ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарТаърих

ЧАНД ИШТИБОҲ ДАР НАШРИ НАВИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”, КИ БА ҲАР ОИЛА АЗ НОМИ ПРЕЗИДЕНТ ТАҚДИМ МЕШАВАД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2019 дар паёми солонааш дастур дод, то ки ба ҳар оила то ҷашни 30-солагии истиқлоли ҷумҳурӣ китоби “Тоҷикон”, шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуровро тақдим кунанд. Барои ин тарҳи саросарӣ ё миллӣ аз буҷаи давлат садҳо миллион сомонӣ ҷудо шуд, чопи китобро ба як чопхонаи ширкати “Фароз” супориданд ва тавре аз гузоришҳо мехонем, маъракаи тақдими китоби “Тоҷикон” ба оилаҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар алакай шурӯъ ҳам шудааст.

Аммо муаррихи тоҷик Сироҷиддин Каримзода, ки ҳоло дар шаҳри Саратови Русия дар муҳоҷират қарор дорад, иштибоҳҳои ҷиддиеро пайдо кардааст. Ӯ аз ҷумла менависад: “Хатоҳои зиёде забонӣ, услубӣ ва дигар нодурустбаёниҳо ҳамоно дар ин нашр дида мешавад, ки табъи касро хира месозад… Магар барои давлати соҳибистиқлол дар муҳимтарин китоби таърихи миллӣ овардани вожаи хандаовари кӯчиш (с. 54), ки ҳатто дар фарҳанги забони тоҷикӣ (Москва, 1969) низ наомадааст, айб нест? Металлургияи оҳан (с. 66) яъне чӣ? Дар ҳамин саҳифаи китоб омадааст, ки се ҳазор сол муқаддам аҷдоди тоҷик оҳангудозиро омӯхтанд. Пас, ҳамин мардум наметавонад ҷойгузини вожаи металлургияро дошта бошад? Вақте қарор аст, китоб бознашр шавад, магар зарур нест, номи Ленинобод (с.31) дигар карда шавад ё дар қафс тавзеҳ биёяд. Охир 30 сол аст, ки номи ин шаҳр Хуҷанд аст ва номи Ленинобод барои ҷавони 30-сола ғариб аст. Дар ҳамин саҳифа номи Ҷиликӯл низ омадааст. Ё боз дар ҳамин саҳифа райони (?) Данғара омадааст. Ҳайати таҳрири китоб лозим нашумурдаанд, барои хонандаи тоҷик СССР-ро низ Иттиҳоди Шӯравӣ ё ИҶШС нависанд (дар бештари матн). Совхози ба номи Кирови шаҳри Қӯрғонтеппа (с. 47.) низ магар барои хонандаи имрӯз ошно аст? Райони Регари Тоҷикистон (с. 47) чӣ?

Академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз соли 1946 то 1956, тайи 10 сол котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва амалан роҳбари рақами яки ҷумҳурӣ буд, баъди рафтанаш аз ин мақом мудири Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар шаҳри Маскав таъйин шуд. Муҳимтарин китоби зиндагии ӯ  дуҷилдаи “Тоҷикон” аст, ки академик Ғафуров дар давраи кораш дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Маскав таълиф кардааст. Бобоҷон Ғафуров соли 1997 барои китоби “Тоҷикон” ва дигар хидматҳояш сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шуд.

Сироҷиддин Каримзода

Тарҳи миллиро бо ғаразҳои шахсӣ олуда насозед!

Солҳост, ки дар ғурбат ба сар мебарам, вале даме бе ёди ёру диёрам ба сар набурдаам. Маҳз ҳамин ёду хотираҳо маро зинда медоранд. Ёди рӯзгори ширин ва хотироти ишқи рангин. Рӯзи панҷшанбеи гузашта яке аз дӯстони даврони донишҷӯиям, муаллими заҳматкашу ранҷбар аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки бар суфраи пурнеъмати модари худбиёмӯрзаш як пӯд намак хӯрдаам тавассути мусофире бароям панҷ китоб ҳадя фиристод. Шояд бовар накунед, вале вақте дар миёни панҷ китоб чашмам ба ҷилди нави «Тоҷикон» афтод, нахуст онро ба даст гирифтаму бӯсидам. Ман ба хотири муаррих будану шавқи беандоза ба ин китоб доштанам, тамоми нашрҳои он (ҳатто тарҷумаи форсии он дар Кобул)-ро дар китобхонаам нигоҳ медорам. Аммо боз ҳам нашри нави «Тоҷикон»-ро, ки сарчашмаи худогоҳиву бедории мо тоҷикон аст ҳамчун китоби тоза пазируфтаму бар дидагонам молидам.

Китобҳои дигаре ки оварда буданд, аз ҷумла Куллиёти Камоли Хуҷандӣ (дар ду ҷилд), Чеҳраҳои мондагори Эмомалӣ Раҳмон, ро низ аз назар гузарондам. Аммо ба хотири табаррук нашри нави «Тоҷикон»-ро ба даст гирифтаму ба мушоҳидаи камолу ҷамоли он пардохтам. Сифати китоб аз тамоми нашрҳои қаблӣ беҳтар. Воқеан ҳадяи шоҳонаро шоҳона оростаанд. Бояд бигӯям, ки мо донишҷӯёни насли солҳои 80-ум, ки бо ҳамин китоб худро шинохтем ва онро ҳамчун асарҳои асосгузони марксисзму ленинизм конспект карда аз рӯяш имтиҳон супурдаем, тақрибан тамоми ҷузъиёти асарро аз бар медонем. Барои ман ду чиз муҳим буд дар ин нашр, ки ба дунболаш мегаштам. Яке сифати тарҷумаи китоб ва дигар тавзеҳоти ҷадиду ба рӯзи асар. Аммо дареғ, ки на инро пайдо кардаму на онро.

Дар нашрҳои гузашта (аз ҷумла нашри соли 1998) исме аз тарҷумонҳои китоб оварда нашудааст. Дар ин нашр номи Абдуқодир Маниёзов ва Нисор Холмуҳаммадов ҳамчун мутарҷимони китоб аз русӣ ёдовар мешавад. Устодони мо дар Донишгоҳ мегуфтанд, ки беҳтар аст китоби «Тоҷикон»-ро бо русӣ хонед, зеро тарҷумаи тоҷикии он дар сатҳи муносиб намебошад. Дар воқеъ, ҳар кас бо забони ноби тоҷикӣ ошно бошад, хуб медонад, ки тарҷумаи тоҷикии китоб бо забони шикаста ва пур аз хато буда, хосси забони солҳои бесоҳибиву хории забони тоҷикист.

Китоб зери назари академики филолог Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр омода шудааст ва ин академики забоншинос ё адабиётшинос (намедонам кадомӣ аст, зеро ягон асари арзишманд ва дар шаъни академик аз ӯ нахондаам) мебоист ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ намояд. Аммо хатоҳои зиёде забонӣ, услубӣ ва дигар нодурустбаёниҳо ҳамоно дар ин нашр дида мешавад, ки табъи касро хира месозад. Аз ҷумла, дар ҳамон муқаддимаи муаллиф, ҳанӯз ёдам ҳаст ки калимаи “албатта, ба муҳаррири нашри русии китоб” омада, калка аз русӣ буда, ночаспон аст, вале забоншиносони мо онро надидаанд. Магар барои давлати соҳибистиқлол дар муҳимтарин китоби таърихи миллӣ овардани вожаи хандаовари кӯчиш (с. 54), ки ҳатто дар фарҳанги забони тоҷикӣ (Москва, 1969) низ наомадааст, айб нест? Металлургияи оҳан (с. 66) яъне чӣ? Дар ҳамин саҳифаи китоб омадааст, ки се ҳазор сол муқаддам аҷдоди тоҷик оҳангудозиро омӯхтанд. Пас, ҳамин мардум наметавонад ҷойгузини вожаи металлургияро дошта бошад? Калимаи аниқ дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои зебо, хушрӯй ва қашанг омадааст, пас дар ҳар саҳифа бо овардани калимаи ноҳамвори “аниқтараш” (сс.70 ва боз фаровон) мо хонандаи ҷавони тоҷикро чӣ меомӯзем? Ҷаноби академику дастёри филологаш (Масрур Абдуллозода), ки номашро дар ҳайати нашр ҷо кардааст, куҷоро ислоҳ кардаву куҷоро таҳрир кардаанд?

Вақте қарор аст, китоб бознашр шавад, магар зарур нест, номи Ленинобод (с.31) дигар карда шавад ё дар қафс тавзеҳ биёяд. Охир 30 сол аст, ки номи ин шаҳр Хуҷанд аст ва номи Ленинобод барои ҷавони 30-сола ғариб аст. Дар ҳамин саҳифа номи Ҷиликкӯл низ омадааст. Ё боз дар ҳамин саҳифа райони (?) Данғара омадааст. Ҳайати таҳрири китоб лозим нашумурдаанд, барои хонандаи тоҷик СССР-ро низ Иттиҳоди Шӯравӣ ё ИҶШС нависанд (дар бештари матн). Совхози ба номи Кирови шаҳри Қӯрғонтеппа (с. 47.) низ магар барои хонандаи имрӯз ошно аст? Райони Регари Тоҷикистон (с. 47) чӣ?

Ман дар давоми се рӯз китоби «Тоҷикон»-ро танҳо мурур кардам ва тамоми вожаҳои нозаруру хосси замони Шӯравиро боз дидам. Пас, чӣ зарурат буд, чанд олими дигар ба оши тайёр ҳамроҳ шуда, номи худашонро дар китоб ҳамроҳ кардаанд? Шояд хостаанд аз гумномӣ берун оянд.

Масъалаи дигаре ки хеле нигаронкунанда аст, он аст, ки гурӯҳи муаррихони каммоя ва тасодуфӣ ба ҳайси муҳаррир ва масъули нашр ҳамроҳ шуда, танҳо коре ки кардаанд, он будааст, ки осори камарзишу бехаридори худро дар китобномаи асари «Тоҷикон» ҳамроҳ кардаанд. Аз ҷумла се нафар аз муҳаррирон, ки ҷузви як дастаанд – Ҳ. Пирумшоев, Ҳ. Камол ва Н. Убайдулло то тавонистаанд, номи китобҳои хешро дар китобномаи «Тоҷикон» ҷой кардаанд. Инҳо дар саҳифаҳои 950-964-и асар таҳти унвони «Феҳристи сарчашма ва адабиёти наве, ки баъди нашри солҳои 1983-1985 то имрӯз доир ба таърихи халқи тоҷик интишор шудааст» ҳамон осореро ҷойгир кардаанд, ки ё худ хабар доранд ва ё бо муаллифон ягон мушкили шахсие надоранд. Аз ҷумла чор китоби Камол Ҳамза (як китоби нимфалсафӣ (?) ва нимдинӣ (?) бо номи таърихи мазорҳои Тоҷикистони шимолӣ ҳам бо тоҷикӣ ва ҳам бо русӣ ??), панҷ китоби Ҳ. Пирумшоев ва се китоби Н. Убайдуллоев, ки баъзан ҳеҷ рабте ба таърихи халқи тоҷик надоранд ва ё китоби камаҳамият буда, гоҳе таҳияи мавод барои донишҷӯёнанд дар охири китоби «Тоҷикон» зикр шудаанд.

Нахуст ин ки “олимони яке дар илм ҳамчун тангем пайдошуда” мисли Ҳамза Камол ки дар даҳ соли охир ғайр аз ихтилофафканиву мансабталошӣ ва ноком мондан касе аз ӯ чизе нахондааст, бо кадом ҳаққ ба ҳайати таҳририяи китоби академик Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳ карда шудааст. Барои хонандаи тоҷик як нуктаро мехоҳем аз “корномаи” рангини ин “олими яке пайдошуда дар таърих” як нуктаро ёдовар шавам. Ман чанд сол бо ин шахс дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон якҷо фаъолият карда, вайро аз наздик мешиносам ва ҳарчӣ ин ҷо менависам бодалел аст ва агар касе шубҳа дорад, метавонад ба дафтарчаи меҳнатии Ҳамза Камол нигарад ва ё аз ҳамкорони ӯ аз Бунёди фарҳанг то Институти таърих бипурсад.

Ин шахс мувофиқи дафтарчаи меҳнатии ӯ (ки хулосаи он манзури мо шуд), хатмкардаи факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон бо ихтисоси муаллими забону адабиёти тоҷик мебошад. Сипас муддате аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ гардида, муваффақ ба ҳимояи рисолаи номзадӣ намегардад.

Дар ин вақт Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ҳамла мекунад ва Ҳамза Камол низ барои беҳтар кардани вазъи молии худ ба ин кишвар сафар мекунад. Ӯ ҳамин тавр то синни 43 солагӣ аз дару дарвозаи таърих дур буда, на як соат аз ин фан дарс гуфтааст ва на як дақиқа дар заминаи таърих кори илмӣ кардааст. Аммо ин марди саросар “истеъдоду нубуғ” дар Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон бо роҳҳои робитаву зобита ба кор даромада, аз нооромиҳо истифода мебарад ва ба таври “ногаҳонӣ” ҷонишини Гулрухсор Сафиева – шоираи маҳбубу миллӣ мегардад ва пас аз баргаштани номбурда аз ҳиҷрат ҳатто иҷозат намедиҳад, ӯ дубора ба сомзон ва ё ҳатто маҷалла ба кори муқаррарӣ баргардад. Ҳосили фаъолияти “пусамари” ин “нобиға” он шуд, ки бунёди як замон машҳуру таъсиргузор дар кӯча монд ва бинои муҳташами ин созмонро ғайриқонунӣ аз созмон кашида гирифтанд. Охир агар Гулрухсор раиси ин сомзон мебуд, оё касе ҷуръат мекард ки ба чунин кор даст занад? Албатта не! Маҷаллаи машҳуру овозадори Фарҳанг низ аз “баракати” роҳбарии “хирадмандонаи” ин сардабир аз кор монд ва солҳост ки нашр намешавад. Даҳҳо кормандони маошхӯри ин созмони як замон бонуфуз дар кӯча монданд. Ин аст ҳосили сарварии ин олими навбаромад.

Ҳамкорони Ҳамза Камол дар Институти таърих нақл карданд, ки ӯ аз бекорӣ ба ин даргоҳ меояд ва дар муттади 4 сол (!!!) (2003-2007) яку якбора ҳам номзад шудаву ҳам доктор. Барои ин кор дар таги пӯсти директори онвақта Раҳим Масов медарояд. Пас аз он дар давоми панҷ сол (2010-2015) даҳ (!!!) номзад тарбия мекунад. Агар ба ин рӯйхати шогирдони даҳгонаи ин устод назар андозед боз бештар тааҷҷуб мекунед. Дар ин рӯйхат номи ягон тоҷик ва ё тоҷикистониро намебинед. Ҳар даҳ шогирди ӯ шаҳрвандони Эронанд (Рӯйхати шогирдон низ ба дасти мо расид). Ёбеду гиред. Ин донишманд тоҷикро ё намеписандад ва ё чизе аз унвонҷӯи тоҷик барояш суд намемонад.

Ман ҳайронам ки мақомоти илмии Тоҷикистон ба куҷо менигаранд. Шуморо магар виҷдон азоб намедиҳад? Намепурсед боре, ки чӣ тавр як нафари аз илм дур дар давоми 4 сол соҳиби унвон мешавад ва боз дар 5 сол 10 шогирд тарбия мекунад? Охир академик Аҳрор Мухторов – муаррихи номдори тоҷик дар фаъолияти беш аз 50 солаи илмӣ ҳамагӣ 6 номзад тарбия кардааст (мувофиқи шарҳи ҳоли ӯ) ва академики дигари номдори мо ва ифтихори Тоҷикистон Нуъмон Неъматов (мувофиқи шарҳи ҳоли ӯ) низ дар ҳамин муддат даҳ ё каме бештар номзад тарбия кардааст. Муаррихони дигари тоҷикро мешиносам, ки муаррихии касбӣ буда, солҳо дар Донишгоҳҳо кор карда, дар давоми беш аз 40-50 сол роҳбарии аз 4 то 6 нафарро бар дӯш доштаанд. Ягон нафар дар Тоҷикистон намепурсад, ки ин об аз куҷо меояд?

Аҷаб, вақте ҳайати таҳририя номи муаррихи тоҷик Саидов А.-ро, ки бо сирқати илмии бешармона муттаҳам шуд ба китобномаи «Тоҷикон» ворид мекунанд, чаро асари арзишманд дар шарқшиносии Шӯравии собиқи олими тоҷик Ғолиб Ғоибов (Гоибов Г. Ранние походы арабов в Среднюю Азию. Душанбе, 1989; Исмоили Сомонӣ – марди хираду сиёсат. Душанбе, 1998)-ро ҳамроҳ намекунанд. Ин асарҳо аз маҷмуи тамоми навиштаҳои А. Саидов болотар меистаданд. Ё вақте баъе китобҳои дар Эрон ба нашр расидаро, ки чандон бо ҳудуди ҷуғрофӣ ва замонии китоби Тоҷикон мувофиқат надоранд, меоваранд (аз ҷумла китоби сиёсатмадор А. Вилоятӣ «Таърихи равобити хориҷии Эрон дар аҳди шоҳ Аббоси аввали Сафавӣ»), чаро маҷмӯаи мақолаҳои дар тоҷикпажӯҳӣ маъруфи муҳаққиқи тоҷик Мирзо Шукурзода «Тоҷикон дар масири таърих» ва «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (нашри Теҳрон), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (нашри Душанбе)-ро намеоваред? Ҷои дигар (с.954) номи китоби муҳаққиқи эронӣ Ширинбаёниро, ки дар Эрон нашр шудааст (Баёни Ш. Религия и государство в Иране периода монголов. Тегеран, 1991), аввал бо забони русӣ меоваранд ва сипас китоби дигари ӯро бо забони тоҷикӣ навиштаанд (Баяни Ш. (?)Муғулон ва ҳукумати Элхонӣ дар Эрон. Теҳрон, 2008). Шояд онро аз рӯи ягон рисола copy-past кардаанд ва фаромӯш кардаанд, ки сипас таҳрир кунанд?!

Чанде пеш як нафар аз дӯстон бароям навори мусоҳибаи Насрулло Убайдулло раиси кунунии Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ бо рӯзноманигор Ҷонибеки Асрориён дар бораи китоби «Тоҷикон»-ро фиристод. Агар бовар намекунед, худ онро аз бойгонии шабакаи аввали телевизиони тоҷик бипурседу тамошо кунед. Сатҳи як муаллими мактаби миёнаи замони Шӯравӣ аз ин ба истилоҳ профессор ва директори Институт болотар аст. Зимни мусоҳиба ӯ аз суолҳои мусоҳиб ё туфра меравад ва ё аслан ҷавобе надода худи саволро ташреҳ менамояд. Акнун ин шахс ҳам аз қатор кам наомада, осори худро ки на эътиборе дар илми таърихнигорӣ дорад ва на ба мавзӯи китоб робитае дар рӯйхат шомил кардааст.

Ё китобҳое ки ба забони англисӣ дар китобнома омадаанд, дубора ҳамчун “бозёфти” ҳайати таҳририя ворид гардидаанд (мисли мақолаи бо забони англисӣ тарҷумашудаи Б. Литвинский). Суоле ба миён меояд, ки номи ин шогирди намакбаҳаромро пас аз он иддаои бешармонааш нисбат ба китоби «Тоҷикон» ва шахсияти устод Б. Ғафуров шарт буд ба китоб ворид кардан?).

Ҳайати таҳрири китоби «Тоҷикон» зарур нашумурдаанд, осори ба маротиб арзишманди донишмандони ватаниву хориҷиро, ки номи ҳар кадоми он ба хонандаи тоҷик ва хориҷа ошност, дар китоб ҷойгир кунанд. Танҳо номи чанд муаллифро зикр мекунам: Абдуллоев С. (Амирони сомонӣ. Хуҷанд, 1999; Ҷуғрофияи таърихии давлати Сомониён. Хуҷанд, 2000), Оқоҷонов С.Г. (Давлати Сарҷуқиён ва Осиёи Миёна дар асрҳои XI-XII вв. – М., 1991), Бобохонов М. (Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Душанбе, 2001), Бойматов Л. (Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIII-XIV), Давлатзода Д. (Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул Душанбе, 2017), Дафтари Ф. (Традиции исмаилизма. М, 2006), Имом Ш. (Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон. Душанбе, 2006 ); Мухторов А. Сомониён: замон ва макон. Душанбе, 2013), Назаров Х. (Авомили сууд ва суқути Сомониён), Ҳақназаров А. (Муборизаи халқи тоҷик бар зидди хилофати араб: 633-961. Душанбе, 2007; Таърихи боҳамойӣ ва ташаккули халқи тоҷик. Душанбе, 2013), Юсуфшоҳ Я. (Тоҷикон: перомуни этногенез. Душанбе, 1996) ва дигарон. Ин номҳо даҳсолаҳост, ки дар муҳити илмии Тоҷикистон маълум буда, онҳо аз ягон ҷо тасодуфӣ наомадаанд ва осорашон низ хеле шинохта шудааст. Агар китоби соли 2020 нашркардаи Ҳ. Пирумшоев дар бораи Сомониёнро дар ин китоб ҷой додаанд, чаро даҳҳо китоби қабл аз он нашршуда дар ин рӯйхат шомил нашудаанд? Дар ҳоле ки Пирумшоев то ин дам ҳатто як мақола дар бораи Сомониён нашр накардааст ва аслан ба таҳқиқи ин замон ягон робита надорад. Дар худи ҳамин Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ профессор А. Раҷабов осори ба маротиб бештару ҳирфаӣ роҷеъ ба таъриху фарҳанги тоҷикон таълиф кардааст, вале танҳо як асари вайро дар китобнома ҷой додаанд, ки ҷои таассуф аст. Шояд А. Раҷабов низ дар рӯйхати “одамони нозарури” сегонаи қарор дошта бошад?

Медонам, ки сегонаи Пирумшоев-Камолов-Убайдуллоев аз шунидани номи Луқмон Бойматов асабӣ мешаванд, зеро ӯ борҳо газофкориву ҳарзагӯӣ ва дигар корҳои ношоистаи онҳоро фош кардааст, аммо инсофан вақте Луқмон Бойматов номзади илм буд ва дар бахши асрҳои миёна дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон таҳқиқот анҷом медод, ҷомеаи илмии Тоҷикистон на Ҳамза Камолро мешинохт ва на аз Убайдуллоев ном касе хатту хабаре буд. Инсоф ҳам хуб чизест.

Аз миёни муҳаррирони ин нашр Қ. Искандаров ва Н. Амиршоҳӣ, ки муаррихони эътирофшуда дар соҳаи худанд, зарур нашумурдаанд осори худро дар китобнома ҷой диҳанд. Ҳарчанд китоби Н. Амиршоҳӣ дар бораи давлати тоҷикии Куртҳо ва як асари дигар роҷеъ ба сарчашаҳои асримиёна аз маҷмӯи тамоми осори Ҳ. Пирумшоев, ки асоси таълифоташ фақат бозгӯи осори муҳаққиқони рус аст, болотар мебошад.

Хулоса, аз дидани ҷилди китоб ва акси рӯйи он, ки аз як деворанигории асримиёнагӣ гирифта шуда, хеле зебост, дилам шод шуд, вале дохили китоб ва сифати тарҷумаву тавзеҳоти хому олуда бо ҳасади он нороҳат шудам. Он чӣ зикр шуд, як муште аз хирвор буд. Ҳазорон хатои дигари забонӣ дар ин китоб дарҷ ёфтааст, ки акнун хонандагон худ онро хоҳанд дид. Дили кас ба миллионҳо пули будҷаи кишвар ва иқдоми ватандӯстонаи Президенти кишвар месӯзад, ки гурӯҳе аз он ба суди худ истифода мекунанд ва мехоҳанд аз вартаи гумномӣ раҳо ёбанд ва гурӯҳе шояд аз он даромади муфт ҳам ҷӯянд. Аз мост, ки бар мост!

Сироҷиддин Каримзода

муаррих, муҳоҷир,

шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз шаҳри Саратови Федератсияи Росия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button