ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ СОБИҚ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБМАД АМИРОВ

Профессор Раҷабмад Амиров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон субҳи 26 май дар синни 67 бар асари бемории ҷигар аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи ӯ қабл аз пешин дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Радиои Озодӣ аз қавли ҳамкорони Раҷабмад Амиров хабар дод, ки ӯ солҳои ахир аз дарди ҷигар ранҷ мебурд, вале бо вуҷуди беморӣ то як ҳафтаи охир ба кор мерафт. Амиров солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор мекард.

Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар деҳаи Балучҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омада, сол 1974 Донишкадаи санъати Тоҷикистоно хатм кардааст. Ӯ баъди хатми донишгоҳ то соли 1977дар саффи Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии демократии Олмон хидмат карда, боқӣ умри худро сарфи илму фарҳанг кардааст.

Раҷабмад Амиров дар тӯли собиқаи кориаш ба ҳайси муаллими кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии ДДСТ (1977—1979), аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. Крупская (1979—1982), муаллими калони кафедраи маданӣ-маърифатӣ (1984), декани факултети корҳои маданӣ-маърифатӣ (1984—1989), ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1989—1990) ва ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1990—2001), муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ (2001—2004) кор карда, аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Баъди рафтан аз маоқми вазирӣ, Раҷабмад Амиров дар мақоми ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов (2007—2014) ва аз соли 2014 дар мақоми ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ кор мекард.

Раҷабмад Амиров номзади илмҳои педагогика (1983), профессор (1992), Арбоби Ҳунари Тоҷикистон (1997), узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоот (1999) ва муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг мебошад.

Ӯ ҳамчунин вакили Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе (солҳои 1990—1995) ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (солҳои 2001—2005), раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия (аз соли 1998) ва раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ (аз соли 2012) буд.

Раҷабмад Амиров бо медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он» Ҷопон (2005) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II, соли 2005) қадрдонӣ шудааст.

Осор

  • Методика подготовки клубного сценария: Методические советы работникам клубных учреждений, Д., 1980;
  • Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва ҷои зист, Д., 1983;
  • Республиканская комплексная программа эстетического воспитания населения Таджикской ССР, Д., 1989;
  • Истиқлоли фарҳангӣ, Д., 2001; Бозтоби фарҳанг, Д., 2005;
  • Фарҳанг дар ташаккули маънавиёт, Д., 2005.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button