ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ 5-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ”
Рӯзи 22 май, соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Гулонов Наҷиб Сафарбекович, с.т. 1987, сокини ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи кӯчаи Рӯдакии маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Лаҳмаков Муҳаммадҷон, с.т. 2016, сокини шаҳраки Панҷро пахш намудааст. Дар натиҷа, мутаассифона, кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ба мақомоти милитсияи ноҳияи Шаҳринав зани 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки рӯзи 9 май, тахминан соати 18:30, ҳангоми дар хонаи Шералӣ ном сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи ошхона телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси С-9”-и ӯро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтари ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати М.Турсунзода бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 24 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ҳалокати хурдсол дар зери чархи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”
Рӯзи 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Гулонов Наҷиб Сафарбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоти деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Лаҳмаков Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати шаҳраки Панҷро пахш намудааст.
Дар натиҷа, мутаассифона, хурдсол Лаҳмаков М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ошкор гардидани дуздии телефони мобилӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза зани 37-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки 9-уми майи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматии “Шералӣ” ном шахс, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи ошхона 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси С-9”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.