ВидеоИқтисодТоҷикистон

СОКИНОНИ ОФАТЗАДАИ НАВОБОД БАЪДИ ФУРӮ РАФТАНИ ХОНАҲОЯШОН ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД? (ВИДЕО)

Сокинони деҳаи бар асари офати табиӣ зарардидаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон беш аз ду ҳафта боз дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Вале барои ҳудуди 20 оила аз ин деҳа алакай барои сохтани хонаҳои нав 10-сотихӣ замин ҷудо карданд ва сокинон низ ба сохтмони сарпаноҳи нави худ сар кардаанд. Қарор, ки ин манзилҳои ҳар кадомаш чорҳуҷрагӣ то миёнаҳои моҳи июл сохта шаванд.

Сокинон мегӯянд, мақомот барояшон ҳам хайма, ҳам қитъаи замин ва ҳам барои бунёди хонаҳои нав маводи сохтмон ҷудо кардаанд ва бо маводи ғизоӣ ва ҳатто бо дегу табақу дигар ашёи рӯзгор  таъминашон кардаанд ва аз ин бобат шикояте надоранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид як қитъаи бузурги замин дар деҳаи Навобод чӯкид ва 100 гектар замину 15 хонаро ба коми худ фурӯ бурд.

Анӯшервон Орипов, хабарнигори “Настоящее время”, ки аз деҳаи Навобод дидан ва бо сокинони зарардида суҳбат кардааст, мегӯяд, хонаҳо на якбора, балки батадриҷ зери хок фурӯ рафтанд ва сокинон тавонистанд, ки чорво ва як қисми амволи худро берун бикашанд.

Рӯзона мардони оилаҳои зарардида машғули сохтани хонаҳои навашон мебошанд. Шер Олимов, яке аз онҳо мегӯяд, ки аҳли оилааш ҳоло дар хайма зиндагӣ доранд: “Ман, ростӣ, дар берун хоб меравам, ваел кӯдаконам дар хайма. Хайма хуб аст, рӯз дарунаш салқин аст ва шаб гарм. Замини додагиашон ҳам бад нест. Мешавад. Барои мо 10 сотих замин доданд.”

Нарзигул Воҳидова, раиси ҷамоати Дӯстӣ мегӯяд, албатта, таҳияи шароити шоҳона имкон надорад, вале мақомот тамоми кӯшишро карданд,  то ки сокинони зарардида хорӣ накашанд: “Мо мардумро нафақат бо се вақт ғизои гарм ва зарф таъмин кардем, балки бо либос, газ ва об низ таъмин кардем. Ҳамчунин мо метавонем тавассути табибони навбатдор 24 соат дар шабонарӯз ба сокинон кумаки тиббӣ бирасонем. Мо ба инҷо хатти барқ ҳам овардем.”

Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, аз соли 1992 ба ин тараф офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондаанд.

“Сплю снаружи, а дети в палатке”. Как живут пострадавшие от оползня в таджикистанском поселке

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button