ВидеоТоҷикистонҶомеа

ҲАМЛАИ АМРИДДИН НАҚШОВ БА РАҲБАРИ ШИРКАТИ “МИНУ ФАРМ” ДАР ДАНҒАРА

Амриддин Нақшов, мудири корхонаи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамла ба раиси ширкати “Мину Фарм” Сайёд Ғиёсов гумонбар мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Ин ҳамла шаби 16 май дар маҳаллаи 7уми шаҳраки Данғара рух дода, шарикони Амриддин Нақшов дастгир шудаанд, вале ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мақомот ҳанӯз ба боздошти Амриддин Нақшов ҷуръат намекунанд.

Аксар осебдидагон, ки дар беморхонаи Данғара ва шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, рухсат шудаанд, вале Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғара ва раҳбари “Мину Фарм” дар ин ноҳия дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ аз пой ва шикамаш чаҳор зарби корд хӯрдааст. Пизишкон вазъашро муътадил мешуморанд.

Мақомот ҳодисаи занозанӣ дар Данғараро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи шоҳидон, Нақшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд, аммо Сайёд Ғиёсов хоҳиши шахсони фиристодаи Амриддин Нақшовро рад кардааст.

“Вақти шом шахсе бо номи Пайрав ба Сайёд занг зад ва гуфт, ки ба тарабхонаи марбут ба Нақшов равад, чун Амриддин гап дорад. Муҳофизони ширкат дар ҳамон ҷо буданд. Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд. Яке аз онҳо ба Амриддин занг зада, гуфт, биё. Бо мошини “ҷип” корд дар даст омад. Дигар ба ҳамла гузаштанд. Дертар як мошини дигар омад ва онҳо низ ба задан ҳамроҳ шуданд”,–нақл кардааст шоҳиди ҳодиса.

Амриддин Нақшов писари боҷаи президент Файзиддин Нақшов  аст, ки мудири шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нақшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст, ки дар минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар занозанӣ меҷӯянд

Радиои Озодӣ


Амриддин Нақшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои ширкат дар як занозанӣ дар ноҳияи Данғара ҷустуҷӯ мешавад. Ҳафт нафар аз ҳамроҳони ӯ дастгир шудаанд.

Нақшов ба он гумонбар аст, ки шаби 16-уми май бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз”, ҳамла кардааст.

Назари ӯ ва пайвандонаш ба ҳодиса маълум нест, аммо ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса ҳудуди даҳ кас ҷароҳат бардошта, дар бадани чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шудааст. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

“Аз ВКД пурсед”

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ҳодисаро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқ дорад. Рустам Раҷабзода, сардори ШКД-и Данғара занозаниро рад накард, аммо гуфт, “тафсилотро аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ пурсед”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро расман шарҳ надодааст.

Аксар осебдидагон, ки дар беморхонаи Данғара ва шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, рухсат шудаанд, вале Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғара ва раҳбари “Мину Фарм” дар ин ноҳия дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ аз пой ва шикамаш чаҳор зарби корд хӯрдааст. Пизишкон вазъашро муътадил медонанд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нақшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод.

Шоҳиди ҳодиса чӣ гуфт?

Ба гуфтаи ӯ, Нақшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд. “Вақти шом шахсе бо номи Пайрав ба Сайёд занг зад ва гуфт, ки ба тарабхонаи марбут ба Нақшов равад, чун Амриддин гап дорад. Муҳофизони ширкат дар ҳамон ҷо буданд. Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд. Яке аз онҳо ба Амриддин занг зада, гуфт, биё, ки моро 50-нафара мезананд. Бо мошини навъи “Ҷип” корд дар даст омад. Дигар ба ҳамла гузаштанд. Дертар як мошини дигар омад ва онҳо низ ба задан ҳамроҳ шуданд”,–нақл кард шоҳиди ҳодиса.

Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо Нақшов ва пайвандони ӯ, ки то куҷо ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, натиҷа надод.

Сайёд Ғиёсов дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ маҷруҳ шудан ва дар беморхона бистарӣ буданашро тасдиқ кард, аммо бо далели хуб набудани вазъи саломатияш шарҳи бештар надод.

Радиои Озодӣ бо се шоҳиди ҳодиса суҳбат кард. Онҳо гуфтанд, ки ҳамлаи Амриддин Нақшовро ба кормандони ширкати “Мину Фарм” дидаанд. Яке аз онҳо гуфт, “Амриддин Нақшов фирор накардааст, аммо мақомот аз боздошти ӯ тарс доранд. Мунтазиранд, ки дар сатҳи болоии ҳукумат ба боздошти ӯ иҷозат диҳанд.”

Нақшов кист?

Амриддин Нақшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нақшов мудири пешини шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нақшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм”, ки бо кормандонаш занозанӣ сурат гирифтааст, аз камтарин ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button