ЭЪТИРОЗ ДАР ФУРУДГОҲ ВА АФВИ ТИЛЛОӢ/ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 26 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)
Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 26 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.
ДАР ИН БАРНОМА:
ГИРДИҲАМОИИ САДҲО МУСОФИР ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН “АФВИ ТИЛЛОӢ” ЭЪЛОН МЕШАВАД
ИСТЕЪФОИ РАҲМАТИЛЛО ЗОИРОВ АЗ МАҚОМИ РАИСИ ҲИЗБИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТ
ҚИРҒИЗИСТОН 189 МУСОФИРИ “СОМОН ЭЙР”-РО ДАР ФУРУДГОҲИ БИШКЕК ПАС ҚАБУЛ НАКАРД
БАРКАНОРИИ РАИСИ МАРКАЗИ БЕҲДОШТИИ СУҒД БАЪД АЗ НАШРИ ХАБАРИ КОРОНАВИРУС
ДАРГУЗАШТИ СОБИҚ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБМАД АМИРОВ
ҲАЛОКАТИ ДУ ПИЁДАГАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМАИ РӮЗИ 25 МАЙ
БОЗДОШТИ 25 КИЛО МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР БАДАХШОН
ҲУШДОР АЗ ЭҲТИМОЛИ ОБХЕЗИҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Аз шоми 25 май садҳо мусофири ширкати ҳавопаймоии Северний Ветери Русия дар саҳни фурудгоҳи Душанбе гирд омада, аз мақомот талаб доранд, ки ба парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Русия иҷозат диҳанд. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май ин ширкатро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард ва ин боиси аз роҳи сафар мондани садҳо мусофир шуд. Мусофироне, ки дар фурудгоҳ ҷамъ омаданд, мебоист аз 21 то 23 май ба Иркутск, Қазон ва Санкт Петербург парвоз мекарданд, вале ба ин парвозҳо иҷозат надоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 26 май Икром Субҳонзода, мудири агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба назди мардуми гирдиҳамомада омад ва гуфт, ҳадафи онҳо аз манъи парвозҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия пойин овардани нархи парвозҳост.
Субҳонзода ба саволи асосии гирдиҳамомадагон, ки оё кай ба парвозҳои онҳо иҷозат дода хоҳад шуд?, посухи мушаххасе надод, вале дар анҷоми суҳбаташ байни ӯву мусофирон муколамаи аҷибе сурат гирифт:
-Ҳама мехоҳад парвоз кунад?
-Ҳа!
-Аз Ҷаноби олӣ розӣ ҳастед ?
– Ҳа!
-Тоҷикистон ба пеш!
-Ба пеш!
хххххххххххххх
Қарор аст, дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар ин кишвар як қонуни афви саросарӣ қабул шавад. Бархе манобеи наздик ба марказҳои масъули таҳияи тарҳи қонуни афв аз ҳоло онро “афви тиллоӣ” ном мебаранд. Ба гуфтаи мусоҳибони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ин қонуни афв шояд алакай моҳи август қабул шавад, то маҳбусони афвшуда битавонанд 30-солагии истиқлоли Тоҷикистонро, ки 9 сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, дар озодӣ, дар канори наздиконашон ҷашн бигиранд. Бино ба бархе ҳисобҳо, афви нав метавонад аз 15 то 20 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 50 фоиз аз ҳудуди 11 ҳазор маҳбусро фаро бигирад.
Ин алакай қонуни 17-уми афв аст, ки дар Тоҷикистон қабул мешавад.
Манобеи наздик ба таҳияи тарҳи нави қонуни афв мегӯянд, афви навбатӣ тибқи маъмул маҳбусони кӯҳансоли синнашон аз 60 боло, занон, маҳбусони гирифтори сил ва дигар бемориҳои вазнинро фаро бигирад. Ҳамчунин онҳое, ки бо ҷиноятҳои барои ҷомиа начандон хатарнок, мисли дуздӣ, қаллобӣ зиндонӣ шудаанд ваё барои аъмоле, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марг ё ҷароҳат бардоштани инсонҳо шудааст (барои мисол, ронандагони гунаҳкор дар садамаҳо) метавонанд мавриди афв қарор гирифтанд.
Манобеи “Бомдод” мегӯянд, “афви тиллоӣ” метавонад як идда аз маҳбусони машҳурро низ дар бар бигирад. Як манбаи “Бомдод” эҳтимоли бар асоси ин афв озод шудани ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидовро истисно накард. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, дар баробари Иззат Амон ва Зайд Саидов чанде аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла бархе аз аъзои “Гуруҳи 24”, пайравони Салафия, зиндонишудаҳои парвандаи Ихвонулмуслимон ва онҳое, ки барои лайк гузоштан зиндонӣ шудаанд, мавриди афв қарор бигиранд. Вале онҳо эҳтимоли афви роҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро дар шароити имрӯза баъид мешуморанд.
“То кунун ягон аломати сабуктар шудани дидгоҳи Душанбе нисбат ба ҲНИТ ба назар намерасад. Баракс мавқеъгириҳои кӯтоҳандешонаи роҳбарони ҲНИТ дар рӯзҳои муноқиша дар марз бо Қирғизистон имкони иваз шудани ин дидгоҳро дигарбора баробари сифр кард. Аз ин лиҳоз, фикр накунам, ки дар қонуни нави афв роҳбарони зиндонии ҲНИТ шомил шаванд”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод.”
Бори охир афви маҳбусон дар Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2019 ба муносибати 25-солагии қабули Қонуни асосӣ сурат гирифт, ки бар асоси он, ҳудуди 3500 маҳбус ба озодӣ расид. Дар тирамоҳи соли 2020 дар пайи интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ Эмомалӣ Раҳмон гуноҳи 288 маҳбусро бахшид.
хххххххххххх
Шаби 25 май Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар фурудгоҳи “Манас” –и шаҳри Бишкек шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” омада буданд, роҳ надод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти фурудгоҳи “Манас”, бо ин ҳавопаймо 189 шаҳрванди Тоҷикистон ва 9 шаҳрванди кишварҳои дигар ба Бишкек омада буданд. 9 мусофири хориҷӣ аз марз гузаштанд ва дар Бишкек монданд. Вале 189 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Бишкек ба Душанбе пас фиристодаанд. Ин ҳавопаймо субҳи 26 май ба Душанбе баргашт.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳо дар бораи баста шудани марзи Қирғизистон расман огоҳ карда нашуда буданд ва барои парвози “Сомон Эйр” Қирғизистон иҷозат дода буд, вале бидуни огоҳӣ ҳавопайморо аз Бишкек ақиб гардонданд.Абӯбакр Шодиев, консули Тоҷикистон дар Бишкек гуфт, талош кард, то мушкилро тавассути музокирот бо мақомоти Қирғизистон ҳал кунад, вале ба ӯ гуфтаанд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” бояд ба Душанбе баргардад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 23 май раиси кобинаи вазирони Қирғизистон Улуғбек Маъруфов гуфт, мақомоти Қирғизистан дар бораи “то замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардаанд.”
Ин қарор рӯзи 24 май имзо шуд. Тибқи он, равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон, ҳатто ба сурати транзит, манъ гардида, ҳаттто ба интиқоли бор ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути марзи ду кишвар манъ шудааст.Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо танҳо дипломатҳо ва аъзои оилаҳои онҳо, ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ва он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Қирғизистон қарор доранд, метавонанд аз марз убур кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки бино бар хеле гарон будани нархи парвозҳо байни Русияву Тоҷикистон бисёре аз шаҳрвандони тоҷике, ки мехостанд ба Русия парвоз кунанд ё аз онҷо ба Ватан баргарданд, бо нархи арзонтар тавассути Қирғизистон чипта мехариданд. Ҳоло маълум нест, тақдири чиптаҳои онҳое, ки аз пеш тавассути Қирғизистон чипта харидаанд, чӣ хоҳад шуд?
Моҷарои омада бар сари 189 мусофири тоҷики ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи Бишкек дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст, ки аз ҳарду тараф 55 куштаву 240 захмӣ ба ҷо гузошт.
ххххххххххххххххх
Раҳматилло Зоиров, аз мақоми раҳбарии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар истеъфо додааст. Зоиров аз замони таъсиси ҲСДТ дар соли 1998 (то соли 2001 Ҳизби адолат ва тараққиёт ном дошт) роҳбарии ин ташаккули оппозитсиониро бар уҳда дошт. То замони баргузории анҷумани нави ҲСДТ роҳбарии ҳизб муваққатан ба Қиёмиддин Азизов, яке аз муовинҳои раиси ҳизби вогузор шудааст.
Зоиров ба Радиои Озодӣ рафтанаш аз мақоми раиси ҳизбро ба “вазъи саломатӣ” рабт додааст: “Чанд вақт поям ғам дод. 20-уми сентябри соли гузашта зарбаи сахт хӯрдам. Аз он замон дарди пой гум нашуд. Барои ҳамин, ба Шӯрои сиёсӣ ариза навишта илтимос кардам, ки анҷуман баргузор нашуд, маро озод кунанд. Ман бояд табобат кунам.” Зоиров дар як суҳбати алоҳида ба шабакаи “Настоящее Время” гуфтааст, усулан мухолифи дурудароз мондан дар мақоми раҳбарист.
Раҳматилло Зоиров ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар як паём дар саҳифааш дар Фейсбук ишора карда буд, ки масъалаи вазъи саломатиаш “берун аз хоҳиши ӯст” ва азбаски бояд табобати тӯлонӣ бигирад, рӯи рафтан аз мақоми раҳбарии ҳизб фикр мекунад.
Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, ки тибқи оиннома мебоист ӯ ҷойгузини Зоиров мешуд, бо тасмими раҳбари муваққати ҳизб таъйин кардани Қиймиддин Азизов розӣ нест. Ҳакимов ба Озодӣ дар ин робита гуфт: “Вақте раис вафот кард, фалаҷ шуд, ягон сафари хориҷӣ рафтаву бозгашташ маълум нест, ё дигар ҳолат бошаду истеъфо диҳад, иҷрои вазифаи раиси ҳизб ба уҳдаи муовини аввали раиси ҳизб вогузошта мешавад. Ин меъёри оиннома аст. Баъд Шӯрои сиёсиро муовини раиси ҳизб даъват мекунад ва аъзоро дар ҷараён мегузорад. Шояд таҳти таҳдид қарор дорад ё ҷонаш дар хатар аст, ё дигар ҳолатҳо, ки ман намедонам.”
ҲСДТ бо беш аз 20 сол собиқаи фаъолият то кунун натавонистааст ягон бор ягон номзадашро ба парлумони Тоҷикистон ворид кунад. Дар интихоботи соли гузаштаи парлумонӣ ҲСДТ аз ҳама овози камтар гирифт ва интихоботи президентии моҳи октябрро таҳрим (бойкот) кард.
Ххххххххххххх
Абдумавлон Абдуллозода, раиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд (СЭС) бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Тахмина Усмонова, ки то кунун мудири маркази беҳдоштии Хуҷанд буд,таъйин шудааст. Абдумавлон Абдуллозода дар мансаби раиси Маркази беҳдоштии вилояти Суғд ҳамагӣ 8 моҳ кор кард. Дар як соли охир раҳбари ин идора инак бори чорум аст, ки иваз мешавад.
Барканории Абдуллозода дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ахиран дар бораи бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шуданӣ 4 нафар ва бо аломатҳои илтиҳоби шуш таҳти муоина қарор доштани 15 нафари дигарро дар вилояти Суғд хабар дод. Абдуллозода аз ҷумла гуфта буд, ки як шаҳрванди тоҷикиюласли Арабистони Саудӣ бо номи Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифтанд ва се корманди меҳмонхонаи шаҳри Бӯстонро, ки бо ӯ дар тамос буданд, низ ба гӯшанишинӣ фиристодаанд.
Сарусадоҳо дар бораи бистарӣ шудани 19 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилояти Суғд ва 13 корманди Созмони Милал дар Душанбе дар ҳоле буд, ки мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ пойфишорона ҳар рӯз гузориш медиҳанд, ки “дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. ”
Иддаое ки кам касе бовар мекунад.
Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон каме бештар аз 13 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 90 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Вале мунтақидон ин омор ва ҳамин тавр, иддаои мақомот дар бораи гӯё дар 5 моҳи аввали соли 2021 ошкор нашудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро зери шубҳа мегузоранд ва бар инанд, ки мақомот миқёс ва доманаи воқеии паҳншавии ин бемориро дар кишвар ба кадом далели норӯшан аз ҷомиа пинҳон нигоҳ медоранд.
ххххххххххххххххх
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор дод, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, аз 26 то 27-уми майи соли 2021 дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби нишебиҳои риштакӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел эҳтимол дорад.
КҲҶ дар ин робита ба сокинон тавсия додааст, ки дар ин ду рӯз:
– ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд,
– ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд,
– аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намояндЮ
– бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.
Ҳушдори нави КҲФ дар пайи боришоти шадиди нимаи аввали моҳи май аст, ки боиси хароб шудани садҳо гектар замини кишт ва даҳҳо хонаву пул, сутунҳои барқ ва иншооти дигар гардид. Рӯзи 11 май бар асари сел 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафар дар Кӯлоб ва якнафарӣ дар Ҳисору Кушониён ва Вахш ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, рӯзи 17 май, бар асари ярч (фурӯ рафтани теппа) дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак, ҳалок шуданд.
Ҳамин тавр, рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навободи ноҳияи А.Ҷомӣ чӯкид ва 15 хонаю 100 гектар замин ба зери хок фурӯ рафт.
ххххххххххххххххх
Профессор Раҷабмад Амиров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон субҳи 26 май дар синни 67 бар асари бемории ҷигар аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи ӯ қабл аз пешин дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Радиои Озодӣ аз қавли ҳамкорони Раҷабмад Амиров хабар дод, ки ӯ солҳои ахир аз дарди ҷигар ранҷ мебурд, вале бо вуҷуди беморӣ то як ҳафтаи охир ба кор мерафт. Амиров солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор мекард.
Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар деҳаи Балучҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омада, сол 1974 Донишкадаи санъати Тоҷикистоно хатм кардааст. Ӯ аз соли 1990 дар тӯли 11 сол ректори Донишкадаи санъат, аз соли 2001 то 2004 муовини аввали вазири фарҳанг ва аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Баъди рафтан аз макоми вазирӣ, Раҷабмад Амиров дар мақоми ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов (2007—2014) ва аз соли 2014 дар мақоми ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ кор мекард.
ххххххххххххххххх
Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 12 май дар ҳудуди деҳаи Барчид, ҷамоати Поршинев, ноҳияи Шуғнон, шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович, соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Ширинҷоновро дастгир кардаанд. Агентии зидди маводи мухаддир гуфт, ки Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ барои тафтишот номаълум боқӣ мемонад, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, ба хариду фурӯш ва интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир даст задааст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков тааллуқ дошт, 50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад”, – хабар додааст маркази матбуоти Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон.
Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Фаромӯз Аҳмадбеков бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 200, қисми 4 банди “д” (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург) ва 289, қисми 3 (қочоқи маводи мухаддир) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба Аҳмадбеков барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз 12 то 20 соли зиндон ва барои қочоқ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди афюн, ҳашиш ва ҳероини дунё, қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад ва садҳо нафар бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мешаванд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия низ тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.
ххххххххххххххх
Рӯзи 25 май, соати 11:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Мухторов Изатуллохон, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати Чоркуҳ дар роҳи Ворух-Исфара, дар ҳудуди ҷамоати Шаҳрак пиёдагард Нематов Муродулло, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳраки Турсунзодаро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди 66-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 25 май, соати соати 15:25, ронандаи «Мерседес-Бенс-Спринтер», Отабеков Отабекхӯҷа, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б. уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Шукуров Нумонҷон, соли таваллудаш 1948-ро пахш намудааст. Ин сокини 73-солаи ноҳияи Ғафуров дар беморхона ҷон додааст.
ВКД гуфт, дар ҳарду ҳолат ронандагон аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистаанд.
Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
хххххх
Сокини 29-солаи ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 май, соати 15, бо роҳи пинҳонӣ вориди утоқи кории сокини 44-солаи Душанбе дар ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав шуда, аз онҷо 14 ҳазор сомониро дуздидааст. Ба боздоштшуда бар асоси моддаи 244 КҶ ҶТ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххххххххххххххх
Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com