
Овозхони ҷавони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари «Евровидение 2021» дар шаҳри Роттердами Ҳолланд муаррифӣ мекард, дар даври ниҳоии ин озмун дар байни 26 иштироккунандаи ҷои 9-ро ба даст овард. Ин дар ҳолест, ки таронаи ӯ бо номи Russian Woman дар канали расмии «Евровидение» дар Ютуб дар умум беш аз 22 миллион тамошобин ҷамъ оварда, дар байни ҳамаи иштирокчиёни озмун аз ҳама пуртамошобин буд.
Имсол ҷои аввалро дар ин озмун намояндаи Италия Måneskin бо таронаи Zitti E Buoni соҳиб шуд. Ба ин тартиб, соли оянда озмуни «Евровидение» бояд дар Италия доир шавад.
Ҷои дуюмро дар Роттердам овозхони фаронсавӣ Barbara Pravi бо таронаи Voilà бо забони фаронсавӣ ба даст овард. Барбара Прави аз падари серб ва модари эронӣ ба дунё омадааст.
Ҷойи сеюм насиби Gjon’s Tears аз Швейтсария бо таронаи Tout l’Univers гардид. Ин тарона ҳам ба фаронсавӣ буд.