ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЁВОН, ДАНҒАРА ВА ДУШАНБЕ

ВКД хабар дод, ки дар байни камтар аз як шабонарӯз – аз шаби 23 май бо нимарӯзии 24 май – бар асари се садама дар Ёвон, Данғара ва Душанбе се нафар ба ҳалокат расида, дастикам 4 нафари дигар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Шаби 23 май, соати 21:10, пиёдагард Эргашов Шодмон, сокини 62-солаи ноҳияи Ёвон дар роҳи байни шаҳраки Ёвон ва деҳаи Ваҳдат-1 зери чархи мошини “Дэу-Сиэло” таҳти идораи Хайриддин Раҳимов, сокини 27-солаи деҳаи А.Навоӣ монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон додааст.

Субҳи 24 май, соати 09:00, бар асари  дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба чуқурии умқаш 38 метр чаппа шудани мошини “Мерседес”, таҳти идораи Бегиҷон Назаров, сокини 37-солаи ноҳияи Темурмалик, ки аз Душанбе ба самти ноҳияи Темурмалик мерафт, як мусофири ин мошин – сокини 28-солаи ноҳияи Темурмалик Наимов Фаридун Неъматович дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар: Даврон Исмонов, с.т. 1983 ва Ҷамшед Бӯрихонов, с.т. 1984, ҳарду сокинони ноҳияи Темурмалик, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Рӯзи 24 май, соати 13:30, ронандаи мошини «Опел-Астра», Шоев Фаррух, сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамови пойтахт, ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини тамғаи «Опел-Астра-Аш», таҳти идораи Сангинов Абдулло, сокини 25-солаи ноҳияи Истаравшан, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири «Опел-Астра», Муҳиддинова Одинабибӣ, соли таваллудаш 1964, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи «Опел-Астра» Шоев Ф.Р. ва ноболиғ Фархундаи Хушвахт, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Восеъ, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Рух додани якчад садамаи нақлиётии марговар

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзи 24-уми майи соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шоев Фаррух Рустамович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамови пойтахт, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Аш», таҳти идораи Сангинов Абдулло Абдурақибович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муҳиддинова Одинабибӣ Ҳайбуллоевна, соли таваллудаш 1964, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Шоев Ф.Р. ва ноболиғ Фархундаи Хушвахт, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидаанд.
Рӯзи 24-уми майи соли 2021, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Назаров Бегиҷон Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти н.Темурмалик, дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи мазкурро ба тарафи чапи роҳ бароварда, дар чуқурии 38-метр чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Наимов Фаридун Неъматович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Темурмалик, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашина Исмонов Даврон Фарҳодович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Темурмалик ва Бурихонов Ҷамшед Дониёрович 1984, сокини ноҳияи Темурмалик, ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Рӯзи 23-юми майи соли 2021, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЕУ-СИЕЛО”, Раҳимов Хайриддин Тағоевич, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи А.Навоии ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия дар ҳудуди деҳаи Ваҳдат-1 бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Эргашов Шодмон, соли таваллудаш 1959, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Эргашов Ш. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button