Шоми 22 май, тақрмибан соати 18, муноқишаи байни таксирони ширкати ООО «Ситимобил», шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо як ронандаи 26-солаи сокини шаҳри Санкт-Петербург дар буриши кӯчаи Криленко ва хиёбони Далневосточний дар қисмати шарқии Петербург дар наздикии соҳили дарёи Нева бо қатли ин ронанда аз ҷониби ҷавони хундарҷӯши тоҷик анҷом ёфт. Ба ҷавони тоҷик акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи шоҳидон, ду ронандаи ҷавон дар пайи як садамаи хурд аз гиребони ҳам гирифтанд. Онҳо якдигарро сабабгори ин садама номида, айбдор мекарданд, вале муноқишаашон хеле зуд аз як муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфт ва таксирони тоҷик аз ҷайбаш корд бароварда, ба қафаси синаи рақибаш задааст. Корд рост ба дили сокини Петербург расидааст.
Ҷабрдидаро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” бурдаанд, вале табибон натавонистаанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Таксирони тоҷикро билофосила дастгир кардаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.
Лаҳзаи муноқишаи байни ин ду ронандаро дигар ронандагони роҳгузар сабт кардаанд. Шумо метавонед ин сабтро дар сомонаи пойгоҳи хабарии “Невские новости” дар ин суроға бубинед: