ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ДУ ДУХТАР ДАР ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ ДАЪВАТ БА “НЕСТ КАРДАНИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН”

Дар ноҳияи Панфилови вилояти Чуйи Қирғизистон ду нафаре дастгир шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, тавассути WhatsApp сокинони деҳаи Чолдоварро ба нест кардани шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекарданд. Онҳо ба барангехтани низоъи байни миллатҳо айбдор мешаванд. Мақомоти милиса шахсияти ҳардуро муайян кардааст ва рӯзи 22 май Г.Н. ва К.Н., ду духтари солҳои таваллудашон 1998 ва 2001 дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ин дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон бо  Қирғизистон аст, ки бо 55 куштаву 240 захмиаш (36 кушта ва 154 захмӣ – аз тарафи Қирғизистон ва 19 куштаю 87 захмӣ – аз ҷониби Тоҷикистон  – пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки умуман пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи низоъҳои марзӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Маркази матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Чуй рӯзи 24 май хабар дод, ки дар ноҳияи Панфилов ду нафари гумонбар ба паҳн кардани даъватҳое, ки ҳамчун барангехтани кинаю адовати байни миллатҳо баҳогузорӣ шудааст, дастгир карда шудаанд.

Бино ба маводи парванда, рӯзи 5 май кормандони милитсия паёми садоиеро дарёфт карданд, ки тавассути мессенҷери WhatsApp паҳн карда мешуд. Дар он як зани ношинос аз сокинони деҳаи Чолдовари ноҳияи Панфилов, ки дар тақрибан 20километрии маркази ноҳия ҷойгир шудааст, даъват мекард, ки “шаҳрвандони Тоҷикистонро нест кунанд.”

Ин қазияро ибтидо дар Феҳристи ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои Қирғизистон (ЕРПП) бар асои моддаи 119 ҳамчун майдаавбошӣ сабт кардаанд. Вале ташхиси матни даъват дар он ҷой доштани даъватҳо ба  барангехтани кинаю адовати байни миллатҳоро ошкор кардааст ва ба ин далел иттиҳоми ин парвандаро аз майдаавбошӣ ба барангехтани низоъи байни миллатҳо тағйир додаанд.

 Кормандони Хадамоти мубориза бо ифротгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунии Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Чуй шахсияти занеро ҳам, ки ин даъватҳоро паҳн мекард, муайян кардаанд.

Кормандони милитсия рӯзи 22 май Г.Н., соли таваллудашон 1998 ва К.Н., соли таваллудаш 2001ро  дастгир карданд. Онҳоро додгоҳ алакай ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Тафтиши парванда идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button