ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ 25 КИЛО МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР БАДАХШОН (ВИДЕО)

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъовар дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 12 май дар ҳудуди деҳаи Барчид, ҷамоати Поршинев, ноҳияи Шуғнон, шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Ширинҷонов, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекорро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир кардаанд.

Агентии зидди маводи мухаддир гуфт, ки Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ барои тафтишот номаълум боқӣ мемонад, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ,  ба хариду фурӯш ва интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир даст задааст.

“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков тааллуқ дошт,  50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад”, – хабар додааст маркази матбуоти Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Фаромӯз Аҳмадбеков бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 200, қисми 4 банди “д” (муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург) ва 289, қисми 3 (қочоқи маводи мухаддир) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба Аҳмадбеков барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бар асоси моддаи 200 ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон  ва барои қочоқи маводи мухаддир бар асоси моддаи 289  аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди афюн, ҳашиш ва ҳероини дунё, қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад ва садҳо нафар бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мешаванд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия низ тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button