ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БАРКАНОРИИ РАИСИ МАРКАЗИ БЕҲДОШТИИ СУҒД БАЪД АЗ НАШРИ ХАБАРИ МАВРИДҲОИ НАВИ КОРОНАВИРУС

Абдумавлон Абдуллозода, раиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд (СЭС)  бо  фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Тахмина Усмонова, ки  то кунун мудири маркази беҳдоштии Хуҷанд буд,таъйин шудааст. Абдумавлон Абдуллозода дар мансаби раиси Маркази беҳдоштии вилояти Суғд ҳамагӣ 8 моҳ кор кард. Дар як соли охир раҳбари ин идора инак бори чорум аст, ки иваз мешавад.

Барканории Абдуллозода дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ  ахиран дар бораи бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шуданӣ 4 нафар ва бо аломатҳои илтиҳоби шуш таҳти муоина қарор доштани 15 нафари дигарро дар вилояти Суғд  хабар дод. Абдуллозода аз ҷумла  гуфта буд, ки  як шаҳрванди тоҷикиюласли Арабистони Саудӣ бо номи Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифтанд ва се корманди меҳмонхонаи шаҳри Бӯстонро, ки бо ӯ дар тамос буданд, низ ба гӯшанишинӣ фиристодаанд.

Сарусадоҳо дар бораи бистарӣ шудани 19 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус дар вилояти Суғд ва 13 корманди Созмони Милал дар Душанбе дар ҳоле буд, ки мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ пойфишорона ҳар рӯз гузориш медиҳанд, ки “дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. 

Иддаое ки кам касе бовар мекунад.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон каме бештар аз 13 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 90 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Вале мунтақидон ин омор ва ҳамин тавр, иддаои мақомот дар бораи гӯё дар 5 моҳи аввали соли 2021 ошкор нашудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро зери шубҳа мегузоранд ва бар инанд, ки мақомот миқёс ва доманаи воқеии паҳншавии ин бемориро дар кишвар ба кадом далели норӯшан аз ҷомиа пинҳон нигоҳ медоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button