Муҳоҷирон

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН РУБЛ ФИРЕБ ДОДААСТ

Як сокини 48-солаи ноҳияи Шоҳмансур бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст.ВКД гуфт, ки ӯ моҳи майи соли 2021 ҳангоми дар Русия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини кӯчаи Деҳотии ш. Душанбе даромада, аз ӯ якуним миллион рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар шаҳри Душанбе ба бародари ӯ, марди 33-сола медиҳад.Вале аз ин маблағ ҳамагӣ 400 000 рубли русӣ ва 3 ҳазору 500 доллари амрикоиро дода, боқимонда пулро ба манфиати худаш сарф намудааст. Ҳамин тариқ, меафзояд ВКД, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 70 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки 10-адад чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб додааст.

ххххххх

Як сокини 29-солаи қаблан бо ҷурми роҳзанӣ судшудаи ноҳияи Б.Ғафуров ва сокини 57-солаи Хуҷанд бо гумони дуздии чорво дастгир шудаанд. ВКД гуфт, онҳо шаби 19 май, тахминан соати 23:00, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Урунхоҷаев»-и ҷамоати Унчии ноҳияи Б.Ғафуров, 2 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 57-солаи сокини ҳамин ҷамоат тааллуқ доранд, дуздидаанд. Зарари расонидашуда 9000 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин ду дастгиршуда акнун барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи майи соли 2021 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини кӯчаи Деҳотии пойтахт даромада, аз ӯ 1 500 000 рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар шаҳри Душанбе ба бародари ӯ, марди 33-сола медиҳад.
Номбурда аз ин маблағ ҳамагӣ 400 000 рубли русӣ ва 3 ҳазору 500 доллари амрикоиро дода, боқимонда 611 ҳазору 750 рубли русиро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 70 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки 10-адад чиптаи ҳавопаймо ба самти Федератсияи Россия гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб дода, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда аз ҷониби Прокуратураи ш.Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати дуздии чорво

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2014 бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, рӯзи 19-уми майи соли 2021, тахминан соати 23:00, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Урунхоҷаев»-и ҷамоати деҳоти Унчии ноҳияи Б.Ғафуров, 2 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 57-солаи сокини ҳамин ҷамоат тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9000 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button