Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ГАРДАНБАНДИ ТИЛЛОИРО ДАР РӮЗИ РАВШАН АЗ ГАРДАНИ ЗАН КАНДА ГИРИФТ…

Як сокини 25-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 14 май, соти 18:00, дар назди Маркази ташхисии пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз гардани як зани 50-сола гарданбанди тиллоиро канда, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Акнун ба ин ҷавон барои ғоратгарӣ бар асоси моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 3 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххх

Як зани 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 май дар дохили бозори бузургтарини Душанбе – ҶДММ “Корвон” бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдои як зани 38-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт матоъҳо ва рӯймолҳои занонаии сохти хориҷро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Акнун ба ин ҷавонзан барои дуздӣ бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххх

Як марди 61-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи январи соли 2021, ноҳия бо роҳи фиреб ба боварии сокини 30-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст ва то ҳол барнагардондааст. Инчунин, марди 47-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 228 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст,  ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2020, дар назди маркази савдои “Гарант”-и шаҳри Душанбе  бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат  даромада, аз ӯ 27 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале то ҳол ин пулро барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 25-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар Фирдавсӣ бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми майи соли 2021, тахминан соати 18:00, дар назди Маркази ташхисии шаҳри Душанбе шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гарданаш 1-адад гарданбанди тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормадони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии матоъҳо ва рӯймолҳои занона

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми майи соли 2021, дар дохили ҶДММ “Корвон” шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдояш матоъҳо ва рӯймолҳои занона, ки истеҳсоли хориҷӣ мебошанд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2021, марди 61-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2020, дар назди маркази савдои “Гарант”-и шаҳри Душанбе марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаи 228 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 27 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button