РАИСИ БИНО ПУЛИ СОКИНОНРО КУҶО КАРД?

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 22 май аз ошкор шудани ду кирдори қаллобӣ ба маблағҳои бузург хабар дод.
Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза як зани 55-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намудааст, ки як марди 33-сола, ки раиси бинои №41 дар кӯчаи Сино будааст, дар муддати 14 моҳ аз 70 нафар сокини ин бино ва ширкатҳои «Вавилон-Мобайл” ва “Интерком» 49 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бинои мазкурро таъмир мекунад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намуда, хабар додааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи Ҳисор, марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ як мошини тамғаи «Тойота-Каролла»-ро ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.
Дар робита ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.