ҲУШДОР АЗ ЭҲТИМОЛИ ОБХЕЗИҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор дод, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, аз 26 то 27-уми майи соли 2021 дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби нишебиҳои риштакӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел эҳтимол дорад.
КҲҶ дар ин робита ба сокинон тавсия додааст, ки дар ин ду рӯз:
– ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд,
– ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд,
– аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд,
– бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.
Аз сокинони ҳамчунин хостаанд, ки дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохуш ба ин рақамҳо занг зананд:
112;
93 880 28 19;
223 13 11
Ҳушдори нави КҲФ дар пайи боришоти шадиди нимаи аввали моҳи май аст, ки боиси хароб шудани садҳо гектар замини кишт ва даҳҳо хонаву пул, сутунҳои барқ ва иншооти дигар гардид. Рӯзи 11 май бар асари сел 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафар дар Кӯлоб ва якнафарӣ дар Ҳисору Кушониён ва Вахш ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, рӯзи 17 май, бар асари ярч (фурӯ рафтани теппа) дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак, ҳалок шуданд.
Ҳамин тавр, рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навободи ноҳияи А.Ҷомӣ чӯкид ва 15 хонаю 100 гектар замин ба зери хок фурӯ рафт.