ВидеоСиёсатТоҷикистонЧеҳраҳо

ИСТЕЪФОИ РАҲМАТИЛЛО ЗОИРОВ АЗ МАҚОМИ РАИСИ ҲИЗБИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТ

Раҳматилло Зоиров, аз мақоми раҳбарии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар истеъфо додааст. Зоиров аз замони таъсиси ҲСДТ дар соли 1998 (то соли 2001 Ҳизби адолат ва тараққиёт ном дошт) роҳбарии ин ташаккули оппозитсиониро бар уҳда дошт. То замони баргузории анҷумани нави ҲСДТ роҳбарии ҳизб муваққатан ба Қиёмиддин Азизов, яке аз муовинҳои раиси ҳизби вогузор шудааст.

Худи Зоиров дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ рафтанаш аз мақоми раиси ҳизбро ба “вазъи саломатӣ” рабт додааст: “Чанд вақт поям ғам дод. 20-уми сентябри соли гузашта зарбаи сахт хӯрдам. Аз он замон дарди пой гум нашуд. Барои ҳамин, ба Шӯрои сиёсӣ ариза навишта илтимос кардам, ки анҷуман баргузор нашуд, маро озод кунанд. Ман бояд табобат кунам.”

Зоиров дар як суҳбати алоҳида ба шабакаи “Настоящее Время” гуфтааст, усулан мухолифи дурудароз мондан дар мақоми раҳбарист.

Раҳматилло Зоиров ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар як паём дар саҳифааш дар Фейсбук ишора карда буд, ки масъалаи вазъи саломатиаш “берун аз хоҳиши ӯст” ва азбаски бояд табобати тӯлонӣ бигирад, рӯи рафтан аз мақоми раҳбарии ҳизб фикр мекунад.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, ки тибқи оиннома мебоист ӯ ҷойгузини Зоиров мешуд, бо тасмими раҳбари муваққати ҳизб таъйин кардани Қиймиддин Азизов розӣ нест.  Ҳакимов ба Озодӣ дар ин робита гуфт: “Вақте раис вафот кард, фалаҷ шуд, ягон сафари хориҷӣ рафтаву бозгашташ маълум нест, ё дигар ҳолат бошаду истеъфо диҳад, иҷрои вазифаи раиси ҳизб ба уҳдаи муовини аввали раиси ҳизб вогузошта мешавад. Ин меъёри оиннома аст. Баъд Шӯрои сиёсиро муовини раиси ҳизб даъват мекунад ва аъзоро дар ҷараён мегузорад. Шояд таҳти таҳдид қарор дорад ё ҷонаш дар хатар аст, ё дигар ҳолатҳо, ки ман намедонам.”

ҲСДТ бо беш аз 20 сол собиқаи фаъолият то кунун натавонистааст ягон бор ягон номзадашро ба парлумони Тоҷикистон ворид кунад. Дар интихоботи соли гузаштаи парлумонӣ ҲСДТ аз ҳама овози камтар гирифт ва интихоботи президентии моҳи октябрро таҳрим  (бойкот) кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button