ВидеоТоҷикистон

АМРИДДИН НАХШОВ БАЪДИ 11 РӮЗИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ДАНҒАРА “ИХТИЁРАН” БА ШВКД ҲОЗИР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Амриддин Нахшов, мудири корхонаи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 27 май худро “ихтиён” ва “бо иқрори гуноҳ” ба мақомот таслим кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ бар асоси моддаи 237 ба авбошӣ айбдор мешавад. Ба Нахшов бар асоси ин банди қонун аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 27 май хабар дод, ки “27 майи соли 2021 шаҳрванд Нахшов Амриддин Файзиддинович, соли таваллудаш 11.11.1985, зода ва сокини ноҳияи Данғара, ки барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, зери таъқиб қарор дошт, ихтиёран бо иқрори гуноҳ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир шуд. Номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.”

ВКД дар бораи ин қазияи пурсарусадо тафсилоти дигаре надодааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Амриддин Нахшов ба даст доштан дар як занозании хунин дар Данғара гумонбар мешавад. Ин ҳамла шаби 16 май дар маҳаллаи 7уми шаҳраки Данғара рух дода, 7 тан аз шарикони Амриддин Нақшов дастгир шудаанд, вале ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мақомот ҳанӯз ба боздошти Амриддин Нақшов ҷуръат намекунанд.

Дар занозанӣ 10 нафар ҷароҳат бардошта, аз ҷумла 4 нафари онҳо, бо шумули Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғара ва раҳбари ширкати “Мину Фарм” корд хӯрдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар байни осебдидагон шаҳрвандони Афғонистон низ ҳастанд, ки барои ҷамъоварии шираи камол ҷалб шуда буданд. Аксар осебдидагон, ки дар беморхонаи Данғара ва шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, рухсат шудаанд, вале Сайёд Ғиёсов дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ аз пой ва шикамаш чаҳор зарбаи корд хӯрдааст.

Мақомот ҷузъиёти занозанӣ дар Данғараро то ҳол шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи шоҳидон, Нақшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд, аммо Сайёд Ғиёсов хоҳиши шахсони фиристодаи Амриддин Нақшовро рад кардааст.

“Вақти шом шахсе бо номи Пайрав ба Сайёд занг зад ва гуфт, ки ба тарабхонаи марбут ба Нақшов равад, чун Амриддин гап дорад. Муҳофизони ширкат дар ҳамон ҷо буданд. Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд. Яке аз онҳо ба Амриддин занг зада, гуфт, биё. Бо мошини “ҷип” корд дар даст омад. Дигар ба ҳамла гузаштанд. Дертар як мошини дигар омад ва онҳо низ ба задан ҳамроҳ шуданд”,–нақл кардааст шоҳиди ҳодиса.

Амриддин Нахшов писари боҷаи президент Файзиддин Нахшов  аст, ки мудири шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст, ки дар минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад. “Фароз” ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button