ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАБСИ ДУ ҶАВОН АЗ ИСПЕЧАК БАРОИ ГАППАРТОӢ ВА ЛАТТУКӮБИ СЕ АПАЮ ХОҲАР (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки  бар асоси шикояти се апаю хоҳар ду сокини ҷавони кӯчаи Испечак: Ҳусейн Ғаниев, санаи таваллудаш 07.11.1997 ва Алиҷон Қурбонов, санаи таваллудаш 28.05.1996, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбат ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ин ду ҷавон бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Се апаю хоҳар бо ирсоли навор ба мақомоти милитсияи Душанбе шикоят кардаанд, ки ҳангоми сайругашт  ҳамроҳи кӯдакони ноболиғи худ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ чанд ҷавони авбош ба онҳо  гаппартоӣ карда, бо алфози қабеҳ дашном додаанд ва латтукӯб кардаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, ҳодиса шаби 14 май, соати 20:30 рӯй дода, тафтишот муайян кардааст, ки “Ғаниев Ҳусейн ҳамроҳи рафиқаш Қурбонов Алиҷон ҳангоми дар назди манзили истиқоматии ҷабрдидагон воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштан, нисбати ин 3 хоҳарон, гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон дастгиршуда Ғаниев Ҳусейн бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лағат зери латукӯби қарор дода, ба яке аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.”

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон аз он изҳори таассуф кардааст, ки “баъзе аз ҷавонписарон аз бартарияти ҷинсии худ истифода бурда, ҷавондухтаронро дар кӯчаву роҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо мавриди озор қарор медиҳанд.”

“Воқеан нисбати зан-модар ва ҳатто дар назди фарзандони ноболиғи онҳо раво дидани чунин бадрафторӣ аз оини ҷавонмардӣ набуда, ин амали ғайриинсониву ғайриқонунии гумонбаронро ҳамагон маҳкум менамоянд”,  – таъкид кардааст маркази матбуоти РВКД Душанбе.

Латукӯби се хоҳарон баъди гаппартоӣ: ҷавонони бадахлоқ боздошту ба ҳабс гирифта шуданд!

  Новобаста аз он, ки аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбати ҷавонони бадахлоқу авбош барои гаппартоӣ, дашному ҳақорат ва таҳқири занону бонувон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда, ҳеҷ як кирдори зиддиҳуқуқӣ беҷавоб намемонад, ҳанӯз ҳам дар ҷомеа ин падидаи номатлуб решакан нагардида, баъзе аз ҷавонписарон аз бартарияти ҷинсии худ истифода бурда, ҷавондухтаронро дар кӯчаву роҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо мавриди озор қарор медиҳанд. Аз ҷумла 3-нафар ҷавонзанон-апаву хоҳарон, сокинони шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ва ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати як гурӯҳ ҷавонписарони авбош чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҷавонони авбош ҳангоми дар кучаи Ҳ.Шерозӣ ба гаштугузор машғул шудани муроҷиаткунандагон ҳамроҳи фарзандони ноболиғашон, нисбати 3 хоҳарон гаппартоӣ намуда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латтукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои операвтивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт шахсияти ҷавонони дар навор инъикосёфта муайяну дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас гардиданд. Инҳо шаҳрвандон:
Ғаниев Ҳусейн Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 07.11.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак;

Қурбонов Алиҷон Нуруллоевич, санаи таваллудаш 28.05.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак мебошанд.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши шоҳидону гумонбарон муайян карда шуд, ки санаи 14-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқаи шаб Ғаниев Ҳусейн ҳамроҳи рафиқаш Қурбонов Алиҷон ҳангоми дар назди манзили истиқоматии ҷабрдидагон воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштан, нисбати ин 3 хоҳарон, гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон дастгиршуда Ғаниев Ҳусейн бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лағат зери латукӯби қарор дода, ба яке аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
  Воқеан нисбати зан-модар ва ҳатто дар назди фарзандони ноболиғи онҳо раво дидани чунин бадрафторӣ аз оини ҷавонмардӣ набуда, ин амали ғайриинсониву ғайриқонунии гумонбаронро ҳамагон маҳкум менамоянд.
  Вобаста ба ин айни замон нисбати ҳар ду Ғаниев Ҳусейн ва Қурбонов Алиҷон тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button