ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ “РОССИЯ” БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва  дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии раиси ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ Носирзода Х.М ва муҳандис-заминсози ҳамин ҷамоат Шомаҳмадов Р.Д. хабар дод. Носирзода ва Шоҳмаҳмадов ба фурӯши ғайриқонунии замин бо сӯиистифода аз ваколати мансабӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешаванд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Носирзода Х.М. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандис-заминсози ҳамин ҷамоат Шомаҳмадов Р.Д. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 0,10 га. қитъаи замини ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуббударо, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Қуштеппа, ба шаҳрванд Сангов Ф.Қ. ғайриқонунӣ доданд.”

Тафсилоти дигари парванда оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ки дар  робита ба ин мавриди фурӯши ғайриқонунии замин нисбат ба Носирзода Х.М. ва Шомахмадов Р.Д. бо моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба раиси ҳамакнун собиқ ва муҳандиси заминсоз акнун бар асоси қисми дуюми моддаи 338, иловаи 1 барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин бо сӯиистифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 912  то 1460  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5  то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.Бар асоси қисми дуюми моддаи 340 ба Носирзода барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то5 сол  таҳдид мекунад.

Ҷамоати Россия (собиқ колхози “Россия”) дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, дар замони Шӯравӣ дар инҷо асосан муҳоҷирон аз водии Фарғона зиндагӣ мекарданд.  Ин мавзеъ ҳамчунин бо силсилаи чойхонаҳову тарабхонҳои пурмуштариаш маъруф аст.

Солҳои охир бо афзоиши аҳолии Душанбе ва камчин шудани замини сохтмон дар пойтахт, шумори онҳое, ки дар канори шаҳр мехоҳанд барои худ хонаву дар бисозанд, хеле афзоиш ёфт. Яке аз минтақаҳое, ки ба далели афзоиши талабот нархи заминаш ба осмон хест, қаламрави ҳамин собиқ колхози “Россия” буд.

Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон, замин дар ин кишвар моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва фурӯши он қатъиян манъ аст. Вале бо ин вуҷуд, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ваё барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақрибан ҳар моҳ мақомоти ин кишвар дар бораи боздошти чандин мансабдор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар медиҳанд.

Баландпоятарин мансабдоре, ки бо чунин ҷурм маҳкум ба зиндон шуд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода (ДАР АКС) буд, ки моҳи июни соли 2020 дастгир гардид ва моҳи ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Баҳром Иноятзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button