ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ПИЁДАГАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМАИ РӮЗИ 25 МАЙ

Рӯзи 25 май, соати 11:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Мухторов Изатуллохон, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати Чоркуҳ дар роҳи Ворух-Исфара, дар ҳудуди ҷамоати Шаҳрак пиёдагард Нематов Муродулло, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳраки Турсунзодаро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди 66сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин,
 рӯзи 25 май, соати соати 15:25, ронандаи «Мерседес-Бенс-Спринтер», Отабеков Отабекхӯҷа, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б. уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Шукуров Нумонҷон, соли таваллудаш 1948-ро пахш намудааст. Ин сокини 73-солаи ноҳияи Ғафуров дар беморхона ҷон додааст.

ВКД гуфт, дар ҳарду ҳолат ронандагон аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистаанд.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххх

Сокини 29-солаи ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 май, соати 15, бо роҳи пинҳонӣ вориди утоқи кории сокини 44-солаи Душанбе дар ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав шуда, аз онҷо 14 ҳазор сомониро дуздидааст. Ба боздоштшуда бар асоси моддаи 244 КҶ ҶТ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани 2 пиёдагард дар натиҷаи ноуҳдабароии ронандагон

Рӯзи 25-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мухторов Изатуллохон, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Ворух-Исфара», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳрак аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Нематов Муродулло, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳраки Турсунзодаро, ки аз тарафи рости роҳ ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Нематов М. ба саломатиаш ҷароҳатӣ вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 25-уми майи соли 2021, тахминан соати 15:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Спринтер», Отабеков Отабекхӯҷа Бузургхоҷаевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ронандаи хатсайри №80, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди Автостансияи ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Шукуров Нумонҷон, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шукуров Н. ба саломатиаш ҷароҳатӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 29-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми майи соли 2021, тахминан соати 15:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кориаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 14 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Савхози-Турдии ноҳияи М.Ҳамадонии ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Амалиёти рамзии «Пиёдагард»

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардону велосипедронҳо дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҷониби Шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон амалиёти мақсаднок бо номи рамзии «Пиёдагард» аз 20 то 30-юми майи соли 2021 баргузор гардида истодааст.
Аз ҷониби кормандони масъули ШБДА пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо аҳолӣ оиди пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Ҳамарӯза барои ошкор ва пешгирии ҳолатҳои аз тарафи пиёдагардон, велосипедронҳо, кудакону наврасон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, яъне аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур намудани роҳ, дар қисмати мошингарди роҳ идора намудан вилосипеду мотоаробаҳо, сафарбар карда шудаанд.
Новобаста аз он, ки кормандони ШБДА бо пиёдагардон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳаракати дуруст дар роҳҳоро мегузаронанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиёдагардон ҳангоми убури роҳ аз чароғаки роҳнамо, аломатҳои танзимкунанда истифода накарда, боиси ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ мегарданд.

Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки ҷойҳои манъшударо убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button