. Меҳриниссо, модари Диловар ва Алишер дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро баъд аз он шуруъ шудааст, ки шахсе бо номи Фирдавс Муродов ба пойи хоҳарзодаи ӯ Шаҳбоз  корд задааст.  «Наворҳо ҳаст, ки аввал Фирдавс ҳамла кардааст. Ҷавони ҳамлагар Фирдавс Муродов, ки бо номи “Дед Мороз” дар маҳалаи мо шинохта мешавад, пештар барои иштирок дар ҳамла ба “Бобои Барфӣ” зиндонӣ шуда буд. Ба Шаҳбоз се корд задааст. Писарони ман аз мақомот тарсон шудаанд. Барои ҳамин гурехтанд. Агар Алишер ӯро намезад, ӯ Диловарро бо корд мекушт.»,–гуфт ӯ.

Бино ба иттилои радиои Озодӣ, фарзандони Шералӣ Гул аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, вале Алишер Гуловро алакай субҳи 17 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир кардаанд.

Алишер Гулов 24 сол дошта, қаблан дар ВКД кор мекард, вале ба кадом далели номаълуме аз саффи милиса ронда шудааст. Аммо исми бародари ӯ Диловар Гулов бори аввал нест, ки дар робита ба моҷароҳои гуногун ва аъмоли ҷиноияш расонаӣ мешавад.

Соли 2018 Диловар Гулов барои ҳамла ба корманди УБОП Дилшод Нарзуллозода бар асоси моддаи 237 ба як соли зиндон маҳкум шуда буд.

ххххххххххххх

Амриддин Нахшов, мудири корхонаи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 27 май худро “ихтиён” ва “бо иқрори гуноҳ” ба мақомот таслим кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ бар асоси моддаи 237 ба авбошӣ айбдор мешавад. Ба Нахшов бар асоси ин банди қонун аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 27 май хабар дод, ки 27 майи соли 2021 шаҳрванд Нахшов Амриддин Файзиддинович, соли таваллудаш 11.11.1985, зода ва сокини ноҳияи Данғара, ки барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, зери таъқиб қарор дошт, ихтиёран бо иқрори гуноҳ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир шуд. Номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Амриддин Нахшов ба даст доштан дар як занозании хунин дар Данғара гумонбар мешавад. Ин ҳамла шаби 16 май дар маҳаллаи 7уми шаҳраки Данғара рух дода, 7 тан аз шарикони Амриддин Нақшов дастгир шудаанд, вале ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мақомот ҳанӯз ба боздошти Амриддин Нақшов ҷуръат намекунанд.

Дар занозанӣ 10 нафар ҷароҳат бардошта, аз ҷумла 4 нафари онҳо, бо шумули Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғара ва раҳбари ширкати “Мину Фарм” корд хӯрдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар байни осебдидагон шаҳрвандони Афғонистон низ ҳастанд, ки барои ҷамъоварии шираи камол ҷалб шуда буданд. Аксар осебдидагон, ки дар беморхонаи Данғара ва шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, рухсат шудаанд, вале Сайёд Ғиёсов дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ аз пой ва шикамаш чаҳор зарбаи корд хӯрдааст.

Мақомот ҷузъиёти занозанӣ дар Данғараро то ҳол шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи шоҳидон, Нақшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд, аммо Сайёд Ғиёсов хоҳиши шахсони фиристодаи Амриддин Нақшовро рад кардааст.

Амриддин Нахшов писари боҷаи президент Файзиддин Нахшов  аст, ки мудири шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст, ки дар минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад. “Фароз” ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

ххххххххххххххххх

Шаҳлои Гулхоҷа, хабарнигори Радиои Озодӣ дар саҳифааш дар Фейсбук видеои кӯтоҳеро нашр кардааст, ки аз фурудгоҳи Хуҷанд фиристодаанд.

Дар видео, ки субҳи 28 май ба навор гирифта шудааст, дида мешавад, ки даҳҳо мусофир дар саҳни фурудгоҳи Хуҷанд истодаанд ва бархеи онҳо дар рӯи сабза ба қавле ғел задаанд.

Муаллифи навор мегӯяд, ин мардум аз 21 май инак як ҳафта боз наметавонанд ба Русия парвоз кунанд. “Аз 21 ба 28 партофтанд парвозашонро. Ҳоло боз пагоҳ мегӯянд”, – мегӯяд муаллиф.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. Ин боиси аз роҳи сафар мондани садҳо мусофире  шуд, ки пули зиёд дода, ба парвозҳои ин ширкат чипта харида буданд.

Садҳо тан аз мусофирони “Северный ветер” шоми 25 май ва нимаи дуюми рӯзи 26 май дар саҳни фурудгоҳи Душанбе эътироз карданд ва нимаи дуюми рӯзи 26 май Икром Субҳонзода, раҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ ба пеши онҳо омад. Ӯ роҳбарони ширкати “Северный ветер”-ро айбдор кард, ки ҳадафмандона мусофирони худро ба эътирозҳо таҳрик медиҳанд.

Вале дар ниҳоят, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баъди ду рӯзи эътирозҳои мусофирон ба се парвози ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия иҷозат дод. Ду парвоз аз Душанбе ба самти Қазон ва Иркутск шаби 27 май ва парвоз ба Санкт Петербург рӯзи 27 май анҷом шуд.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Барои анҷоми парвозҳои мунтазам ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” иҷозат ба даст оварданд ва барои парвозҳои чартерӣ 4 ширкати русии “Северный ветер”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал”.

Мардум аз мақомот башиддат изҳори норозигӣ мекунанд, ки ду моҳ боз наметавонанд нархи парвозҳо ба Русияро пойин биоранд. Нархи парвозҳо  ҳоло аз 700 доллар то 1200 доллар барои як тараф аст, ки ин назар ба нархи чиптаҳо ба Русия аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон чанд маротиба (!!!) гаронтар аст.

Ин дар ҳолест ки аксари хоҳишмандони сафар ба Русия муҳоҷирони корианд, ки маҷбуранд аз бонкҳо қарз гирифта, бо чунин нархи миёншикан чипта бихаранд.

ххххххххххххххххх

Президенти Русия Владимир Путин муҳоҷири тоҷик  Камолов Парвиз Аҳроровичро, ки дар ноҳияи Шимскийи вилояти Новгород як хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардааст, бо ифтихорнома ва медали медали «Барои саҳми холисона дар созмони имдодии «#МыВместе» сарфароз гардондааст.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо нашри ин хабар гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисдоди Русия  дар натиҷаи заҳмату талоши худ ба натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ва ситоиш ноил шуда истодаанд ва Парвиз Камолов низ “яке аз муҳоҷирони муваффақи тоҷик аст, ки дар Федератсияи Россия дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст

Намояндагӣ гуфт, “Парвиз Камолов аз таҷрибаи бойи андухта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Парвиз Аҳрорович дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад. Ин аст, ки заҳмату талошҳои ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Федератсияи Россия ба инобат гирифта, бо фармони Президенти Федератсияи Россия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.”

Гуфта мешавад, ки аз ҳосили заҳмати худ Камолов Парвиз барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактабитернатҳои минтақавӣ дасти кӯмак дароз менамояд ва аз ҷумла дар давраи пандемияи коронавирус ӯ барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд кумакҳо ироа кардааст.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, тақрибан як миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Пуле, ки онҳо ба Ватан мефиристанд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари оилаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2020, ки Русия марзҳояшро ба далели коронавирус баст ва садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба он кишвар рафта натавонистанд, аз Русия ба Тоҷистон ҳамагӣ 1,7 миллиард доллар пул интиқол ёфт, ки инназар ба як соли қаблӣ 32 дарсад ё 800 миллион доллар камтар буд.

ххххххххххххххххх

Акс аз “Азия Плюс”

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро бо як хабари хуш идома медиҳем.

Нафақаҳои маъюбонро дар Тоҷикистон аз 1 сентябр ба андозаи аз 20 то 50 дарсад боло мебаранд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 май фармони №186 “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад”-ро имзо кард.

Бар асоси ин фармон, “бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон“ аз 1 сентябри соли 2021  нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шуда, нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), низ ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида боло бурда шаванд;
Вале нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), аз 1 сентябр ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.
Ба ҳукумати Тоҷикистон амр шудааст, ки дар муддати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мувофиқ гардонда, иҷрои ин фармонро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд.

Бино ба омори расмӣ, то 1 январи соли 2020 дар Тоҷикистон 149 ҳазору 704 маъюб расман сабти ном шуда буд. Аз ин шумор 28 ҳазору 5626 маъюб ноболиғ будаанд.

ххххххххххххххххх

Акс аз бойгонист

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварр ҳушдор дод, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, то 1-уми июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобиовар боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо:

–  ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд

– ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд

– аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. 

–  ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.  

Ҳушдори нави КҲФ дар пайи боришоти шадиди нимаи аввали моҳи май аст, ки боиси хароб шудани садҳо гектар замини кишт ва даҳҳо хонаву пул, сутунҳои барқ ва иншооти дигар гардид. Рӯзи 11 май бар асари сел 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафар дар Кӯлоб ва якнафарӣ дар Ҳисору Кушониён ва Вахш ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, рӯзи 17 май, бар асари ярч (фурӯ рафтани теппа) дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак, ҳалок шуданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навободи ноҳияи А.Ҷомӣ чӯкид ва 15 хонаю 100 гектар замин ба зери хок фурӯ рафт.

ххххххххххххххххх

Дар 2021 занону духтарони сокини шаҳри Маскав аз байни хориҷиён бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Имсол алакай 355 шаҳрванди Тоҷикистон бо занону духтарон аз Маскав ақди никоҳ бастаанд, ки ин тақрибан чоряки ҳудуди 1500 никоҳи бо домодҳои хориҷӣ басташуда дар Маскавро ташкил медиҳад. Баъд аз тоҷикҳо дар ин рейтинги домодҳои барои занону духтарони сокини Маскав аз ҳама маҳбуб шаҳрвандони Озарбойҷон (208 ақди никоҳ), Украина (142), Қирғизистон (141) ва Беларус (107) ҷой гирифтаанд.

Ҳамин тавр, бонувони маскавӣ имсол бо домодҳо аз Куба, Сербия, Дания, Ҳинд, Амрико, Ирландия, Канада, Черногория ақди никоҳ баста, чор нафари онҳо ба шаҳрвандони Испания ва 3 нафараш ба шаҳрвандони Италия ба шавҳар баромадаанд.

Ин оморро нашрияи “МК” бо истинод ба омори идораи ЗАГСи пойтахти Русия нашр кардааст.

Бино ба омори расмии идораҳои ЗАГС, занону духтарон дар вилояти Саратов ва шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ аз байни хориҷиён имсол бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд.

Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов гуфт, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 29 зану духтар дар ин вилоят ба зодагони Тоҷикистон ба шавҳар баромадаанд ва тоҷикҳо аз ин лиҳоз дар вилояти Саратов хушхаридортарин домодҳо дар байни домодҳои хориҷӣ ба шумор мераванд.

18 сокини Саратов имсол бо зодагони Озарбойҷон, 13-нафарӣ бо зодагони Арманистону Қазоқистон ва  11 хонуми саратовӣ бо шаҳрвандони Украина ақди никоҳ бастаанд. Дар байни шаҳрвандони кишварҳои хориҷаи дур шаҳрвандони Ироқ, Эрон ва Марокаш барои бонувони Саратов маҳбубтар будаанд.

Дар ҳамин ҳол, идораи ЗАГСи пойтахти Удмуртистон низ бо натиҷагирии семоҳаи аввали соли 2021 зодагони Тоҷикистону Озарбойҷонро домодҳои хориҷии аз ҳама серхаридор барои бонувони Ижевск ном бурдааст. Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи ЗАГС, аз аввали сол дар 34 маврид бонувони Ижевск бо хориҷиён издивоҷ кардаанд. Аз ҷумла 10 нафари онҳо бо зодагони Тоҷикистон ва 10 бонуи дигар бо зодагони Озарбойҷон издивоҷ карда, сокинони пойтахти Удмуртистон имсол ҳамчунин бо шаҳрвандони Ироқ, Миср, Сурия ва Корея ақди никоҳ бастаанд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Ду ҷавони 22 ва 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт, ки онҳо шаби 22 май, соати 21:50  дар боғи фарҳангӣ-фароғатии  ба номи Мироненко, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт бо ҷавони 25-солаи сокини Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, яке аз онҳо ба сару рӯи ҷавони 25-сола чанд зарба зада, ӯро ба замин афтондааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҳангоми  ба беморхона бурдан дар роҳ ҷон додааст. Тафтиши ин қазия идома дорад. Ба дастгиршудаҳо барои қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххх

Шаби 26 май, соати 21:00, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел -Зефира” ва “Опел-Вектра” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар чорроҳаи шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Данғара” ва шаҳри Бохтар, тифли навзод Назаров Мубориз Некбахтович, соли таваллудаш 2021, сокини ноҳияи Фархор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари ин мошин Мирзоева Ниқошгул Зариповна, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳат бардоштааст. ВКД мегӯяд, ронандаи “Опел -Зефира” сокини 58-солаи Данғара Миралӣ Сабзаев, ки аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба бархӯрд бо “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Сафаров Меҳроб, сокини 32-солаи ноҳияи Фархор аз тарафи Душанбе ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард,  роҳ додааст.

ххххххххххххх

Сокини 28-солаи ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ба он муттаҳам мешавад, ки аз рӯзи 16 май се марди 35, 34 ва 28-солаи сокинони ноҳияҳои Данғара ва Вахшро ҳамчун мардикор даъват карда, дар ҳудуди деҳаи Зоғонии ҷамоати Дӯконии шаҳри Норак ба коркарди ғайриқонунии шираи камол машғул шудааст. ВКД гуфт, ин афрод 1100 бехи кундаи камолро нарм карда, кундаҳои ниҳоли камолро буридаанд. Бар асоси ҳисоби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, фаъолиятҳои ин соҳибкор ба табиат ба маблағи 66 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Дар Тоҷикистон коркарди шираи камол тақрибан пурра дар монополияи ширкати “Фароз”-и домоди президент Шамсулло Соҳибов қарор дорад.

ххххххххххх

Як марди 33-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи апрели соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини Ҳисор даромада, аз ӯ 14  800доллар гирифтааст, вале то ҳол барнагардондааст. Инчунин, марди 34-солаи сокини Душанбе барои он дастгир шуд, ки дар давоми солҳои 2016 то 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 217 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардондааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button