ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 24 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 24 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ТАБИБ ВА УЗВИ СОБИҚИ ҲНИТ МИРЗОИ ҲОҶИМУҲАММАД ДАР АШТ БОЗДОШТ ШУДААСТ

ҚИРҒИЗИСТОН ҲАРАКАТ ТАВАССУТИ МАРЗ БО ТОҶИКИСТОНРО ПУРРА ҚАТЪ КАРДААСТ

ШАРҲИ ВКД: РОНАНДАИ КАМАЗ, КИ САБАБИ МАРГИ  6  УЗВИ ЯК ОИЛА ШУД, “ПРАВА” НАДОШТ

ВИДЕОИ ҶАНГИ БАЙНИ ДУ ДУХТАРИ ТОҶИКИ МАКТАБХОН ҲАМАРО ШОК КАРД

ДУХТАРИ ТОҶИК БА ЁДИ ПАДАРАШ ДАР АФРИҚО ЧОҲ СОХТ ВА КӮДАКОНРО ХӮРОК ДОД

НАШРИ АКСИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ОДАМКУШӢ

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКИ САРГАРДОН ДАР ҶАНГАЛЗОРҲОИ МАРЗИ БЕЛАРУС БО РУСИЯ

БА ТОҶИКИСТОН 4,6 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ФАЛАҶИ КӮДАК ОВАРДАНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

 Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), табиб ва узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), ки шаҳрвандии Русияро дорад, рӯзи 22 май дар зогоҳаш, ноҳияи Ашт бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ дастгир шудааст. Бар  ӯ бар асоси ин банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Мақомот боздошти Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро ҳанӯз шарҳ надодаанд, аммо пайвандонаш парвандаи зидди ӯро беасос медонанд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад 63 сол ва 5 фарзанд дошта,  аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба дидорбинии наздикон ба Тоҷикистон омада буд. Писараш Фарҳод Ҳоҷиматов рӯзи 24 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “соли 2019 ба мақомоти Тоҷикистон ариза навишта буданд, ки фаъолияти сиёсӣ надоранд. Бемамониат ба ватан рафта меомаданд. Рӯзи 4 феврали имсол бе даъвати ягон кас барои хабаргирии наздикон рафтанд. Билети бозгашташон ба рӯзи 19 феврал харида шудааст, вале бо сабабҳои номаълум парванда кушоданд.”

Вакили ӯ Абдусалом Додобоев гуфт, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад қаблан муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд буд, вале ба қавли наздиконаш, моҳи апрели соли 2015 “бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шуда буд”.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар ҷараёни бозпурсӣ иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо рад карда, гуфтааст, фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои ҲНИТ дар иртибот нест.

Ӯ, ки дар Русия ҳам ба ҳайси табиб кор мекард, дар шабакаи Фейсбук гуруҳи “Тавсияҳои табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад”-ро таъсис дода, аз ҷумла дар бораи роҳҳои пешгирӣ ва табобати коронавирус машваратҳо медод. Бори охир ӯ рӯзи 22 май дар ин гуруҳ матлабе гузошта, онро “Шояд охирсухане перомуни коронавирус” номидааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ҲНИТро ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор ва фаъолияташро дар кишвар манъ кард. ҲНИТ ҳамчунин ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карда шудааст. Вале роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият доранд, даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, мегӯянд, ин ошӯб барои мақомот танҳо баҳонае барои аз саҳна рондани бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

xxxxxxxxxxxx

Мулоқоти Маъруфов бо сокинони Чон Олой

Раиси кобинаи вазирони Қирғизистон Улуғбек Маъруфов (Улукбек Марипов) дар мулоқот бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон–Олойи вилояти Ӯш  гуфтааст, ки мақомоти Қирғизистан ахиран дар бораи “то замони ҳалли мушкилоти мавҷуда пурра қатъ кардани ҳаракат тавассути марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардаанд.” Ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш дар водии Рашти Тоҷикистон, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, ҳамсарҳад аст. Ин қисмати марз ба фарқ аз марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар тӯли даҳсолаҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ нашудааст ва охирин ҳодисаи фавқулодда дар ин қитъаи марз ба вилояти Ӯш шабехун задани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 1999 буд.

Раҳбари ҳукумати Қирғизистон, ки ин хабарро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, тафсилоти дигар наовардааст. Вале тасмими бастани марзҳо аз ҷониби Бишкек дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи ноҳияҳои Исфараву Б.Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо  ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон аст, ки бо 55 куштаву 240 захмиаш (36 кушта ва беш аз 150 захмӣ – аз тарафи Қирғизистон ва 19 куштаю 87 захмӣ – аз ҷониби Тоҷикистон  – пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки умуман пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзӣ дар тамоми

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 24 май президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) дар Сочи бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад. Дар баробари равобити дуҷонибаи Маскаву Бишкек, як мавзӯи асосии дидори ӯ бо Путин роҳҳои оддӣ сохтани равобити Бишкек бо Душанбе дар пайи муноқишаи ахири марзӣ ном бурда мешавад.

Рӯзи 30 апрел дар пайи муноқишаи хунин роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар як гуфтугӯи телефонӣ тавофуқ карда буданд, ки Ҷабборов дар нимаи дуюми моҳи май барои музокирот ба Душанбе меояд. Вале бо онки то поёни моҳи май як ҳафтаи дигар мондааст, то ҳол санаи дақиқи сафари президенти Қирғизистон ба Душанбе эълон нашудааст.

хххххххххххххххх

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 24 май бархе тафсилоти садамаи пурқурбонии рӯзи 22 майро, ки боиси ҳалокати 6 узви як оила аз деҳаи Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод шуд, нашр кард. Мақомот мегӯянд, ин садама бо айби ронандаи КАМАЗ рӯй додааст.

Бино ба гузориши ВКД, рӯзи 22 май, тахминан соати 10:30, ронандаи КАМАЗ Мамадуллои Рустамхон, с.т. 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти фурудгоҳи шаҳри мазкур, дар гардиши сероҳаи деҳаи Сангпари ҷамоати Зиракӣ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Икромов Дилшод Назриевич, с.т. 1984, сокини ҷамоати Боғгаии ноҳияи Муъминобод бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, худи ронандаи “Опел-Астра” Икромов Д.Н. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Икромов Фарҳод Назриевич, соли таваллудаш 1983, Гулова Заҳро Шоҳевна, соли таваллудаш 1958, Икромова Майдагул Назриевна, соли таваллудаш 1981, Солиҳова Меҳронбӣ Раҳмонуллоевна, соли таваллудаш 1986 ва хурдсол Назризода Шаҳнозаи Дилшод, соли таваллудаш 2013, сокинони ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.

Сокинони Мӯъминобод қаблан гуфта буданд, ки Дилшод Икромов, ки дар ин садама ҳамроҳи ҳамсар ва духтари ҳаштсолааш ҳалок шуд, тоза рӯзи 9 май аз Русия омада буд, то иди Рамазонро дар канори наздиконаш ҷашн бигирад. Аъзои ин оила вақте дучори садама шуданд, ки ба тӯйи яке аз хешу ақрабояшон мерафтанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххххх

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ахиран видеои як гуруҳи муҳоҷирони тоҷикро нашр кард, ки мехоҳанд тавассути ҷангал марзи Беларусро бо Русияро убур кунанд. Онҳо ба хотири мардикорӣ роҳии Русия будаанд ва дар байнашон, тавре дар видео дида мешавад, занону кӯдакон низ ҳастанд. Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷирон, аз ҷумла занон борхалтаҳои вазнин дар пушт ҳаракат доранд ва ҳатто кӯдакони хурдсоли онҳо низ сумкае ба пушт доранд ва бархе кӯдакони хасташударо калонсолон сари китф карда, аз пайроҳаи дохили ҷангал пеш мераванд.

Каримҷон Ёров рӯзи 23 май хабар дод, ки тақрибан 10 нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия дастгир шудаанд ва яке аз онҳо Бобоҷон Шайхов аз ноҳияи Фархор ба далели марзии эпилепсия дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, ин муҳоҷирони тоҷик дар марз бо ноҳияи Невели вилояти Пскови Русия дастгир шудаанд. Ба иттилои Каримҷон Ёров, мақомоти Русия муҳоҷирони боздоштшударо ҷарима баста, ба Беларус пас фиристодаанд.

Каримҷон Ёров ахиран дар пайи нашри хабари саргардонии муҳоҷирони тоҷик дар ҷангалзорҳои марзи Русияву Беларус аз ҳамаи ҳамватанон хоста буд, ки барои ворид шудан ба Русия аз роҳи Беларус истифода набаранд, чунки нохудогоҳ худро гирифтори мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ мекунанд ва ба таҳдиди ихроҷ аз Русия ва манъи вуруд ба ин кишвар рӯбарӯ хоҳанд шуд.

ххххххххххххххх

Субҳи якшанбе, 23 май ба Тоҷикистон беш аз 4,6 миллион ваксинаи зидди полиомиелит (фалаҷи кӯдак) овардаанд. Ин ваксинаҳо бо кумаки намояндагиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ (Сандуқи кӯдаки Созмони Милал) дар Тоҷикистон барои баргузории маъракаи миллии ваксиназанӣ аз полиовирус оварда шудаанд.

Ин маърака, қарор аст, аз моҳи май то июли соли 2021 доир карда шуда, дар ҷараёни он бояд ҳудуди 1,4 миллион кӯдаки то синни 6-ро аз полиомелит ваксина бизананд. Ин маъракаро вазорати тандурустии Тоҷикистон бо кумаки  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ  дар чорчӯби Ташаббуси ҷаҳонӣ барои нобуд кардани полиомелит баргузор мекунад. Ин маърака дар пайи ошкор шудани 4 мавриди нави гирифтории кӯдакон ба полиомелит дар Тоҷикистон гузаронда мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки мавриди аввал 22 ноябри соли 2020 дар вилояти Хатлон сабт шуда, ба штамми покистонии полиовирус рабт дода мешавад. Моҳи феврали соли 2021 боз як мавриди полиомелит дар вилояти Хатлон ва рӯзи 8 март ду мавриди нави гирифтории кӯдакон ба ин беморӣ дар Ҳисор сабт шудааст. Ҳамчунин полиовирус дар се мавриди санҷиши муҳити зист аз ҷониби як нуқтаи назорати эпидемиологӣ дар Душанбе ошкор шудааст.

Маъракаи ваксинзанӣ дар ду давра доир мешавад: давраи аввал аз 31 май то 5 июн давом мекунад ва давраи дуюм аз 28 июн то 3 июл. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  гуфт, “пойфишорона аз падару модарон даъват мекунад, ки кӯдакони худро ваксина кунанд.”

ххххххххххххххх

Дар Интернет видеои ҷанги ду духтари мактабхон нашр шудааст, ки мавҷи вокунишҳоро дар байни корбарони тоҷик ба бор овард.

Дар видеое, ки ҳамагӣ ҳудуди ним дақиқа аст, дида мешавад, ки ду духтар – яке бо пироҳани сафеду доман (юбка)-и сиёҳ ва дувумӣ бо футболкаи сиёҳу шими ҷинс дар як роҳи пиёдагарди зери дарахтҳо бо якдигар занозанӣ доранд ва даҳҳо нафари дигар бо ҳаёҳу ҷанги онҳоро тамошо доранд. Дар видео дида мешавад, ки ин ду духтар якдигарро  мушту лагаткӯб мекунанд ва аз мӯи сари якдигар кашола мекунанд.

Дар охир ба духтари ҷинспӯш муяссар мешавад, ки ҳарифашро ба замин афтонад. Ӯ баъди ин ҳам ба латтукӯби он духтар идома медиҳад, вале ин лаҳза билохира духтарони дигар ба байн даромада, онҳоро халос мекунанд.

Бисёрии корбарон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, ки иштирокчиёни ин занозаниро муайян карда, ҳамчун намунаи ибрат барои дигарон ҷазо бидиҳанд.

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин видео маълум нест. Вале аз либоси тунуки наврасон дар видео бармеояд, ки сабт сабти ҳамин рӯзҳои баҳорист.

ххххххххххххххх

Блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд,  дар як маъракаи хайрияи сохтани чоҳи об ва тақсими ғизо барои кӯдакон дар яке аз фақиртарин гӯшаҳои қораи Африқо иштирок карда, ин хайрашро ба ёди падараш бахшидааст.

 “Дар ёди падар”  – ба забони тоҷикӣ чунин номгузорӣ кардааст ин маъракаро Дина Саева ва баннер бо ин навиштаҷоти тоҷикӣ дар қораи Африқо овехта шуда буд.

Акси даҳҳо кӯдаки африқоии ҷамъшуда дар зери баннер бо навиштаҷоти “Дар ёди падар”-ро Дина Саева дар саҳифааш дар Инстаграм нашр кард.

Блогери зодаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки мехоҳад ба Африқо биравад ва чоҳи об созаду кӯдакони гуруснаро бихӯронад. «Ман ин орзуро аз синфи 6 доштам», – гуфта буд Дина.

Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, дар Душанбе ба дунё омадааст.

Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравони ӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.

Дина Саева  солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд.  Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.

Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ Дина Саева зоҳиран мехост ҳангоми пахши мустақим худкушӣ кунад, вале модару хоҳараш сари вақт дари ҳуҷраи ӯро кушода, аз ин роҳ Динаро баргардонданд.

ххххххххххххххх

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия акси як таксирони 24-сола аз Тоҷикистонро, ки ба қатли як ронанда дар пайи як садамаи хурд айбдор мешавад, нашр кард. Исми ин ҷавон, ки дар боздошт қарор дорад, то ҳол нашр нашудааст. Раёсати тафтишоти Санкт –Петербург хабар дод, ки нисбат ба таксирони тоҷик парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро бар асоси қисми якуми моддаи 105 КҶ Русия ба одамкушӣ айбдор кардаанд ва ҳоло масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ баррасӣ мешавад.

 «Аз маводи парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, ки айбдоршаванда рӯзи 22 май дар буриши кӯчаи Криленко ва хиёбони Далневосточний бо корд ба қафаси синаи сокини 26-солаи маҳаллӣ зарба зада, сипас  аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳати бардоштааш дар бемористон вафот кард», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Қаблан нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки шоми 22 май, тақрибан соати 18, муноқишаи байни таксирони ширкати ООО «Ситимобил», шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо як ронандаи 26-солаи сокини шаҳри Санкт-Петербург  дар қисмати шарқии Петербург дар наздикии соҳили дарёи Нева бо қатли ин ронанда аз ҷониби ҷавони хундарҷӯши тоҷик анҷом ёфт.

Ба гуфтаи шоҳидон, ду ронандаи ҷавон дар пайи як садамаи хурд аз гиребони ҳам гирифтанд. Онҳо якдигарро сабабгори ин садама номида, айбдор мекарданд, вале муноқишаашон хеле зуд аз як муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфт ва таксирони тоҷик аз ҷайбаш корд бароварда, ба қафаси синаи рақибаш задааст. Корд рост ба дили сокини Петербург расидааст.

Ҷабрдидаро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” бурдаанд, вале табибон натавонистаанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Таксирони тоҷикро билофосила дастгир кардаанд. Ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххх

Рӯзи 22 май, соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Гулонов Наҷиб Сафарбекович, с.т. 1987, сокини ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи кӯчаи Рӯдакии маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Лаҳмаков Муҳаммадҷон, с.т. 2016, сокини шаҳраки Панҷро пахш намудааст. Дар натиҷа, мутаассифона, кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

ххххххххххххх

Сокинони деҳаи бар асари офати табиӣ зарардидаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон беш аз ду ҳафта боз дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Вале барои ҳудуди 20 оила аз ин деҳа алакай барои сохтани хонаҳои нав 10-сотихӣ замин ҷудо карданд ва сокинон низ ба сохтмони сарпаноҳи нави худ сар кардаанд. Қарор, ки ин манзилҳои ҳар кадомаш чорҳуҷрагӣ то миёнаҳои моҳи июл сохта шаванд.

Сокинон мегӯянд, мақомот барояшон ҳам хайма, ҳам қитъаи замин ва ҳам барои бунёди хонаҳои нав маводи сохтмон ҷудо кардаанд ва бо маводи ғизоӣ ва ҳатто бо дегу табақу дигар ашёи рӯзгор  таъминашон кардаанд ва аз ин бобат шикояте надоранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид як қитъаи бузурги замин дар деҳаи Навобод чӯкид ва 100 гектар замину 15 хонаро ба коми худ фурӯ бурд.

Анӯшервон Орипов, хабарнигори “Настоящее время”, ки аз деҳаи Навобод дидан ва бо сокинони зарардида суҳбат кардааст, мегӯяд, хонаҳо на якбора, балки батадриҷ зери хок фурӯ рафтанд ва сокинон тавонистанд, ки чорво ва як қисми амволи худро берун бикашанд.

Рӯзона мардони оилаҳои зарардида машғули сохтани хонаҳои навашон мебошанд. Шер Олимов, яке аз онҳо мегӯяд, ки аҳли оилааш ҳоло дар хайма зиндагӣ доранд: “Ман, ростӣ, дар берун хоб меравам, ваел кӯдаконам дар хайма. Хайма хуб аст, рӯз дарунаш салқин аст ва шаб гарм. Замини додагиашон ҳам бад нест. Мешавад. Барои мо 10 сотих замин доданд.”

Нарзигул Воҳидова, раиси ҷамоати Дӯстӣ мегӯяд, албатта, таҳияи шароити шоҳона имкон надорад, вале мақомот тамоми кӯшишро карданд,  то ки сокинони зарардида хорӣ накашанд: “Мо мардумро нафақат бо се вақт ғизои гарм ва зарф таъмин кардем, балки бо либос, газ ва об низ таъмин кардем. Ҳамчунин мо метавонем тавассути табибони навбатдор 24 соат дар шабонарӯз ба сокинон кумаки тиббӣ бирасонем. Мо ба инҷо хатти барқ ҳам овардем.”

Ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, аз соли 1992 ба ин тараф офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондаанд.

ххххххххххххх

Ба мақомоти милитсияи ноҳияи Шаҳринав зани 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки рӯзи 9 май, тахминан соати 18:30, ҳангоми дар хонаи Шералӣ ном сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи ошхона телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси С-9”-и ӯро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтари ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати М.Турсунзода бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.

ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button