ВидеоИқтисодТоҷикистон

БАРКАНОРИИ МУРОДАЛӢ АЛИМАРДОН ВА ТОҶИДДИН ПИРЗОДА АЗ РОҲБАРИИ “АГРОИНВЕСТБОНК” ВА “ТОҶИКСОДИРОТБОНК”

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар асоси қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”  дар пайи бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ин ду бонк бо судури қарорҳои дахлдор мудир таъин намудааст.

“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд. Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ.

Ба ин тартиб, Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзода аз мақоми роҳбарии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” барканор карда шуданд.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май иҷозатномаҳои ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”–ро бозхонд ва гуфт, аз ин ба баъд фаъолияти ин ду ниҳоди молиявро мудирони махсусе, ки Бонки миллӣ таъйин мекунад, пеш хоҳанд бурд.

Дар ду иттилоияи алоҳида бо матни тақрибан ҳамсони шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ гуфта мешуд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо вуҷуди кумакҳои молиявии ҳукумат натавонистанд вазъи молиявии худро беҳтар ва фаъолияти устуворашонро таъмин кунанд. Ва як силсила камбудиҳое, ки табиати системавӣ гирифтаанд, аз ҷумла мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (ва ҶСК “Агроинвестбонк”) аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.

 Бонки миллии Тоҷикистон 4 сол пеш ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро низ барҳам дода буд, вале ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонки дигари  гирифтори буҳрон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бо қурби он замон қариб ним миллиард долларро ташкил медод ва бузургтарин кумаки давлат ба муассисаҳои буҳронзада дар таърихи навини Тоҷикистон шумурда мешуд.

Вале Бонки миллӣ бо гузашти 4 сол дар ду изҳороти алоҳида бо изҳори таассуф гуфт, ки ин кумаки бузург барои наҷоти ин ду бонк фоида накард. Акнун сарнавишти пулҳои ҳудуди 6 ҳазор муштарии “Тоҷиксодиротбонк” ва тақрибан 28 ҳазор муштарии “Агроинвестбонк”–ро бояд мудирони махсус ҳал кунанд. Бонки миллӣ гуфт, бахши аъзами ин пасандозҳо аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ  пардохт хоҳад шуд.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ рӯзи 25 май дар изҳорот ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” хабар дод, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ танҳо то 30 000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 000 сомонӣ аз ҳисоби Хазина пурра ҷуброн карда мешавад.

“Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агент 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефонҳои 44 6003245, 44 6003545, ё ин ки аз сомонаи Хазина  www.idif.tj  дастрас намоед.”, – гуфта мешавад дар шарҳи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ.

Бонки миллӣ қаблан гуфта буд, ки пасандозҳои боқимондаро мудирони махсус аз ҳисоби фурӯши дороиҳои бонкҳои барҳамдодашуда бояд ҷамъоварӣ ва пардохт кунанд. Вале бо гузашти 4 сол аз барҳам додани “Тоҷпромбонк” то ҳол даҳҳо тан аз муштариёни он шикоят доранд, ки ҳанӯз ҳам пулҳои худро пас гирифта наметавонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button