ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 КИЛО ҲЕРОИН ДАР ДАРУНИ ҶОМАДОН: БОЗДОШТИ СОКИНИ ДУШАНБЕ ДАР ФУРУДГОҲИ ХУҶАНД

Маркази матбуоти Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 27 май хабар дод, ки рӯзи 21 май дар назди фурудгоҳи Хуҷанд аз ҷомадони Масрур Маҳмудов, сокини 39-солаи Душанбе, ки мехост ба Маскав парвоз кунад,  қариб 4 кило ҳероин пайдо кардаанд. Агентӣ мегӯяд, Маҳмудов дар даруни ҷомадонаш ба таври устокорона махфигоҳ сохта буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддир, санаи 21 майи соли 2021 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар назди Фурудгоҳи байналмилалии вилояти Суғд шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович, соли тавалудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд, мувақатан бекор, бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардид.

“Ҳангоми кофтукови шахсӣ муайян карда шуд, ки дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Маҳмудов Масрур махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, дар дохили он як адад бастаи селофании скотчпечи бӯи махсус дошта ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин аз киссаи рости шими дар тани Маҳмудов М. буда, як адад бастачаи селофании дорои маводи кулухчамонанди зардчатоби бӯйи махсусдошта дарёфт гардид.Муайян карда шуд, ки маводҳои аз Маҳмудов Масрур мусодира гардида,  воситаи нашъадори нави “героин” буда, вазни умуми он 3 кг 860 граммро ташкил менамояд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Агентӣ.

Фурудгоҳи Хуҷанд

Бино ба ин манбаъ, дар рафти пурсиш Маҳмудов Масрур эътироф кардааст, ки мехост маводи нашъадорро тавасути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москва бо мақсади фурӯш ба пойтахти Русия интиқол диҳад. Дар робита ба ин нисбат ба Маҳмудов Масрур Раҳматович бар асоси қисми чоруми моддаи 200-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир бо миқдори махсусан зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба ӯ бар асоси моддаи 200 ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон  таҳдид мекунад.

Агентии зидди маводи мухаддир ахиран аз боздошти сокини ноҳияи Шуғнон Фаромӯз Аҳмадбеков бо наздики 26 кило ҳашиш хабар дод. Агентӣ гуфт, Аҳмадбеков ин навъи маводи мухаддирро аз як шаҳрванди Афғонистон ба даст оварда, бо мақсади даромади муфт мехост бифурӯшад, вале ба даст афтод.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди афюн, ҳашиш ва ҳероини дунё, қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад ва садҳо нафар бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мешаванд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия низ тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button