Видео

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 25 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ceшанбе, 25 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ЗАМОНИ ҲАБСИ ИЗЗАТ АМОН ДУ МОҲИ ДИГАР ТАМДИД ШУД

ЭЪТИРОЗИ МАРДУМ ДАР ДЕҲАИ ДЕГДОНАКИ ҶАМОАТИ МУҶИХАРФ

ҲАМЛАИ АМРИДДИН НАҚШОВ БА РАҲБАРИ ШИРКАТИ “МИНУ ФАРМ” ДАР ДАНҒАРА

БОЗДОШТИ ДУ ДУХТАР ДАР ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ ДАЪВАТ БА “НЕСТ КАРДАНИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН”

ҲАБСИ ДУ ҶАВОН АЗ ИСПЕЧАК БАРОИ ГАППАРТОӢ ВА ЛАТТУКӮБИ СЕ АПАЮ ХОҲАР

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ ЯКУНИМ МИЛЛИОН РУБЛ ФИРЕБ ДОДААСТ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЁВОН, ДАНҒАРА ВА ДУШАНБЕ

ҶАСАДИ ЯК ҶАВОНЗАНРО АЗ ДАРЁИ ВАРЗОБ ЁФТААНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 25 май бо дархости тафтишот замони ҳабси ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амонро то 2 моҳи дигар тамдид кард.  Ӯ акнун то 24 июл дар боздошт боқӣ мемонад. Тафтишот мегӯяд, 11 нафар ба мақомот арз кардаанд, ки Иззат Амон гӯё онҳоро дар Русия фиреб дода, пулашонро гирифтааст, вале корашонро буд накардааст.

Иззат Амон, ки рӯзи 25 марти соли ҷорӣ ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд,  бар асоси қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун  ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ваё  аз 8 то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Наздикону тарафдорони Иззат Амон ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки  ӯ барои танқидҳояш аз мақомоти Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Моҳи марти соли 2021 додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амонро, ки ҳанӯз соли 1996 ба даст оварда буд, бекор кард ва алакай рӯзи 25 март ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. ВКД Тоҷикистон рӯзе баъд эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд. Ӯ соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи аз лиҳози миқёсу домана бесобиқаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Иззат Амон нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба Тоҷикистон – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017, вақте хатари ихроҷ болои сараш омад, маҷбур шуд барои тақрибан ним сол худаш тарки Русия кунад.

xxxxxxxxxxxx

Рӯзи 25 май Саид Табаров дар Фейсбук видеои гирдиҳамоии сокинони деҳаи Дегдонаки ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нурободро нашр кард. Дар видеои чордақиқагӣ дида мешавад, ки мардум дар маркази деҳа ҷамъ шуда, эътироз доранд.

Дар видео садои доду фарёди мардум шунида мешавад ва ҳам дида мешавад, ки мақомот барои ором ва пароканда кардани сокинони кормандони милисаро ҷалб кардаанд.

Муаллиф дар шарҳи сабабҳои эътирози сокинон дар зери видео навишт: Ин мардум дар ноҳияи Нуробод дар охирин дешаи  дараи Муҷихарф зиндагӣ мекунанд. Ин мардум ҳамааш заминҳои чарогоҳ доранд, ки ҳарсола андози заминро дар тирамоҳ месупоранд. Аммо баҳор, ки шуд, вақти истифодаи замин мансабдорон омада заминҳоро ба зӯр ба дигарон мефурӯшанд. Имсол мардум нахостанд, ки заминҳояшонро ба дигарон диҳанд.”

Солҳои охир бисёре аз заминҳои чарогоҳ дар атрофи рустоҳо дар Тоҷикистон, ки дар тӯли даҳсолаҳо барои чаронидани чорвои мардум истифода мешуд, ба ихтиёри одамони пулдору пуштдор дода шуданд ва дар натиҷа, мардум барои чаронидани чорвояш дигар ҷое пайдо карда наметавонад. Ин мавҷи норозигиҳоро дар байни сокинони деҳот, бахусус онҳое, ки зиндагиашонро аз ҳисоби чорводорӣ пеш мебаранд, ба бор овардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи апрел хабар дод, ки дар пайи баррасии  шикояти дастаҷамъии сокинони деҳаи Гулрӯд (собиқ Қудуқ)-и ноҳияи Восеъ дар мавриди  ғасби тамоми заминҳои чарогоҳ дар атрофи ин деҳа аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб”, роҳбарони ин ду хоҷагӣ розӣ шуданд, ки аз ҳисоби заминҳои худ барои халқ замини чарогоҳ ҷудо кунанд.  Аз ҷумла хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” розӣ шудааст, ки 40 гектар ва хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” 15 гектар аз заминҳои худро дар ихтиёри халқи Гулрӯд (Қудуқ) гузоранд.

ххххххххххххххх

Амриддин Нақшов, мудири корхонаи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст доштан дар як занозании хунин дар Данғара гумонбар мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Ин ҳамла шаби 16 май дар маҳаллаи 7уми шаҳраки Данғара рух дода, 7 тан аз шарикони Амриддин Нақшов дастгир шудаанд, вале ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мақомот ҳанӯз ба боздошти Амриддин Нақшов ҷуръат намекунанд.

Дар занозанӣ 10 нафар ҷароҳат бардошта, аз ҷумла 4 нафари онҳо, бо шумули Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғара ва раҳбари ширкати “Мину Фарм” корд хӯрдаанд. Аксар осебдидагон, ки дар беморхонаи Данғара ва шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, рухсат шудаанд, вале Сайёд Ғиёсов дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ аз пой ва шикамаш чаҳор зарбаи корд хӯрдааст.

Мақомот ҳодисаи занозанӣ дар Данғараро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи шоҳидон, Нақшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд, аммо Сайёд Ғиёсов хоҳиши шахсони фиристодаи Амриддин Нақшовро рад кардааст.

“Вақти шом шахсе бо номи Пайрав ба Сайёд занг зад ва гуфт, ки ба тарабхонаи марбут ба Нақшов равад, чун Амриддин гап дорад. Муҳофизони ширкат дар ҳамон ҷо буданд. Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд. Яке аз онҳо ба Амриддин занг зада, гуфт, биё. Бо мошини “ҷип” корд дар даст омад. Дигар ба ҳамла гузаштанд. Дертар як мошини дигар омад ва онҳо низ ба задан ҳамроҳ шуданд”,–нақл кардааст шоҳиди ҳодиса.

Амриддин Нақшов писари боҷаи президент Файзиддин Нақшов  аст, ки мудири шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нақшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст, ки дар минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

ххххххххххххххх

Дар ноҳияи Панфилови вилояти Чуйи Қирғизистон ду нафаре дастгир шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, тавассути WhatsApp сокинони деҳаи Чолдоварро ба нест кардани шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекарданд. Онҳо ба барангехтани низоъи байни миллатҳо айбдор мешаванд.

Маркази матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Чуй рӯзи 24 май хабар дод, ки рӯзи 5 май кормандони милитсия паёми садоиеро дарёфт карданд, ки тавассути мессенҷери WhatsApp паҳн карда мешуд. Дар он як зани ношинос аз сокинони деҳаи Чолдовари ноҳияи Панфилов, ки дар тақрибан 20километрии маркази ноҳия ҷойгир шудааст, даъват мекард, ки “шаҳрвандони Тоҷикистонро нест кунанд.” Ин қазияро ибтидо дар Феҳристи ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои Қирғизистон (ЕРПП) бар асоcи моддаи 119 ҳамчун майдаавбошӣ сабт кардаанд. Вале ташхиси матни даъват дар он ҷой доштани даъватҳо ба  барангехтани кинаю адовати байни миллатҳоро ошкор кардааст ва ба ин далел иттиҳоми ин парвандаро аз майдаавбошӣ ба барангехтани низоъи байни миллатҳо тағйир додаанд.

 Кормандони Хадамоти мубориза бо ифротгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунии Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Чуй шахсияти занеро ҳам, ки ин даъватҳоро паҳн мекард, муайян кардаанд.

Кормандони милитсия рӯзи 22 май Г.Н., соли таваллудашон 1998 ва К.Н., соли таваллудаш 2001ро  дастгир карданд. Онҳоро додгоҳ алакай ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ин дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон бо  Қирғизистон аст, ки бо 55 куштаву 240 захмиаш (36 кушта ва 154 захмӣ – аз тарафи Қирғизистон ва 19 куштаю 87 захмӣ – аз ҷониби Тоҷикистон  – пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки умуман пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

ххххххххххххххх

РВКД Душанбе хабар дод, ки  бар асоси шикояти се апаю хоҳар ду сокини ҷавони кӯчаи Испечак: Ҳусейн Ғаниев, санаи таваллудаш 07.11.1997 ва Алиҷон Қурбонов, санаи таваллудаш 28.05.1996, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбат ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ин ду ҷавон бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Се апаю хоҳар бо ирсоли навор ба мақомоти милитсияи Душанбе шикоят кардаанд, ки ҳангоми сайругашт  ҳамроҳи кӯдакони ноболиғи худ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ чанд ҷавони авбош ба онҳо  гаппартоӣ карда, бо алфози қабеҳ дашном додаанд ва латтукӯб кардаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, ҳодиса шаби 14 май, соати 20:30 рӯй дода, тафтишот муайян кардааст, ки “Ғаниев Ҳусейн ҳамроҳи рафиқаш Қурбонов Алиҷон ҳангоми дар назди манзили истиқоматии ҷабрдидагон воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштан, нисбати ин 3 хоҳарон, гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон дастгиршуда Ғаниев Ҳусейн бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лағат зери латукӯби қарор дода, ба яке аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.”

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон аз он изҳори таассуф кардааст, ки “баъзе аз ҷавонписарон аз бартарияти ҷинсии худ истифода бурда, ҷавондухтаронро дар кӯчаву роҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо мавриди озор қарор медиҳанд.”

ххххххххххххххх

ВКД хабар дод, ки дар байни камтар аз як шабонарӯз – аз шаби 23 май бо нимарӯзии 24 май – бар асари се садама дар Ёвон, Данғара ва Душанбе се нафар ба ҳалокат расида, дастикам 4 нафари дигар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Шаби 23 май, соати 21:10, пиёдагард Эргашов Шодмон, сокини 62-солаи ноҳияи Ёвон дар роҳи байни шаҳраки Ёвон ва деҳаи Ваҳдат-1 зери чархи мошини “Дэу-Сиэло” таҳти идораи Хайриддин Раҳимов, сокини 27-солаи деҳаи А.Навоӣ монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон додааст.

Субҳи 24 май, соати 09:00, бар асари  дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба чуқурии умқаш 38 метр чаппа шудани мошини “Мерседес”, таҳти идораи Бегиҷон Назаров, сокини 37-солаи ноҳияи Темурмалик, ки аз Душанбе ба самти ноҳияи Темурмалик мерафт, як мусофири ин мошин – сокини 28-солаи ноҳияи Темурмалик Наимов Фаридун Неъматович дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар: Даврон Исмонов, с.т. 1983 ва Ҷамшед Бӯрихонов, с.т. 1984, ҳарду сокинони ноҳияи Темурмалик, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Рӯзи 24 май, соати 13:30, ронандаи мошини «Опел-Астра», Шоев Фаррух, сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамови пойтахт, ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини тамғаи «Опел-Астра-Аш», таҳти идораи Сангинов Абдулло, сокини 25-солаи ноҳияи Истаравшан, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири «Опел-Астра», Муҳиддинова Одинабибӣ, соли таваллудаш 1964, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи «Опел-Астра» Шоев Ф.Р. ва ноболиғ Фархундаи Хушвахт, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Восеъ, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

ххххххххххххххх

Рӯзи 24 май аз дарёи Варзоб дар ҳудуди деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ҷасади як ҷавонзанро пайдо кардаанд. Дар ин бора ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар додааст. Ғаввосони воҳиди наҷотбахши раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса омада, ҷасади як зани зоҳиран 20-22-соларо аз об берун кашида, ба мақомоти милитсия супурдаанд. Тафсилоти дигар ҳанӯз дастрас нест. Маълум нест, ки ин зан худкушӣ кардааст ваё аз беэҳтиётӣ дар дарё ғарқ шудааст? Таҳқиқот дар ин робита идома дорад.

Бино ба ҳисобҳо, аз аввали соли ҷорӣ беш аз 30 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи ғарқшудаҳо ноболиғон мебошанд.

ххххххххххххххх

Як сокини 48-солаи ноҳияи Шоҳмансур бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст.ВКД гуфт, ки ӯ моҳи майи соли 2021 ҳангоми дар Русия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини кӯчаи Деҳотии ш. Душанбе даромада, аз ӯ якуним миллион рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар шаҳри Душанбе ба бародари ӯ, марди 33-сола медиҳад.Вале аз ин маблағ ҳамагӣ 400 000 рубли русӣ ва 3 ҳазору 500 доллари амрикоиро дода, боқимонда пулро ба манфиати худаш сарф намудааст. Ҳамин тариқ, меафзояд ВКД, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 70 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки 10-адад чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб додааст.

хххххххххххххххххх

Як сокини 29-солаи қаблан бо ҷурми роҳзанӣ судшудаи ноҳияи Б.Ғафуров ва сокини 57-солаи Хуҷанд бо гумони дуздии чорво дастгир шудаанд. ВКД гуфт, онҳо шаби 19 май, тахминан соати 23:00, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Урунхоҷаев»-и ҷамоати Унчии ноҳияи Б.Ғафуров, 2 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 57-солаи сокини ҳамин ҷамоат тааллуқ доранд, дуздидаанд. Зарари расонидашуда 9000 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин ду дастгиршуда акнун барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button