ИқтисодНомаҳо ба президент

МУРОҶИАТ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ (ВИДЕО)

Ассалому алейкум, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Шаҳр муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ.

Ин бинои истиқоматӣ тааллуқ дорад ба ҶДММ Эҳё бо роҳбарии Сафолов Раҷабалӣ Ҳалимович. Ин бино қарор дорад дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров,гузаргоҳи №3.

Дар инҷо ҷабрдидаҳо ҷамъ омадаанд. Нафарони зиёди  ба қавле тағадор даромада дар ин бинои навсохт таъмир карда зиндагӣ доранд, вале инҳое, ки мебинед, дар кӯча мондаанд.

Дӯст он бошад  ки гирад дасти дӯст

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Ҳозир мо дармонда ҳастем ва аз Президенти муҳтарам ва аз Рустами Эмомалӣ, аз тамоми тоҷикони рӯи олам хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунанд.

Ман соли 2016 ҳамин сӯмро пурра супоридам, 100% супоридам. Ин сумро ман чихел ҷамъ кардам? Як истгоҳ ман пиёда омадам, як истгоҳ ба мошин шиштам,ки то як як сомонӣ ман ҷамъ шавад барои хона. Ман мардума медидам дар ресторанҳо менишастанд, ман ресторан намешиштам, бо ними нон қаноат карда, ҳамин сӯмро ҷамъ кардам. Вале ширкати “Эҳё”, роҳбараш Сафолов як ҳуҷраро бар 2-3 нафар ҳуҷҷати қалбакӣ кардан фурӯхтанд.

Ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин мушкилро ҳал кунед. Мо дар ин ҷо ҷамъ омадаем. Ин тирезаҳое , ки нав часпондаанд,  онҳое ҳастанд, ки бо тағабозӣ соҳиби хона шуданд, вале ба ҳама хона нарасид. Ман бо ду фарзандам иҷора мешинам.

Бо азоб пул ҷамъ кардем, ки соҳиби хона шавем, вале қурбони қаллобон шудем. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки як бора фаъолиятҳои ширкати “Эҳё” ва раисаш Раҷабалӣ Сафоловро саросар тафтиш кунед. Баъзе одамон дар Русия азоб кашида, бо мардикорӣ пули хона ҷамх карданд, баъзеҳо дар шикамашон нахӯрда, пули хона ҷамъ карданд, баъзеҳо солҳо иҷора нишаста, нав орзу доштанд, ки дар хонаи нав бурёкӯбон кунанд, вале ҳайҳот!

Хеле хоҳиш дорем, аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, ки ҳамин масъаларо зери назорати худ бигиранд. О ин чӣ хел мешавад, ки ширкати хонасоз 36 хонаи сохтагиашро ба 150 нафар ҳуҷҷат карда мефурӯшад?

Даҳҳо нафаре, ки барои хонаҳои нав ба ширкати “Эҳё” пул додаанд, чанд сол боз наметавонанд, соҳиби хона шаванд. Раҷабалӣ Сафолов ва писари ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карда, ба зидди онҳо парванда ҳам кушодаанд, вале касе намедонад, ки мушкили аслии мардуми фиребхӯрда – соҳиб шудан ба хонаҳои барояшон ваъдашударо чӣ гуна ҳал кунанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button