ВидеоИқтисодМуҳоҷиронНомаҳо ба президент

БАЪДИ ЭЪТИРОЗИ МАРДУМ БА СЕ ПАРВОЗИ “СЕВЕРНЫЙ ВЕТЕР” ИҶОЗАТ ДОДАНД

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баъди ду рӯзи эътирозҳои паиҳами мусофирон дар саҳни фурудгоҳи Душанбе ба се парвози ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия иҷозат додаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, ду парвози “Северный ветер” аз фурудгоҳи Душанбе ба самти Қазон ва Иркутск шаби 26 ба 27 май сурат гирифта, парвоз ба Санкт Петербург, қарор аст, давоми рӯзи 27 май анҷом шавад.

Ин ширкат дар пайи ду рӯзи эътирози мусофиронаш иҷозати парвоз ба даст овард. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. Ин боиси аз роҳи сафар мондани садҳо мусофире  шуд, ки пули зиёд дода, ба парвозҳои ин ширкат чипта харида буданд. Мусофироне, ки шоми 25 май ва нимаи дуюми рӯзи 26 май дар саҳни фурудгоҳ ҷамъ омаданд ва эътироз карданд, мебоист аз 21 то 23 май ба Иркутск, Қазон ва Санкт Петербург парвоз мекарданд, вале ба ин парвозҳо иҷозат надоданд.

Барои ҳифзи тартибот ба саҳни фурудгоҳ шумори зиёди нирӯҳои милиса низ ҷалб шуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 26 май Икром Субҳонзода, мудири агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон  ба назди мардуми гирдиҳамомада омад ва гуфт, ҳадафи онҳо аз манъи парвозҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия пойин овардани нархи парвозҳост.

Субҳонзода роҳбарони ширкати “Северный ветер”-ро айбдор кард, ки ҳадафмандона мусофирони худро ба эътирозҳо таҳрик медиҳанд. Суҳбати ӯ бо эътирозгарон бо чунин муколамаи аҷиб анҷом ёфт:

-Ҳама мехоҳад парвоз кунад?

-Ҳа!

-Аз Ҷаноби олӣ розӣ ҳастед ?

– Ҳа!

-Тоҷикистон ба пеш!

-Ба пеш!

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Барои анҷоми парвозҳои мунтазам ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” иҷозат ба даст оварданд ва барои парвозҳои чартерӣ 4 ширкати русии “Северный ветер”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал”.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер” ва “Сибирь”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. “Сибирь” рӯзи 21 май аз нав барои анҷоми парвозҳо иҷозат гирифт, вале ба “Северный ветер” дигар иҷозати парвоз надоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button