ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

АКА ГУФТАМ, ГУФТӢ, АКААТ ДАР АФРИКА БАНАН ХӮРДА ИСТОДААСТ… ҚИССАИ ТАЛХИ ЯК ҚУРБОНИИ ШИКАНҶА (ВИДЕО)

Як сокини Тоҷикистон, ки бар асари латтукӯб ва шиканҷа дар шуъбаи милиса маъюб шудааст, суҳбати телефониаш бо яке аз милисаҳоеро, ки ӯро азобу уқубат додаанд, сабт кардааст.

Дар ин сабт, ки як нусхаашро рӯзи 26 май ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ирсол карданд,  марди ҷавоне дида мешавад, ки чанд ҷои рӯяш зоҳиран бар асари латтукӯб сиёҳу кабуд шудааст.

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин навор маълум нест, вале дар сабт дида мешавад, ки ин ҷавон бо телефон ба корманди милиса нақл мекунад, ки чанд рӯз боз пушти дари беморхонаву прокуратура давутоз дорад. Вақте корманди шуъбаи милиса сабаб мепурсад, ин ҷавон нақл мекунад, ки ташхиси табибон ба хулосае расидааст, ки пардаи гӯши ӯро даррондаанд.

Ӯ ба корманди милиса, ки худро ба нодонӣ мезанад, мегӯяд, ки “дар ёдат ҳаст, вақте дар шуъба мезадеду ман ака мегуфтам тарафатон, мегуфтӣ, ки акаат дар Африка банан хӯрда истодааст. Вале ман шоҳид дорам. Зане дид ин ҳамаро ва омада, ба ҳамсарам ҳам гуфтааст, ки шавҳаратро дар шуъба панҷкаса чунон заданд, ки ҳама қабурғаҳояш шикасту рехт…”

Бино ба нақли ин ҷавон, ӯро гӯё бо гумони даст доштан дар фурӯхтани кадом чорвои дуздӣ дастгир карда ва шиканҷа додаанд, то ки гуноҳи нокардаро ба калла бигирад.

Бо шиканҷа ва азобу уқубат ба эътирофи гуноҳ маҷбур кардани дастгиршудаҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон яке аз мавридҳои умдаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо даъвати созмонҳои байналмилалӣ ҳатто як банди вижаеро дар Кодекси ҷиноятӣ шомил кард, ки барои шиканҷа ҷазои шадид пешбинӣ мекунад. Аммо дар аксари мавридҳо парвандаҳои кормандони ба шиканҷа муттаҳами мақомот бо моддаҳои ҷазояш хеле сабуктар, ба мисли берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ таҳқиқ мешаванд ва дар ниҳоят гунаҳкорон бо ягон ҷазои рамзӣ, ба мисли ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button