Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 24 май бархе тафсилоти садамаи пурқурбонии рӯзи 22 майро, ки боиси ҳалокати 6 узви як оила аз деҳаи Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод шуд, нашр кард. Мақомот мегӯянд, ин садама бо айби ронандаи КАМАЗ рӯй додааст.
Бино ба гузориши ВКД, рӯзи 22 май, тахминан соати 10:30, ронандаи КАМАЗ Мамадуллои Рустамхон, с.т. 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти фурудгоҳи шаҳри мазкур, дар гардиши сероҳаи деҳаи Сангпари ҷамоати Зиракӣ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Икромов Дилшод Назриевич, с.т. 1984, сокини ҷамоати Боғгаии ноҳияи Муъминобод бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, худи ронандаи “Опел-Астра” Икромов Д.Н. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Икромов Фарҳод Назриевич, соли таваллудаш 1983, Гулова Заҳро Шоҳевна, соли таваллудаш 1958, Икромова Майдагул Назриевна, соли таваллудаш 1981, Солиҳова Меҳронбӣ Раҳмонуллоевна, соли таваллудаш 1986 ва хурдсол Назризода Шаҳнозаи Дилшод, соли таваллудаш 2013, сокинони ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Сокинони Мӯъминобод қаблан гуфта буданд, ки Дилшод Икромов, ки дар ин садама ҳамроҳи ҳамсар ва духтари ҳаштсолааш ҳалок шуд, тоза рӯзи 9 май аз Русия омада буд, то иди Рамазонро дар канори наздиконаш ҷашн бигирад. Аъзои ин оила вақте дучори садама шуданд, ки ба тӯйи яке аз хешу ақрабояшон мерафтанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Рух додани садамаи фоҷиабор дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Рӯзи 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз”, Мамадуллои Рустамхон, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти фурудгоҳи шаҳри мазкур, дар гардиши сероҳаи деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Икромов Дилшод Назриевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Икромов Д.Н. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Икромов Фарҳод Назриевич, соли таваллудаш 1983, Гулова Заҳро Шоҳевна, соли таваллудаш 1958, Икромова Майдагул Назриевна, соли таваллудаш 1981, Солиҳова Меҳронбӣ Раҳмонуллоевна, соли таваллудаш 1986 ва хурдсол Назризода Шаҳнозаи Дилшод, соли таваллудаш 2013, сокинони ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.