Нуқтаи назарҲодиса
АКСИ РӮЗ: ИН САҲНАРО ФАҚАТ ДАР ТОҶИКИСТОН МЕТАВОН ДИД
Амир Шердил дар Фейсбук аксеро гузошта ва дар зераш навиштааст: “Ин саҳнаро фақат метавон дар рустоҳои Тоҷикистон мушоҳида кард.”
Дар акс як рамаи бузҳову гӯсфандҳо дида мешавад, ки саф кашида, аз паси се бузи “лидер” аз рӯи лӯлае, ки бар фарози як дарё ё канал кашида шудааст, обро убур мекунанд. Бархе навиштаанд, ки “дар ҳамин ҷо ҳам бузҳо дар саффи пеш.”
Вале бисёриҳо ба чусту чолокии аҳли ин рама каф кӯфтаанд, ки чӣ гуна аз об мегузаранд.