ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКИ САРГАРДОН ДАР ҶАНГАЛЗОРҲОИ МАРЗИ БЕЛАРУС БО РУСИЯ (ВИДЕО)

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ахиран видеои як гуруҳи муҳоҷирони тоҷикро нашр кард, ки мехоҳанд тавассути ҷангал марзи Беларусро бо Русияро убур кунанд. Онҳо ба хотири мардикорӣ роҳии Русия будаанд ва дар байнашон, тавре дар видео дида мешавад, занону кӯдакон низ ҳастанд. Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷирон, аз ҷумла занон борхалтаҳои вазнин дар пушт ҳаракат доранд ва ҳатто кӯдакони хурдсоли онҳо низ сумкае ба пушт доранд ва бархе кӯдакони хасташударо калонсолон сари китф карда, аз пайроҳаи дохили ҷангал пеш мераванд.

Каримҷон Ёров рӯзи 23 май хабар дод, ки тақрибан 10 нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия дастгир шудаанд ва яке аз онҳо Бобоҷон Шайхов аз ноҳияи Фархор ба далели марзии эпилепсия дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, ин муҳоҷирони тоҷик дар марз бо ноҳияи Невели вилояти Пскови Русия дастгир шудаанд. Ба иттилои Ёров, онҳоро ҷарима баста, боз ба Беларус пас фиристоданд.

Каримҷон Ёров ахиран дар пайи нашри хабари саргардонии муҳоҷирони тоҷик дар ҷангалзорҳои марзи Русияву Беларус аз ҳамаи ҳамватанон хоста буд, ки барои ворид шудан ба Русия аз роҳи Беларус истифода набаранд, чунки нохудогоҳ худро гирифтори мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ мекунанд ва ба таҳдиди ихроҷ аз Русия ва манъи вуруд ба ин кишвар рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Каримджон Ёров

Аз он нафароне,ки дар сарҳад боздошт шуданд,яктояш ба шифохона ғалтидааст,касали припадка доштааст,тез тез касал мешудааст.Ҳамроҳонаш аз тарсе ки фалокате бо у рух надиҳад бо худ набурдаанд ба Белоруссия.Кормандони ФСБ Русия духтур ҷеғ задаанд,онҳо уро ба шифохона бурдаанд,чун ҳолаш бад будааст.Касе шиносад ба хешу табораш расонад ё бо мо дар тамос шавад.Як занро ёфтем тариқи интернет,лекин рақамҳояшро надод,ки муфасалтар пурсем,ки чи гапу хабар шуд,ҳамин қадар гуфт,ки 10 нафарро сарҳадбонон боздошт карданд,намедонем куҷоянд ва як мошинро бо 4 нафар боздошт карданд ва чи ҳол доранд номаълум.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button